Баргашт Чоп кардан

«ДУ ҶАҲОН БОЛУ ПАРИ СИМУРҒ АСТ»


16-уми октябр бо ширкати васеи аҳли илму адаб дар толори хурди КВД КТН «Шарқи озод» рӯнамоии ду китоби нави шоир ва публитсисти шинохта, корманди рӯзномаи «Садои мардум» Ворис «Ду ҷаҳон болу пари Симурғ аст» ва «Арӯси ғӯли Девдара» баргузор гашт.

Ҳамон гунае, ки осори манзуми Ворис бори андеша мекашаду ҳадафҳои олӣ дар пай дорад, осори мансураш низ хонандаро ҳамеша ба андеша кардан водор месозад, мазмуну ғояҳои баландро талқин менамояд.


– Ӯ дар соҳаи эҷод шахси тасодуфӣ нест, дар ин ҷода бо меҳр омадаю самимият дорад. Бо муҳаббат эҷод мекунад, нигоштаҳояш руҳу андеша доранд, – гуфт раиси Иттифоқи журналистон Зинатулло Исмоилзода.
Профессор Мурод Муродӣ зимни суханронӣ шеваи баёни Ворисро равону шоирона арзёбӣ кард. Мавсуф таъкид сохт: «Аксари мақолаҳои маҷмуаи «Ду ҷаҳон болу пари Симурғ аст» бори нахуст дар нашрияҳои даврӣ интишор шудаанд. Вақте китобро мутолаа мекунед, дармеёбед, ки нигоштаҳои он танҳо барои имрӯз ва ифодаи набзи замон набуда, барои фардоиён низ бебаҳра нестанд».
Ба таъкиди собиқадори матбуот Қурбон Мадалиев «Арӯси ғӯли Девдара» моҷарои зиндагии духтараки кӯҳистоние бо исми Суман аст, ки ғӯле ба ӯ ошиқ мешавад ва ӯро ба манзили худ мебарад. Қаҳрамони асосӣ Суман, ки аз хурдӣ, пас аз вафоти зодмандонаш, дар тарбияи амаку янгаи бефарзандаш монда буд, бо сахтӣ рӯз мегузаронд. Ҳамаи кору бори хонаро аз субҳ то шом анҷом медод, бар замми ин, ба кӯҳ баромада, аз ҷангал ҳезум меовард. Ғӯле ҳамаи инро медид, ба мушоҳида мегирифт ва оқибат дар дили ӯ ба Суман меҳре пайдо гашт ва он ба ишқи сӯзон мубаддал гардид.
Вақте ки амакаш Салим бо туҳмати завҷааш Мастура Сумани наҳифу нозукро зери латукӯб гирифт ва ӯ натавонист чанд муддат ба ҷангал ба ҳезумчинӣ равад, ғӯл бесаранҷом мешавад, наметавонад дар ҷое қарор гираду осуда бошад. Вай барои Суман ҳезум ҷамъ оварда, онро мегираду сӯи деҳа мешитобад. Ҳамин тавр, ошноии ғӯл бо Суман оғоз меёбад; минбаъд воқеаҳое рух медиҳанд, ки гоҳе ба таассуроти одам намеғунҷанд. Муаллиф воқеаҳоро чунон ҷолиб нигоштааст, ки хонанда ҳангоми мутолаа аз китоб чашм канда наметавонад ва мехоҳад ҳарчи зудтар аз ояндаи қаҳрамони асар Суман воқиф шавад. Аз гап-гапи мардум, ба гуфти нависандаи чирадаст, «деҳа меҷӯшад». Чӣ шуд? Ба ин савол хонанда баъди хондани асар посух мегирад.
Китоби дигари Ворис «Ду ҷаҳон болу пари Симурғ аст», ки аз маҷмуи мақолаҳои таҳқиқотӣ, китобиёту тақризҳо ва сафарномаҳои адиб фароҳам омадааст. Мутолааи китобҳо ба хонандагон як ҷаҳон таассуроти фаромӯшнопазир мегузорад.
Доир ба асарҳои мазкур, ҳамчунин, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷаббор, публитсист Умари Шерхон, ҳунаршинос Муҳаммадуллоҳ Табарӣ андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
Таъкид гашт, ки дар эҷодиёти шоир ва публитсист миллати тоҷик ба Симурғи афсонавӣ ташбеҳ шудааст. Басе муҳим аст дар ёд дошта бошем, ки сӣ мурғи ба сӯйи Симурғ сафаркарда дар охир дарёфтанд, ки ҳамон Симурғ худи онҳоянд. Мисле ки сӣ мурғи баваҳдатрасида Симурғи афсонавӣ мешаванд, танҳо дар ваҳдату ягонагӣ мо метавонем кишвари худро обод гардонем. Паёми муҳими ҳамоиш низ бар ҳамин нукта асос ёфт.

М. ТАБАРӢ, Қ. МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»