Баргашт Чоп кардан

ХАТЛОН. ҚАРИБ 212 000 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

Имсол пахтакорони заҳматкаши вилояти Хатлон мақсад доранд, ки ба хирмани Ватан беш аз 254 ҳазору 300 тонна пахтаи аълосифат супоранд. Ба иттилои масъулон, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи чиниши пахта дар авҷ буда, дастранҷи ҳаррӯзаи онҳо бештар аз 3165,9 тоннаро ташкил медиҳад.


Тавре Рустамшо Ҷаҳонгир, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, ба воситаи телефон ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” иброз дошт, тибқи маълумоти сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пахтакорони заҳматкаши вилоят аз аввали мавсим то 14-уми октябри соли равон 211819,6 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Ин нишондод 83,30 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад.

Шоёни таҳсин аст, ки дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят шаҳру ноҳияҳои Левакант, Бохтар, Дӯстӣ, Ёвон, Данғара ва Вахш аз иҷрои уҳдадорӣ бо сарбаландӣ баромаданд.


Интизор меравад, ки ояндаи наздик ноҳияҳои Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷайҳун аз иҷрои дурнамои пахта хабар диҳанд.

Ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон аст ва то анҷоми мавсими пахтачинӣ қариб 42 ҳазор тонна пахта чида хоҳад шуд. Хоҷагиҳои пахтакори вилоят азм доранд аз ин рӯзҳои офтобӣ пурсамар истифода бурда, то кӯраки охирин ин дурри гаронбаҳои саноатиро беталаф чинанд.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»