Баргашт Чоп кардан

ВАТАНРО ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!


Имрӯзҳо мардуми сарбаланди Тоҷикистон баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо заҳмат мекашанд, то ки ба ин ҷашни миллӣ барги сабзе омода созанд. Мо – сокинони ноҳияи баландкӯҳи Шамсиддин Шоҳин, дар се соли омодагӣ ба ин рӯзи фирӯз мактаб, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, мағозаҳо, иншооти хурди хизматрасонии зиёде бунёд кардем; роҳҳои аҳамияти ноҳиявию маҳаллиро асфалтпӯшу сангфарш намудем.

Метавон бо сарбаландӣ иброз дошт, нақшаи ҷашнии худро, ки аз 216 банд иборат аст, дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба сомон мерасонем. Бо бунёди корхонаву коргоҳҳо, хонаҳои баландошёнаи замонавӣ ва ба истифода додани майдонҳои Парчаму Нишони давлатӣ симои маркази ноҳия хеле назаррабо шудааст. Дигаргуниҳои ҷиддӣ дар деҳоти Чагам, Даштиҷум, Саричашма, Ёл, Шурообод низ ба чашм мерасанд. Махсусан, комёбиҳои мардум дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла чорвопарварӣ, боғу токдорӣ, ғаллаву картошкаю сабзавоткорӣ боиси зикри хос аст.
Ман ба синни 84 расидаам. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида истодаам, ки рӯз ба рӯз деҳаҳои кӯҳистон тараққӣ мекунанд. Ҷавонон бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Ман як воқеаро ин ҷо мехоҳам ёдовар шавам. Соли 2017 муҳтарам Пешвои миллат ба ноҳияи мо меҳмон шуданд. Баъди дидани намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ гуфтанд: «Мардуми заҳматдӯсти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар рӯёндани меваю сабзавот, ғаллаву картошка ва дигар зироатҳо таҷрибадоранд, рустаниҳояшон бороваранд, зеро навъу намудҳои беҳтаринро мепарваранд ва аз дастурҳои илмӣ истифода мебаранд. Устоди ман дар соҳаи рустанипарварӣ Нуриддин Маҳмудов аз ҳамин ноҳияи шумо буд, аз ин рӯ, ман ин макони шахсиятҳои барӯмандро дӯст медорам. Мактаби таҷрибаи онҳо дар кишвар шинохта аст. Вай ба мо тарзи дурусти корбариро меомӯхт. Ба шарофати омӯхтани мактаби таҷрибаи ӯ ғаллакорони мо пайваста ҳосили хуб мерӯёнданд».
Ман солҳои зиёд омӯзгор будам, 20 сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 27 ва 30-юм директор будам, Аълочии маориф мебошам, пайваста ба шогирдон ва аҳолии деҳаҳои Чагами Нав, Чагами Боло, Чагами Миёна ва Чагами Поён иброз медорам, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ, сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ ва рӯзгори осуда бирасанд. Дониш, касбу ҳунар андӯзанд, дар пешрафти кишвар саҳм гузоранд, дар бунёди иншоот, корхонаву коргоҳҳо, роҳсозӣ ширкат варзанд ва Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо музаффариятҳои шоистаи меҳнатӣ пешвоз гиранд, зеро мо барои худ месозем, меофарем, мерӯёнем.

Сафаралӣ НАЗАРОВ, собиқадори маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин