Баргашт Чоп кардан

ҶАШНИ НИЁГОНИ МАН. СУХАН АЗ МЕҲРГОН ХОҲЕМ ГУФТ


Хушбахтона, бо азму талош ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бостонӣ, ба монанди Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон дигарбора эҳё шуданд. Ҳамин муҳаббат ба миллат ва давлат аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, сол ба сол бошукӯҳ таҷлил мегарданд.
Дар замонҳои қадим ба мисли хони наврӯзӣ хони Меҳргон низ рангоранг буд. Ин хонро аз порчаи ранги арғувонӣ таҳия менамуданд. Дар замони Сосониён ва баъдҳо дар байни хони Меҳргон чун рамзи рӯшноӣ шамъ мегузоштанд. Бо анвои меваҷоту шириниҳо дастархонро оро медоданд. Дар атроф бӯйи гулу гиёҳони хушбӯйро пош медоданд. Бо дуди испанд неруи аҳриманиро дур месохтанд, мардум либосҳои нави идона дар бар мекарданд. Бо пош додани гулоб муҳитро хушбӯй менамуданд. Якдигарро бо фаро расидани ин Ҷашни оламшумул табрик менамуданд. Маҳз бо сабаби мардумӣ будан ва маҳбубият доштанаш Меҳргон аз замонҳои бостон то рӯзгори мо ҳамчун ҷашни шодибахш ва намоиши баракати кишоварзӣ расидааст.
Имрӯзҳо чунин анъанаҳои неки ниёгон аз нав эҳё мегарданд. Тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон мардум бо либосҳои хушнамо дар рӯзҳои Ҷашни Меҳргон ба сайргоҳҳо мераванд ва дастархони зебое густурда, шодмонӣ мекунанд. Ҳамчунин, ҳамдигарро бо Ҷашни Меҳргон табрик мегӯянд. Баргузор намудани намоишҳои харбуза, асал, каду, себ, ангур ва ғайра чун дастовардҳои деҳқонон барои мардум шодию сурур бахшида, зиндагиро боз ҳам рангинтар месозад. Инак, чанд сол аст, ки ба пешвози ин рӯзи неку муборак дар тамоми Тоҷикистон деҳқонон, кишоварзон, чорводорон, боғпарварон, пахтакорон, ҳунармандон ва ҳар шахси фарҳангпарвару маърифатҷӯй ба ҷашнгоҳҳо ва боғҳо баромада, шодмонӣ менамоянд. Ҷашни Меҳргон то он андоза дар дилу шуури мардум ҷой гирифтааст, ки дар тамоми бозорҳои шаҳру вилоятҳо, ноҳияву шаҳраку деҳот мардум дастовардҳои кишоварзии соли равонро ба намоиш бароварда, гурӯҳҳои ҳунарӣ даста-даста дар фазои озод таронасароӣ менамоянд. Дар раванди ин Ҷашн дар сайргоҳҳо барои намоишу ороиш ва харидуфурӯш маҳсулоти гуногуни кишоварзии худро ба маъраз мегузоранд. Ин нишонаи он аст, ки мардум бо хушҳолию хушнудӣ ин Ҷашнро таҷлил мекунанд, барои фаровонии дастархон, ободии кишвар, ваҳдати комил дасти дуо мебардоранд ва нишоти истиқлолиятро бо ҳам мечашанд.
Солҳои охир шоирони тоҷик дар ситоиши ҷашнҳои бостонӣ – Наврӯз ва Сада шеърҳои зиёд гуфтаанд. Акнун дар бораи Меҳргон низ шеърҳои зебое суруда мешаванд. Инак, ҳамчун мисол, чанд намунае меорем. Яке аз чунин меҳр нисбат ба Меҳргон мансуб ба қалами шоири маҳбубу хушкаломи миллати мо Фарзонабону мебошад, ки гуфтааст:
Баҳорино, муборак, меҳргонат,
Муборак меҳргони бехазонат.
Навонав себҳои маърифатро,
Ба мо бахшо зи себистони ҷонат.
Султонмуроди Одина, ки муаллифи асарҳои зиёди адабӣ, таърихӣ ва публитсистӣ аст, оид ба Меҳргон бо меҳр чунин гуфтааст:
Меҳргон омад, азизон, меҳрубониҳо кунед,
Васфи деҳқонро суруда, шеърхониҳо кунед.
Рустами Аҷамӣ низ дар бораи Меҳргон шеъре гуфтааст:
Ба боми хонаи мо меҳри хусравон омад,
Фурӯғи хотираи аҳди бостон омад.
Ҷамоли мо шуда равшан зи меҳри тобонаш,
Хушо, ки бори дигар Ҷашни Меҳргон омад.
Дигар тиҳӣ нашавад суфраи дили тоҷик,
Кунун, ки ҳосили деҳқони меҳрубон омад.
Чаҳорсӯи Ватан гашта шод аз ёрон,
Нишот бар лаби тифлону модарон омад.
Ба марзи буми Ватан мевазад насими вафо,
Ки Шаҳриёри Хуросони ин замон омад.

Қосим ТОИРЗОДА ,
директори Институти зироаткории АИКТ