Баргашт Чоп кардан

СУҒД. НОРАСОИИ ТАБИБОН АЗ МУШКИЛОТИ РӮЗ БОҚӢ МЕМОНАД...


Соҳибистиқлолии мамлакат дари имкониятҳоро ба соҳибкорони ватанӣ барои фаъолияти бомарому босамар зери фазои осудаву ором боз намуд. Мардум ҳар субҳ бо дили пуру хотири ҷамъ, мамнун аз пешаи интихобнамуда ва ҳастии ҳампешагони қадрдону дилошно сӯйи коргоҳи хеш мешитобанд.

Ҳамасола бо дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар гӯшаю канори мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд, коргоҳҳои хурду калон ва марказҳои ҳунар сохта, маврида истифода қарор мегиранд, ки ин раванд боиси қаноатмандии аҳли ҷомеа мебошад.
Зимни сафари навбатии хеш низ Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар баробари дигар иншооти ҳаётан муҳим чандин биноҳои соҳаи тандурустиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ифтитоҳи беморхонаи минтақавии деҳаи Лоиқ Шералӣ, филиали Муассисаи давлатии “Маркази стоматологии шаҳри Панҷакент”, се маркази саломатӣ дар деҳаҳои Равот, Кӯҳдоман, Шӯрнова, маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯст дар деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич, беморхонаи минтақавии № 6 дар деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ далели ин гуфтаҳоянд.
Бо вуҷуди тадбирҳои амалишуда, мутаассифона, дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят муаммои норасоии кадр ҳанӯз ҳам яке аз мушкилии рӯз маҳсуб ёфта, боиси нигаронии масъулин ва аҳолии шаҳру навоҳӣ гардидааст. Барои тақвияти фикри боло метавонем якчанд муассисаҳои тиббиро мисол орем, ки танқисӣ аз ҳисоби мутахассисон доранд. Масалан, дар шуъбаи эҳёи таваллудхонаи вилоятӣ ва беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан наҷот ва беҳисгар, дар маркази саломатии ноҳиявии ноҳияи Ашт руҳшинос, тарбодшинос, нарколог, дар беморхонаи деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ табиби амрози занона, момодоя ва табиби амрози чашм намерасанд. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Истиқлол ниёз ба 30 нафар мутахассис доранд.
Тибқи маълумот алҳол аз вилояти Суғд 2832 нафар донишҷӯ дар донишгоҳҳои тиббӣ таҳсил дорад. Соли равон 506 сокини вилоят донишгоҳҳои тиббиро хатм намуд.
Бино ба гуфтаи муовини сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев, хатмкунандагони донишгоҳҳои тиббӣ, нахуст, бояд ихтисос интихоб намоянд, сипас, зинаи интернатура ва ординатураро паси сар созанд, баъд бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Ин ҳам бошад, танҳо ба онҳое, ки тариқи буҷавӣ таҳсил намудаанд, метавонанд дар интихоби ҷойи кор дахолат намоянд.
Чанде қабл муовини сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод:
– Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 175 табиб ба кор қабул шуд, ки 112 нафари онҳоро мутахассисони ҷавон ташкил медиҳанд. Дар ин давра 152 нафар аз кор рафт. Воҳидҳои кории 5657,5 табиб банд буда, 416,75 воҳиди кории холӣ мавҷуд аст.
PS: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш аз 28-уми декабри соли 2024 дастур дода буданд, ки ҷиҳати то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пурра бартараф намудани мушкилоту масъалаҳои муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Аз ҷумла, бобати тарбияи кадрҳо, аз байн бурдани мушкилоти норасоии кадрӣ масъулияти масъулинро афзуданд.
Яке аз омилҳои муҳими ҳаллу фасли мушкили норасоии мутахассисон ин ҳавасмандсозии табибони ҷавон мебошад.
Аз ин рӯ, дар маҳалҳо масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ бояд ба мутахассисони ҷавон таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, бо дарёфти имконият ғамхорӣ нисбати эшон, дар мисоли ҷудо намудани қитъаи замин ё хонаи хизматӣ, яке аз самтҳои бартарафсозии мушкилист.
Соҳаи тандурустӣ дар сурате рушд мекунад, ки мутахассисони дорои истеъдод ва дониши қавӣ пайи солимии аҳолии мамлакат камар банданд, зеро боварии мардумро соҳиб шудан тақозо мекунад, ки ба касби интихобнамуда бо дасту дили гарм ва эҳтироми хосса муносибат намуд. Баҳри аз байн бурдани мушкилоти кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ ҳама имкониятҳоро бояд истифода бурд: тарбияи кадрҳо, ҳавасманд ва эътироф намудани онҳо ҳатто дар хурдтарин муваффақиятҳояшон боиси ҳалли ин муаммо хоҳад гашт.

Фарангис МАМАДҶОНОВА, рӯзноманигор