Баргашт Чоп кардан

Мулоқоти Сарвазир бо Холид ал-Фолеҳ


“Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» бо вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид ал-Фолеҳ вохӯрд”, – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни вохӯрӣ масоили вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ин замина, тақвияти муносибатҳо барои таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолию логистикӣ зарур шумурда шуд.


Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси минтақавии сатҳи баланд
Муовини Сарвазир, раиси Комиссияи назди Ҳукумат оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Конфронси сатҳи баланд вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, ки дар шаҳри Бухарест баргузор гашт, иштирок намуд.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», Дилрабо Мансурӣ ислоҳоти калидиеро, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳифзи кӯдакон ба роҳ мондааст, муаррифӣ намуд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон тавассути ислоҳоти ҳамаҷониба вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар пешбурди ҳуқуқи кӯдак ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.


Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи минтақавии парламентӣ
Ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон дар муколамаи дуюми минтақавии парламентӣ оид ба иқтисодиёти давравӣ ва истеъмолу истеҳсоли устувор, ки аз ҷониби барномаи "SWITCH-Asia"-и Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Алмато баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Хабарнигори парлумонии «Ҷумҳурият» иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи асосии муколама таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва иштироки вакилони парламент дар пешбурди асосҳои иқтисодиёти давравӣ мебошад.


«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Имзо шудани 52 санад ба маблағи беш аз 4 миллиард доллар
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест–2025», дар маҷмуъ, 52 созишнома ва санади ҳамкорӣ ба маблағи 4,1 миллиард доллари ИМА ба имзо расид.
Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Форум раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ба хабарнигорони дохилию хориҷӣ хабар дод.
Бино ба гуфтаи С. Раҳимзода, аз шумораи умумии созишномаҳо 17-тоаш ба шаҳри Душанбе рост меояд, ки маблағи онҳо 501 миллион долларро ташкил медиҳад.


Тақвияти ҳамкориҳо бо UNECE дар соҳаи инноватсия ва иқтисоди рақамӣ
Ҷанбаҳои асосии рушди ҳамкорӣ дар самтҳои инноватсия ва иқтисоди рақамӣ дар мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Файзуллозода бо котиби Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо, ҳамзамон, рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи «технологияҳои сабз» барои рушди устуворро баррасӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон омода аст бо UNECE дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва таҳияи сиёсати инноватсионӣ ҳамкорӣ намояд.


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар
«15-уми октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазири давлатии савдои хориҷии Қатар Аҳмад бин Муҳаммад ас-Сайид ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор гардид», – иттилоъ додааст АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ муҳокима гардиданд.


Густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим
Дарёфти роҳҳои нави густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим ва истифодаи самараноки имконияту зарфияти мавҷудаи илмию таълимӣ 14-уми октябр зимни вохӯрии раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ ва намояндагони Бунёди аврупоии маориф (ETF) баррасӣ гашт.
Дар Кумита ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрӣ доир ба фаъолияти Кумита ва муассисаҳои тобеи он маълумоти мушаххас дода шуда, аз сатҳи ҳамкории муштарак бо Бунёди аврупоии маориф изҳори қаноатмандӣ гардид.