Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод, ки ҷарроҳони шуъбаи ҷарроҳии асаби Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аввалин маротиба амали ҷарроҳии гирифтани омоси чуқури қисми мобайнии мағзи сарро бомуваффақият анҷом доданд.
Амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз микроскопи муосир, ки иқтидори тағйир додани кунҷҳои биноӣ, дақиқият ва дигар параметрҳоро дорад, гузаронда шуд.
Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар соҳаи тибби мамлакат бори дигар аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи тандурустӣ дарак медиҳад. Бо дастрас гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла микроскоп, минбаъд низ муосиртарин усулҳои нави ҷарроҳӣ аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар сатҳи баланд анҷом хоҳанд ёфт.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"