Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар бо иштироки аъзои Шурои ҷамъиятии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор ва шаҳри Роғун баргузор гардид.
Дар он Шуҳрат Азиззода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Нуралӣ Саидов, котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зиннатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистон, раисон ва муовинони раиси шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун иштирок доштанд.
Дар мизи мудаввар ду масъала: “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ” ва “Ҷоннок намудани доираи фаъолияти шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор ва шаҳри Роғун” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мизи мудавварро раиси Шурои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Рашт Раҳимҷон Набизода ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки Шурои ҷамъиятӣ дар баробари се шохаи ҳокимияти давлатӣ, ҳамчун созмони ҷамъиятӣ баҳри пешрафт ва тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар, хусусан минтақаи Рашт, нақши амиқу барҷаста дорад ва дар саргаҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, раиси Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дорад.
Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа афзуд, ки миллати тоҷик хизматҳои барҷастаи Президенти кишварро дар барқарор намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, худшиносии тоҷикон, фаъол кардани тамоми рукнҳои давлатдорӣ, роҳандозии ҳамкориҳо бо давлатҳои хориҷӣ, баланд бардоштани эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ғайра қадр менамояд.
Зиннатулло Исмоилзода иброз намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои ба сари қудрат омадан на танҳо кишвари соҳибистиқлоли моро моҳирона идора карданд ва аз буҳрони иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангӣ наҷот доданд, балки бо роҳбарони бузурги дунё озодона мубодилаи афкор намуда, манфиатҳои халқу Ватани азизамонро ҳимоя намуданд ва ташаббусҳои созандаи ӯ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд.
Инчунин, доир ба масъалаҳои рӯзнома раисон ва муовинони раисони шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва Сангвор баромад намуда, фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома “Ҷоннок намудани фаъолияти шуроҳҳои ҷамъиятии ноҳияҳои минтақаи Рашт Нуралӣ Саидов мароқ зоҳир намуда, афзуд, ки дар шароити ҷаҳонишавии бошитоб ва хатарҳои афзоянда шуроҳои ҷамъиятии минтақаро зарур аст, ки фаъолияти самараноки худро ба роҳ монанд.
Хизматҳои барҷастаи Раиси Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки садпорагиҳои ҷомеаи моро бо ҳам ошно сохт. Аз ин рӯ, мактаби сиёсии Президенти муҳтарами кишварро мо дар айни давлатсозӣ ва маърифати давлатдорӣ қарор додаем ва ин масъала дар шинохти ҷомеаи шаҳрвандии кишвар саҳми назаррасеро молик мебошад.
Дар фароварди нишаст аз рӯи масъалаҳои баррасишудаи мизи мудаввар қарорҳои дахлдор қабул шуд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”