Баргашт Чоп кардан

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ ТОЗАИ БУНЁДКОРИҲО

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаи мукаммали чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ менамояд.

Тавре Маъмури Юсуфзод, сардори дафтари матбуоти дастгоҳи раиси шаҳр, ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” иброз дошт, ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни миллӣ корҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома дошта, тибқи нақша бунёди 950 иншооти муҳиму ҳаётан зарурӣ пешбинӣ гардидааст. Аллакай, то имрӯз 1015 иншооти гуногуни ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар ин замина беш аз 4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфт. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо то моҳи сентябри соли 2026 иловатан боз сохтмони зиёда аз 250 иншооти ҷашнӣ дар назар аст, ки аз нияти нек ва саъйи беандозаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Ба маълумоти ӯ, ҳоло бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда корҳои сохтмону таҷдид дар як қатор иншоот, аз ҷумла бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноат, суди вилоятӣ, Маркази зеҳни сунъӣ, биноҳои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилоятӣ, Маркази саратоншиносии вилоятӣ, бинои инноватсионии назди беморхонаи клиникии шаҳрии №1 ва дигар иншоот бо ҷӯшу хурӯш идома доранд.
Мардуми шарифи Хуҷанд бо руҳияи баланди ватандорӣ ба истиқболи ин Ҷашни миллӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Ин ҳама тадбирҳо, бешубҳа, ифодагари садоқат ба арзишҳои истиқлолият, бозгӯи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандон дар бунёди Тоҷикистони пешрафта мебошад.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”