Дар машварати васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд. Муовини раиси вилоят Мусо Мирзозода иттилоъ дод, ки маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар вилоят дар 9 моҳи соли равон ба 1 миллиарду 517,5 миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоизро ташкил медиҳад. Дар заминаи рушди соҳаҳои иқтисодии вилоят музди миёнаи меҳнати кормандон афзуда, 2333,7 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 302,5 сомонӣ зиёд мебошад.
Муовини раиси вилоят бо хушнудӣ зикр кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ 232,1 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, соли равон дар ҳудуди вилоят сохтмон ва ба истифода додани 55 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо таъмини 938 ҷойи нави кор ба нақша гирифта шуда, то ба ҳол, аллакай, 50 корхона ва коргоҳ бо таъсиси 250 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор гирифтанд.
Зикр шуд, ки имсол дар майдони 10340,6 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шуда, дар 91,5 гектар заминҳои бекорхобида боғҳои нав бунёд гардиданд. Истифодаи самараноки заминҳо ба он мусоидат намуд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 625,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 45,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ таъмир ва сохтмони 51 иншоот, аз ҷумла 21 бинои муассисаи таълимӣ ва 30 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо ҷалби маблағи умумии зиёда аз 89 миллион сомонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ идома ёфт.
– Дар соҳаи тандурустӣ, – гуфт муовини раиси вилоят, – пешравиҳои назаррас даст доданд. Дар ин давра сохтмони 9 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ КАТС ва таъмири 10 муассисаи дигар ба итмом расида, сохтмони 5 ва таъмири 2 муассисаи КАТС идома дорад.
Оид ба соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш зикр шуд, ки дар ин муддат барои рушди соҳа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша 22 майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд. Варзишгарони вилоят дар 6 мусобиқаи байналмилалӣ, 20 мусобиқа ва чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори 223 медал гардиданд, ки аз ин 66 медали тилло, 75 нуқра ва 82 биринҷӣ мебошад.
Дар ин муддат 41614 сайёҳ ба вилоят ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 баробар зиёд мебошад. Даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар идомаи машварат сардорони идораю муассисаҳои дахлдори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ вобаста ба фаъолияти нуҳмоҳа ва камбудиҳои ҷойдошта ҳисобот манзур намуданд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоиро дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ қонеъкунанда арзёбӣ намуда, зикр кард, ки омили асосии комёбиҳои мо дастгирӣ ва мусоидатҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастуру ҳидоятҳои мушфиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтанд, ба шумор меравад. Мавриди зикр аст, ки аксарияти дастуру ҳидоятҳои Пешвои бунёдкори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо масъулони МИҲД ва фаъолони вилоят ҳанӯз моҳи октябри соли 2024 ироа гардида буданд, иҷро шуданд.
Аз ҷумла, дар ин муддат зиёда аз 250 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар ин муддат 75 гармхона бо масоҳати зиёда аз 1 га сохта шуда, дар майдони 120 га боғҳои нав бунёд гардиданд. Аз ҷумла, чормағзи ҳамелӣ дар майдони 2 га шинонда шуд. Ҳамчунин, 47,4 тонна асал истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли гузашта 10 тонна зиёд мебошад.
Раиси вилоят ба масъулони дахлдор ҷиҳати кам кардани бақияи қарзи андоз, дарёфти манбаъҳои нави андозсупоранда, таҳияи лоиҳаҳо дар самти хизматрасонӣ, ворид намудани сармоя ба иқтисоди вилоят, оқилона истифода бурдани заминҳои кораму наздиҳавлигӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан меваю сабзавот, асал, моҳӣ ва паранда, зиёд кардани теъдоди сардхонаву дигар иншооти нигоҳубини маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар фасли зимистон, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, сохтмони паркҳои саноатӣ, афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, танзими ҳамлу нақли мусофирон, сохтмони иншооти таъиноти гуногун дар ҳар як деҳа, маҳалла, ҷамоату шаҳрак то 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастурҳои мушаххас дод.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”