Баргашт Чоп кардан

ХОНАИ СУННАТИИ ТОҶИКОНИ БАДАХШОН НИШОНЕ АЗ САНЪАТИ МЕЪМОРИИ НИЁГОН


Эҳё, ҳифз ва муаррифии фарҳанги куҳанбунёди миллати тоҷик яке аз самтҳои муҳими сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар ба ҳисоб меравад. Бо ибтикору дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр унсурҳои фарҳанги моддӣ ва маънавии тоҷикон умри дубора дида, дар дохил ва хориҷи кишвар мақому манзалати хос пайдо намуданд ва аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардиданд. Илова бар ин, бархе аз ин унсурҳо, расман, ҳамчун бахши мероси фарҳангии башарият эътироф шудаанд, аз қабили Иди Наврӯз, мусиқии Фалак, Шашмақом, рубоб, куртаи чакан, оши палав ва як қатор ҷойҳои таърихӣ ва табиии кишварро метавон номбар кард, ки дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО сабти ном шудаанд. Дар ин росто, боз дигар унсурҳои фарҳангӣ, ки аз қадимулайём инҷониб баёнгари арзишҳои миллии тоҷикон мебошад, ба ҳифз ва муаррифӣ ниёз доранд. Дар ин мақола сухан дар бораи санъати меъмории ниёгон, бахусус хонаи суннатии тоҷикони кӯҳистони Бадахшон, меравад, ки ҳамчун «хонаи помирӣ» ҳам маъмул аст. 
Дар манотиқи кӯҳистони Помир ва Ҳиндукуш то ба ҳанӯз хонаҳое боқӣ мондаанд, ки дар аҳди қадим намунаи аслӣ ё прототипи онҳо дар миёни мардуми ориёӣ хеле густурда буд. Ин нуктаро баъдтар муфассал баён хоҳем кард, аммо дар ибтидо бояд гуфт, ки имрӯз чунин иқоматгоҳи суннатӣ дар забонҳои маҳаллӣ номҳои гуногун доранд, аз қабили «хона» (тоҷикӣ-порсӣ), «хун» (вахонӣ ва ишкошимӣ), «чид» (шуғнонӣ) ва «чуд» (рӯшонӣ). Дар қарни XX ибораи нав ба истилоҳ «хонаи помирӣ» («памирский дом», «Pamiri house») рӯйи кор омад, ки онро ҳам муҳаққиқон ва ҳам мардуми одӣ, маҷмуан, дар нисбати хонаҳои суннатии мардуми Бадахшон истифода мебаранд. Чунин хонаҳо боз дар вилояти Гилгит-Балтисонии Покистон, Бадахшони Афғонистон ва мавзеи Сарикӯли вилояти Шинҷони Чин низ мавриди истифода қарор доранд. Хонаи помирӣ, аслан, аз масолеҳи маҳаллӣ: сангу хоку чӯб дар тавозун бо унсурҳои табиӣ ва равобити ногусастании инсон бо муҳити атроф сохта шуда, чандкора ё бисёрфунксионалӣ мебошад. Он на танҳо ҷойи зист, балки боз ҳамчун макони ҷамъомадҳои иҷтимоӣ, маросими тӯю азо ва ибодату маърифат ба ҳисоб меравад.

САЙРИ ТАЪРИХ

Пайдоишу рушди хонаи суннатии мардуми Бадахшон дар баробари омилҳои табиӣ, яъне тобовар будан ба гармиву сардӣ, боришот ва ҳодисаҳои фавқулода, аз қабили обхезӣ ва заминҷунбӣ, боз ҷанбаҳои таърихию фарҳангӣ низ дорад. Баъзе муҳаққиқони русу тоҷик, аз ҷумла Стеблин-Каменский ва Мамадназаров, бар онанд, ки ангораи хонаи помирӣ дар тарҳи меъмории ориёни қадим реша дорад ва прототипҳои он дар асрҳои I-IV-и милодӣ дар аҳди Сосониён дар шаҳрҳои Нисо (Туркманистон), Панҷакенти бостонӣ (Тоҷикистон) ва Язд (Эрон) вуҷуд доштанд ва онҳоро, дар маҷмуъ, «хонаи паҳлавӣ» мегуфтанд.


