Баргашт Чоп кардан

ФУТБОЛ


Пирӯзии дуюми Тоҷикистон бар Малдив
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович дар даври чоруми марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, дар гурӯҳи «А», бар тими миллии Малдив пирӯз шуд.
Бозии дастаҳо 14-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Мале доир гашта, бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев муаллифи дубл шуда, як голи дигарро Манучеҳр Сафаров зад. Дарвоқеъ, нимҳимоятгари дастаи «Регар-ТадАЗ» Шервонӣ Мабатшоев беҳтарин бозигари тими миллии Тоҷикистон дониста шуд.
Горан Стеванович бо натиҷагирӣ аз бозӣ муқобили тими Малдив чунин ибрози назар кард: «Тавре ки мо интизор будем, бозии дуюм бо Малдив душвортар шуд. Бо вуҷуди пирӯзӣ бо ҳисоби калон, сифати майдон ва ҳавои нам душворӣ ба миён оварданд. Илова бар ин, мо натавонистем ба чанд бозигар, бо далели ҷароҳат ва маҳрумиятҳо, умед бандем. Ба ин нигоҳ накарда, ман аз бозии футболбозони даста қаноатмандам. Барои омодагӣ вақти хеле кам доштем, аммо футболбозон акнун талаботи моро дарк мекунанд. Дар ду рақобат мо панҷ гол задем – дастаро ба ин хотир табрик мекунам”.
Дар бозии дигари гурӯҳ Филиппин бар Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.
Мунтахаби Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» 18-уми ноябр дар меҳмонӣ бо Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад. Дидори дастаҳо дар шаҳри Дарвини Австралия баргузор хоҳад шуд.

МУДИРИЯТ
Намояндагони Тоҷикистон шомили ҳайати кумитаҳои FIFA шуданд
Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) дар сомонаи расмии худ эълон кардааст, ки ду намояндаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба ҳайати кумита ва комиссияҳои навшудаи созмон пазируфта шудаанд.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов узви кумитаи варзишгоҳҳо ва бехатарӣ, мутахассиси Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Наталя Сотникова бошад, узви кумитаи рушди техникии FIFA гардиданд.
Ин кумитаҳо чор сол – аз соли 2025 то 2029 фаъолият хоҳанд кард.

БОКС
Чемпионати Тоҷикистон дар Хуҷанд доир мегардад
Аз 18 то 22-юми октябр дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати бокси Тоҷикистон миёни калонсолон доир мешавад.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дар мусобиқа аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон дудастаӣ, инчунин дастаҳои ВМКБ, Суғд ва ШНТМ ширкат мекунанд. Муҳорибаҳо миёни мардон аз рӯйи 13 вазн ва миёни бонувон аз рӯйи 12 вазн сурат мегиранд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”