Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши рушди кишоварзӣ таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ ва нигоҳдории гуногунии биологии зироатҳо мебошад. Дар ин самт нақши деҳқонон, махсусан занони деҳот, калидӣ шинохта мешавад.
Муҳаббат Маҳмадалиева, номзади илмҳои биология ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Зан ва замин”, бар ин назар аст, ки дар шароити кунунӣ ташкили бонкҳои тухмии ҷамоавӣ яке аз роҳҳои муассири ҳифзи навъҳои маҳаллӣ ва таъмини дастрасии деҳқонон ба тухмии босифат ба шумор меравад.
Бонкҳои тухмӣ ин маконҳои маҳаллии нигоҳдорӣ ва мубодилаи тухмиҳои анъанавӣ мебошанд, ки, асосан, таҳти идораи худи аъзои ҷомеа, бахусус гурӯҳҳои занон, қарор доранд. Бонкҳои тухмӣ ё захирагоҳҳои тухмиҳои маҳаллии зироатҳои кишоварзӣ, пеш аз ҳама, аз тарафи сокинони ин ё он деҳа, ҷаомати деҳот ва ноҳияҳои кишварамон таъсис дода мешаванд. Дар чунин бонкҳои тухмӣ бештар тухмии зироатҳои кишоварзӣ, ки дар ин ё он маҳал киштукор мешаванд, ҷамъоварӣ ва барои афзоиш додани онҳо дар оянда захира мегарданд. Бонкҳои маҳаллӣ, инчунин, аз намунаҳои арзишноки тухмиҳои бурунмарзӣ низ ғанӣ карда мешаванд.
Тибқи таҳлили мутахассисон, чунин бонкҳо вобастагии деҳқононро аз ширкатҳои бузурги тухмипарварӣ коҳиш дода, ба рушди навъҳое, ки мутобиқи иқлим ва шароити маҳаллӣ мебошанд, мусоидат мекунанд. Дар ин росто, ташкилоти ҷамъиятии “Зан ва замин” иқдоми созандаеро роҳандозӣ намудааст, ки эҳё ва афзоиши тухмиҳои маҳаллии сабзавот, ғалладона ва дигар зироатҳо тавассути таъсиси бонкҳои тухмӣ мебошад. Ин амал бо ҷалби олимон, мутахассисон ва деҳқонзанон роҳандозӣ шуда, ҷамъоварӣ ва зиёд намудани тухмиҳои маҳаллӣ, таъсиси гурӯҳҳои занони тухмипарвар, барқарорсозии навъҳои нодири маҳаллӣ, табодули таҷриба байни деҳқонон ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар мавриди аҳамияти гуногунии биологиро фаро мегирад.
Муҳаббат Маҳмадалиева таъкид кард: “Ҳифзи табиат, анъана ва таъмини амнияти озуқаворӣ бе иштироки фаъоли ҷомеа, бахусус занон, ғайриимкон аст. Бо назардошти ин, ба наздикӣ дар ноҳияҳои Рӯшон (водии Бартанг) ва Ишкошим оид ба рушди тухмипарварии маҳаллӣ ва таъсис додани бонкҳои тухмии ҷомеавӣ байни деҳқонон табодули таҷриба баргузор намудем. Ҳадафи аслӣ тақвият бахшидан ба рушди соҳаи тухмипарварии маҳаллӣ, таъсиси бонкҳои тухмии ҷомеавӣ ва муҳайё намудани платформаи муассир барои мубодилаи дониш, малака ва таҷрибаҳои муфид байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Дар ҷараёни сафари омӯзишӣ иштирокдорон аз хоҷагиҳои намунавии маҳаллӣ боздид ба амал оварда, бо равандҳои интихоби тухмии зироатҳои маҳаллӣ, захира ва нигоҳдории онҳо, инчунин, бо таҷрибаи идоракунии бонкҳои тухмии ҷомеавӣ шинос гардиданд”.
Тавре мутахассисон мегӯянд, дар шароити имрӯза, ки хатари аз байн рафтани гуногунии зироатҳо зиёд шудааст, рушди бонкҳои тухмии ҷамоавӣ аҳамияти стратегӣ касб мекунад. Онҳо ҳамчун василаи муҳими ҳифзи навъҳои анъанавӣ хизмат менамоянд.
Ҷалби занон ва истифодаи донишҳои маҳаллӣ дар ин раванд ба рушди иҷтимоии деҳот низ мусоидат хоҳад кард.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”