Соли равон низ буҳрони ҷаҳонии озуқаворӣ идома меёбад, зеро нархҳо то ҳол баланд боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ, созмонҳои байналмилалӣ бори дигар даъват ба амал оварданд, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд, – менависад сомонаи IMF BLOG.
ТОҶИКИСТОНРО БУҲРОН ТАҲДИД НАМЕКУНАД
Дар ҳоле ки соли дуюм аст муноқиша байни ду кишвари бузургтарини содиркунандаи гандум ва дигар зироатҳо давом дорад, бисёре аз кишварҳои осебпазир аз бадтар шудани амнияти ғизоӣ хабар медиҳанд. Кишварҳои осебпазир ва даргири низоъ, ки дар он 1 миллиард нафар зиндагӣ мекунад, зери хатар қарор доранд. Вобаста ба ин, дар изҳороти ахири худ оид ба амнияти озуқаворӣ Фонди байналмилалии асъор зикр кард, ки ҳукуматҳо ва донорҳо бояд дастгирии кишварҳо ва қишри осебпазири ҷомеаро тақвият бахшида, ба рушди тиҷорат ва фаъолияти бозор мусоидат кунанд. Роҳбарони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Фонди байналмилалии асъор, Барномаи ҷаҳонии озуқа ва Созмони ҷаҳонии савдо моҳи феврал дар як изҳороти худ иброз намуданд, ки барои ҷалавгирӣ аз буҳрони тулонӣ, бояд иқдомоти муштарак рӯи даст гирифта шаванд. Ин сеюмин изҳороти муштарки онҳо оид ба буҳрони ғизоӣ аз моҳи июли соли 2022 ба ин сӯ аст.
То кунун кишварҳое чун Гвинея, Ҳаити, Малави ва Украина аз дастгириҳои Фонди байналмилалии асъор баҳра бурданд. Ғайр аз ин, ниҳоди мавриди назар ба нуҳ кишвари осебпазир барои рафъи буҳрон ва норасоии ғизо кумак расондааст.
Дар ҳамин радиф оё ба Тоҷикистон низ буҳрон таҳдид мекунад? Ба ин суол ҳанӯз моҳи феврал Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон посух гуфта буд. Ба андешаи ӯ, соли 2023 буҳрони озуқаворӣ мисли соли гузашта таҳдид намекунад, ки ба чанд омил вобаста аст. Аз ҷумла, воридоти маводи ғизоӣ ба кишвар нисбат ба соли гузашта бештар гардида, тадбирҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмин ва танзими бозори дохилӣ мусоидат намуданд.
ЮНИСЕФ: САЛОМАТИИ ЗАНОН ДАР ХАТАР АСТ
Ба иттилои ЮНИСЕФ, теъдоди занҳои ҳомила ва ширдеҳ дар 12 кишвари осебдида, ки ба норасоии ғизо рӯбарӯянд, аз 5,5 миллион ба 6,9 (ё 25 дарсад) афзоиш ёфтааст. Ба ин рӯйхат Афғонистон, Буркина Фасо, Чад, Эфиопия, Кения, Мали, Нигер, Нигерия, Сомали, Судони Ҷанубӣ, Судон ва Яман шомиланд. Ин кишварҳо маркази буҳрони ҷаҳонии ғизоро ташкил медиҳанд, ки аз хушксолӣ, низоъҳои маҳаллӣ ва ноустувории иҷтимоӣ ба чунин ҳол гирифтор шудаанд. Инчунин, дар Украина ҳам буҳрони ғизо шадидтар гардидааст. Тибқи гузориш, дар ҷаҳон беш аз як миллиард зану духтари наврас аз камғизоӣ (аз ҷумла, камвазнӣ ва қадкӯтоҳӣ), норасоии микроэлементҳои муҳим ва камхунӣ азият мекашанд.
– Буҳрони ҷаҳонии озуқаворӣ миллионҳо модару кӯдакро ба гуруснагӣ ва камғизоӣ гирифтор кардааст. Бе чораандешии фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ, оқибатҳои он метавонад барои чанд насли оянда таъсир расонад. Дар ҷаҳон беш аз 50 миллион кӯдаки то дусола қадпаст аст. Аз ин шумора, тақрибан нисфи онҳо дар батни модар (дар шаш моҳи аввали ҳаёт, ки инкишофи кӯдак комилан аз ғизои модар вобаста аст), қадпаст мешаванд. Барои пешгирии камғизоӣ миёни кӯдакон, мо бояд занону духтарони наврасро бо ғизои солим таъмин намоем, – мегӯяд Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ.
Ҳамин тавр, Осиёи Ҷанубӣ ва кишварҳои африқоии воқеъ дар ҷануби биёбони Сахара ҳамчун маркази эпидемияи ҷаҳонии буҳрони ғизоӣ боқӣ мемонанд. Дар ҷаҳон, аз се ду ҳиссаи занон ва духтарони наврас вобаста ба синну сол камвазнанд. Ҳамчунин, буҳрон дастрасии занонро ба ғизои солим нисбат ба мардон мушкилтар кардааст.
