14-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот аз рафти густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ шуда, таъкид гардид, ки бо саъю талоши бештари ҷонибҳо ин раванд дар оянда низ самаранок идома хоҳад ёфт.
Натиҷаҳои боздидҳои расмии роҳбарияти олии Тоҷикистону Эрон, гуфтушунидҳо ва тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда, инчунин, санадҳои нави имзошуда барои рушди минбаъдаи муносибатҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба тавсеаи бештари ҳамкории тиҷоративу иқтисодии дуҷониба таъкид сохта, аз тамоюли рӯ ба афзоиши табодули тиҷоратӣ миёни ду кишвар ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки соли 2024 гардиши мол миёни ду кишвар тақрибан ба 380 миллион доллари ИМА баробар гардид ва изҳори бовар шуд, ки ин рақам дар наздиктарин фурсат ба 500 миллион доллар ва аз он бештар низ хоҳад расид. Дар ин робита, тақвияти кори абзорҳои дуҷонибаи рушди ҳамкорӣ зарур дониста шуд.
Изҳори итминон гашт, ки ҳамкории судманд миёни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ХОЛИД АЛ-ФОЛЕҲРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТАНД
14-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” вазири сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ раванди рушди ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.
Аз фаъолияти Фонди саудии рушд дар Тоҷикистон изҳори қаноат гардид.
Ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ алоқамандии худро иброз доштанд.
Ба ҷоннок кардани фаъолияти василаҳои дуҷонибаи густариши ҳамкорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гашт.
Мусоҳибон ҷалби сармояи саудиро барои амалисозии лоиҳаҳои соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маъданҳо ва энергетика зарур шумурданд.
Роҳандозии хатсайри ҳавоӣ дар масири Душанбе – Ҷидда – Душанбе намунаи хуби ҳамкории кишварҳо номида шуд.
Табодули андеша, ҳамчунин, доир ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.
МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО АҲМАД ИБНИ МУҲАММАД АС-САЙИД
14-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” бо вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид вохӯрданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносибатҳо миёни Тоҷикистону Қатар изҳори қаноат намуданд. Ба амалишавии 42 санади ҳамкорӣ, ки соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро мегиранд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Аз тавсеаи ҳамкории амалии доираҳои соҳибкории ду ҷониб хуш истиқбол шуд.
Ҷонибҳо ҷалби маблағҳои грантиву қарзҳои имтиёзноки фондҳо ва муассисаҳои молиявии Қатарро барои татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти милливу минтақавӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика, ба мақсад мувофиқ донистанд.
Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои рушди ҳамкории дуҷониба ва таъсиси Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни ду кишвари дӯст аз мавзуоти муҳими суҳбат буд.
Мусоҳибон ба масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ, низ таваҷҷуҳ карданд.
Барои роҳандозӣ ва омӯзиши таҷрибаи Қатар оид ба низоми бонкдории исломӣ изҳори омодагӣ шуд. Ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.