Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БО ТУНКУ АЛӢ РИЗОУДДИН ИБНИ ТУАНКУ МУҲРИЗ


14-уми октябр Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҳошияи Форуми сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” бо Валиаҳди Шоҳигарии Нигери-Сембилани Малайзия Тунку Алӣ Ризоуддин ибни Туанку Муҳриз мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ масоили густариши муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо алоқамандии худро ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, истихроҷ ва коркарди маъдан, энергияи барқароршаванда ва сохтмон изҳор доштанд.
Пешниҳод шуд, ки масъалаи таъсиси фонду бонкҳои муштараки сармоягузориву тиҷоратӣ мавриди омӯзиш қарор гирад.
Ҳамзамон, мусоҳибон доир ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маорифу тандурустӣ ва дорусозӣ мубодилаи афкор карданд.

Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»