Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ТАТЯНА МОЛЧАН


14-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо хонум Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баррасӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ бо Комиссия ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва рушди устувори иқтисодии кишвар мебошад.
Президенти кишвар илова намуданд, ки ин ҳамкорӣ масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани инфрасохтор, татбиқи ҳадафҳои “Раванди Душанбе оид ба об” ва “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо”-ро дар бар мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назарраси Комиссияро дар мусоидат ба татбиқи иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои истифодаи устувори захираҳои обӣ, содагардонии расмиёти савдо ва рушди "иқтисоди сабз" баланд арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, ҳамкории худро бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои нақлиёт, логистика, сертификатсия, рақамисозии омор ва таҳкими иқтисоди минтақавӣ идома диҳад.
Дар идома нақши Барномаи махсуси Созмони Милал барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва густариши савдои байнидавлатӣ муҳим арзёбӣ шуд.
Масоили марбут ба мубориза бо тағйирёбии иқлим низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буданд.
Дар анҷом омодагии Тоҷикистон барои боз ҳам густариш додани ҳамкории ҳамаҷониба бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо таъкид гардид.