Панҷакенти бостонӣ. Акс аз китоби Муқимов.
П. С, Мамадҷонова. С. М. (1990, саҳ. 40)
Шабеҳи хонаи помириро боз метавон дар вилояти Сиваси Туркия, Гурҷистон («дарбози»), Арманистон («тун»), Қарабоғи Кӯҳӣ («карадам»), Осетияи Ҷанубӣ («эрдояни сахли») ва дигар манотиқи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ мушоҳида намуд. Дар бахши «Вандидод»-и Авасто ривояте аст, ки шоҳ Ҷамшеди Пешдодиён бо амри Аҳуромаздо «вар» (хона)-е месозад, ки он баъдтар ҳамчун «Варҷамкат», яъне хонаи Ҷамшед маъруф гашт. Бешак, нишонаҳои кеши зардуштӣ, аз ҷумла оташпарастӣ, дар Бадахшони қадим низ ҷой доштанд ва мисоли беҳтарини онҳо муқаддас донистани оташ аст, ки дар маркази хонаи суннатӣ – дар чалаку дегдон – доим фурӯзон буд.

РАМЗГАРОӢ

Сохтори меъмории хонаи помирӣ аз мероси фарҳангии адёни пеш аз исломӣ, бахусус зардуштӣ ва митроизм, сарчашма гирифта, дар аҳди ислом бо мафҳуму маонии нав мукаммал гашт. Ҳар як бахши он рамзест аз фалсафаи ниёгон ва фарҳанги моддию маънавии мардуми кӯҳистон, ки ҳамеша дар ҳамоҳангӣ бо табиати атроф зиндагӣ мекарданд. Манзили суннатӣ, аслан, аз се қисм иборат аст: 1. Хонаи асосӣ («хун», «чид», «чуд»); 2. Долон («дализ», «дрго»); 3. Пешвоз.


Хонаи асосӣ дорои се дукон («раж», «нех»), пойга, чалак ва дегдон («длдунг», «кицор») буда, панҷ сутун («истин», «стан»)-и даруни хона сақфи чӯбии онро нигоҳ медоранд, ки аз ду тирчӯби амудӣ («тир», «вас», «вус»), тирчӯбҳои мутавозин («дастак», «сипихч») ва чорхона бо равзан («рицн», «рудз») иборат аст. Сутунҳо дар болои се поячӯб («санҷ»), ки дар рафаки дуконҳо ба тарзи уфуқӣ хобанд, қарор доранд. Дар фаҳмиши мардумӣ дуконҳо рамзи се олами табииро ифода мекунанд: наботот, ҳайвонот ва маъданҳо. Ҳар яки онҳо дар забонҳои маҳаллӣ номҳо ва мақоми ба худ хосро доранд, аз қабили дукони калон ё сартакя («луп раж», «дарознех»), дукони поён («паст раж», «барнех») ва шаҳшин – ҷойи нишасти шаҳ ва арус – ё дукони гирд («пут раж», «нехак»). Пойга, ки ҷойи истод ва рақс (дар тӯйҳо) аст, рамзи Замин ва чалаку дегдон (ҷойи тайёр намудани хӯрок) мафҳуми оташу нурро ифода мекунанд.
Қобили зикр аст, ки сохтори хонаи помирӣ боиси пайдоиши як тамоюли нав дар санъати меъмории Бадахшон ва берун аз он гаштааст. Солҳои 90-уми асри XX сабки хонаи помириро бори нахуст дар эъмори осорхонаҳои навбунёд истифода бурданд, ки он бахше аз раванди эҳёи фарҳанг, адабиёт, расму анъана ва забони тоҷикӣ баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон буд. Масалан, соли 1994 дар деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим осорхонаи Мубораки Вахонӣ бунёд шуд, ки тамоми унсурҳои хонаи суннатиро дар ҳамоҳангӣ бо истифода аз услуби меъмории ниёгон, аз қабили кандакорӣ, хаттотӣ ва сабкҳои ҳандасӣ ва тарҳи гулдор, дар бар мегирад.
Хуллас, хонаҳои қадимаи ориёӣ, ки асли хешро аз «Варҷамкат»-и Ҷамшед мегиранд ва замоне дар саросари Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Шарқи Наздик маъмул буданд, имрӯз танҳо дар Бадахшон ва баъзе манотиқи шимоли Покистон, ки он ҷо тоҷикон иқомат доранд, боқӣ мондаанд ва мардум ҳанӯз ҳам дар онҳо зиндагӣ мекунанд. Аммо аз эҳтимол дур нест, ки дар ояндаи наздик омилҳои ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технология ва сабкҳои нави меъморӣ мавҷудияти хонаи суннатии помириро зери хатар гузоранд. Ба рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳонӣ шомил кардани хонаи помирӣ метавонад яке аз роҳҳои пешгирӣ аз чунин хатар бошад.

Абдулмуҳаммад ҲИЛОЛӢ,
директори Барномаи инсоншиносии Мактаби олии рушди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, доктори илмҳои фалсафа, муаррих ва ховаршинос