СОЗИШНОМАИ ҒАЛЛА ХУСУСИЯТИ ИҚТИСОДӢ ДОРАД Ё СИЁСӢ?
Моҳи июли соли 2022 созишнома байни Созмони Милали Муттаҳид, Туркия, Россия ва Украина дар бораи эҷоди долонҳои баҳрӣ барои содироти бехатари ғаллаи Украина ба имзо расид, ки барои паст кардани таъсири буҳрон мусоидат намуд. Вале созишнома бештар хусусияти сиёсӣ дорад, на иқтисодӣ. Тибқи маълумотҳо, нисбат ба кишварҳои осебпазир, кишварҳои Аврупо бештар ғаллаи Украинаро дарёфт кардаанд. Шарти созишнома ин аст, ки бояд ба бозорҳои байналмилалии ғалла таъсир расонад, на ба гардиши савдои ғаллаи Украина. Муҳим аст, ки ба бозори байналмилалӣ ворид шавад, зеро агар ин омил, аз як ҷониб, тарсу ҳарос дар дили мардумро камтар кунад, аз тарафи дигар, ба коҳиш ёфтани нархҳо таъсир мерасонад, ки ба нафъи ҳамагон аст.
Барномаи ҷаҳонии озуқа гузориш медиҳад, ки айни замон 382 миллион нафар дар 82 кишвар ба таври ҷиддӣ бо норасоии ғизо мувоҷеҳ аст. Дар пайи ин, тамдиди созишномаи ғалла ба манфиати Россия буда, як роҳи ба даст овардани иттифоқчиёни нав дар Африқо мебошад.
Қобили зикр аст, ки вазири кишоварзии Лаҳистон Ҳенрик Ковалчик моҳи апрел дар пасманзари эътирозҳои оммавии кишоварзон алайҳи интиқоли ғалла аз Украина истеъфо дод. "Ӯ ба далели тасмими Комиссияи Аврупо дар бораи тамдиди беандози воридоти ғалла то моҳи июни соли 2024 аз ин мақом меравад", - хабар додааст Reuters.
Деҳқонони Лаҳистон талаб карданд, ки баррои воридоти ғаллаи Украина боҷ ҷорӣ намоянд, зеро ин раванд боиси коҳишёбии нарх дар чанд кишвари Аврупои Шарқӣ ва афзоиши норизоӣ байни кишоварзон шудааст.
Қаблан сарварони ҳукуматҳои Лаҳистон, Булғористон, Руминия, Словакия ва Маҷористон бо дархости маҳдуд кардани ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ аз Украина ба Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла ғалла, зироатҳои равғанӣ, тухм, гӯшти паранда ва шакар ба Комиссияи Аврупо муроҷиат карда буданд. Илова бар ин, Иттиҳоди Аврупо боҷҳои гумрукӣ ва квотаҳои воридотиро барои осон намудани интиқоли ғаллаи Украина лағв кардааст. Аммо ба далели мушкилоти логистикӣ дар минтақа ғалла дар Аврупо боқӣ монд, ки боиси паст шудани нарх дар бозорҳои маҳаллӣ гашт. Аввали соли ҷорӣ Януш Войсеховский, комиссари Аврупо дар соҳаи кишоварзӣ, дар пайи нишасти вазирони дахлдори кишварҳо гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо гузинаи баргардондани боҷи маҳсулоти кишоварзии Украинаро баррасӣ намекунад.
БАРХУРДИ АБАРҚУДРАТҲО ЧӢ ПАЙОМАД ДОРАД?
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, буҳрони озуқаворӣ проблемаи нав набуда, балки ба як мушкили доимии сайёра табдил ёфтааст. Ба андешаи коршиносон, афзоиши аҳолӣ ва истифодаи аз ҳад зиёди ғалладонагиҳо ҳамчун хӯроки чорво ин вазъро ба миён овард. Бар замми ин, болоравии нархи дигар намуди молҳо ва сӯзишворӣ боиси гаронии маводи озуқаворӣ гардидааст.
Пандемияи COVID-19 ин равандро вусъат бахшида, боиси сар задани буҳрон шуд. Бо вуҷуди он, ки сабаби асосии буҳрон бастани сарҳадҳо ва манъи содироти маводи озуқаворӣ аз тарафи кишварҳо буд, он ба қавле як раванди табиӣ ба назар мерасид. Аммо буҳрон дар Украина, таҳримҳо алайҳи Россия ва бархурди геополитикии абарқудратҳо вазъиятро печидатар намуд. Камчинии маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ба назар намерасад, ҳатто гаронии нархҳо мушкили ҷиддӣ нест. Проблемаи асосӣ ноустувории вазъи сиёсии сайёра ва бархурди абарқудратҳост. Канда шудани занҷираҳои тиҷоратӣ ва логистикӣ боиси сар задани буҳрон ва марги ҳазорон нафар аз гуруснагӣ гашт. Яъне, то авзои сиёсии ҷаҳон беҳтар нашавад, буҳрони озуқаворӣ сол ба сол шадидтар мегардад.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”