Ворид шудани Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО рӯйдоди муҳим ва таҷассумгари уҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувор ва ҳифзи гуногунии биологӣ аст. Ин дастовард, аз як ҷониб, боиси афзудани ифтихори миллӣ ва, аз тарафи дигар, боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 27-уми сентябри соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи худ аз шомил шудани Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳониии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО хабар дод. Ин иқдом дар пайи дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ворид намудани Резервати биосферии «Ромит» ба Феҳристи Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО, ки дар мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист 17-уми сентябр садо дода буд, роҳандозӣ шуд.
ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНӢ ВА ИҚДОМҲОИ МУҲИМИ ЭКОЛОГӢ
«Ромит» ганҷинаи беназири табиати Тоҷикистон аст, ки олами набототу ҳайвоноти он нодиру камёб мебошад. Ин минтақа, ки дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир шудааст, бо иқлими муътадил, манзараҳои зебои кӯҳӣ ва ҷангалҳои сершумораш машҳур аст. Ҷангалҳои Ромит, ки аз дарахтони гуногун иборатанд, на танҳо манбаи боду ҳавои тоза, балки макони зисти ҳайвоноти нодир мебошад. Ин олами ҳайвоноту наботот, ки бо гуногунии худ тафовут дорад, Ромитро ба як маркази муҳими экологию биологӣ табдил додааст.
Ворид гардидани «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО роҳро барои ҷалби маблағҳои иловагӣ ҷиҳати ҳифзи он боз мекунад. Ҳамзамон, ин иқдом имкон медиҳад, ки таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар самти нигоҳдории муҳити зист дар Тоҷикистон тавсеа ёбад.
Ҳамин тариқ, мақоми резервати ЮНЕСКО барои Резервати биосферии «Ромит» дурнамои васеъро ҷиҳати рушди экологӣ ва сайёҳӣ мекушояд, ки дар ҳифзи захираҳои табиӣ ва рушди устувори минтақа саҳм мегузорад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»