Баргашт Чоп кардан

ЧЕҲРАНАМОИИ ЗАФАРОБОД АЗ ПАХТА АСТ!


Дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд, ҷамъоварии муташаккилонаи пахта рӯз ба рӯз ҷараёни тоза гирифта, хирмани оростаи кишоварзон бобаракату баландтар мегардад. Ҷиҳати ғунучини саривақтии пахта, баробари саҳмдорон, теъдоди зиёди ҳашарчиён аз корхонаю ташкилот, муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Гулистону Бӯстон, Исфара, Деваштичу Шаҳристон сафарбар мешаванд. Дар умум, ҳар рӯз 60-63 ҳазор нафар ҳосил меғундорад.
То 6-уми октябр дар вилоят 65 ҳазору 843,7 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 50,1 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Зафаробод дар миқёси вилояти Суғд ноҳияест, ки бояд аз ҳама зиёд – 32 ҳазору 455 тонна пахта ҷамъоварӣ намояд. Пахтакорони ноҳия то 6-уми октябр 12 ҳазору 71 тонна хирман оростаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта ду баробар зиёд аст, вале ин танҳо 37,2 дарсади нақшаро ташкил медиҳаду халос.
Чаро солҳои охир дар ҷамъоварии пахта, ки бо мушкилиҳои зиёд, баъзан бо норасоии обу нуриҳои минералӣ, бо арақи ҷабину бедоркашиҳои шабонарӯзӣ рӯёнда мешавад, камбудиҳо ҷой доранд ва ё худи деҳқонон ҳавасманд нестанд?
Барои посух ёфтан ба ин суолҳо ва аз наздик шинос шудан бо ҷараёни ҷамъоварии пахта озими Зафаробод шудам. Муродзода Муқим Мурод, раиси ноҳия, баъд аз пазироии хубу самимӣ суханро аз рафти ҷамъоварии пахта оғоз кард.
– Воқеан ҳам, мавсими имсола бобарор омад, ҳосили фаровон рӯёнда шуд, ки дар ин рӯзҳои мусоиди обу ҳаво бояд беталаф ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард фиристонда шавад, – иброз дошт раиси ноҳия, – аммо теъдоди чинакчиён, сарфи назар аз ҳашарчиёни аз корхонаҳою ташкилотҳои вилоят омада, ҳамоно басанда нест. Таъкид кардан зарур аст, ки то давраи соҳибистиқлолии мамлакат 70-80 дарсади пахта дар ноҳия тавассути мошинҳои пахтачин босуръат ва дар муддати кӯтоҳ ҷамъоварӣ мешуд. Ҳоло баъд аз ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва ташкили зиёди хоҷагиҳои хурду бузурги деҳқонӣ қариб, ки аз техникаи пахтағундор дур шудаанд, аммо раванди ин самти муҳими хоҷагии халқ бештару беҳтар ба истеҳсолот ҷалб намудани мошинҳои пахтачинро тақозо мекунаду собит месозад.
Аз суханҳои раиси ноҳия бармеояд, ки ягона роҳи ҳаллу фасли ин масъала танҳо техника буда метавонад, зеро як мошини пахтачин рӯзе то 25-30 тонна ва аз ин ҳам зиёд ҳосил ғунучин намуда, меҳнати 300-500 нафарро иваз мекунад. Ҳоло бошад, дар ноҳия ҳамагӣ 10 мошини пахтағундор мавҷуд аст, ки аз ин танҳо 4-5 тоаш фаъол ҳасту халос.
– Дар мавсими имсола мо ду мошини пуриқтидори пахтачини сохти амрикоиро дастрас кардем, ки дар ҷамъоварии ҳосил натиҷаи баландро ноил мебошад. Бино ба маълумоти охир, тавассути мошинҳо то имрӯз наздик ба 450 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, ки ин қатраест аз баҳр! Албатта, ду техникаи пахтағундор ин ҳанӯз басанда нест, – мегӯяд Муқим Муродзода, – шояд солҳои баъдӣ ба миқдори зиёд чунин техникаҳо ворид карда шаванду мо аз мадади ҳашарчиён даст кашем, – афзуд раиси ноҳия.
Аз мушоҳидаҳо низ бармеояд, ки худи майдонҳои пахтазор ба таври бояду шояд ба ҷамъоварии мошинии ҳосил омода нестанд, зеро баргрезонии ниҳолҳо амалӣ нашудаанд. Ҳамзамон, дар суҳбат бо нафарони гуногуни соҳа чунин сару садоҳо ҳам ҳаст, ки бинобар паст будани арзиши хариди пахта худи деҳқонон ба парвариши он чандон ҳавасмандӣ зоҳир намекунанд. Феълан як килограмм пахтаи хомро корхонаҳои коркарди ноҳия ба маблағи 5 сомонӣ ва ё 5 сомонию 50 дирам мехаранд, ки ҳаргиз хароҷоти иҷоракорро пӯшонда наметавонад.
– Масалан, ман барои парвариши пахта дар мавсими имсола ба ҳар гектар то 15-17 ҳазор сомонӣ сарф намудам, – иброз медорад деҳқон А., ки аз ифшои номаш худдорӣ мекунад, – барои баровардани харҷи кардаам бо нархи имрӯзаи 5 сомонӣ ва ё 5 сомонию 50 дирам бояд аз ҳар гектар на кам аз 30 сентенр ҳосил гирам, пас фоида кай мешавад? Ҳоло аз чиниши аввал 20-22 сентнер пахта ба даст овардам. Ин тарафи масъала бояд солҳои наздик баррасӣ гардад.
То андозае чунин мавқеъву оҳанги маъюсии теъдоди муайяни деҳқонон аст, ки ҷамъоварии ҳосил кашол меёбаду ҳатто қисме аз саҳмдорон, мушаххасан аз 12,5 ҳазор фақат 9,5 ҳазораш дар саҳро ҳасту халос.
Дар суҳбат сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Зафаробод Раҳимҷон Ашӯрзода иброз дошт, ки ҳоло дар майдони қариб 3 ҳазор гектар чиниши якуми пахта мавҷуд аст ва дар сурати сафарбарии зиёди чинакчиён, тезондани суръати ҷамъоварӣ нақшаро иҷро кардан имконпазир мебошад.
Ҳоло ҷиҳати ҳавасмандии чинакчиён маблағи чиниши пахта худи ҳамон соат, назди тарозу ба 1 килограмм 1 сомонӣ пардохт мешавад.
Имрӯз тамоми қувва ба он равона гаштааст, ки сарфи назар аз баъзе мушкилиҳои мавҷудаи молиявию иқтисодӣ ҳосили фаровони пахта то фарорасии сардиҳою боришот пурра ва бе талаф ҷамъоварӣ шавад.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”