Баргашт Чоп кардан

ШОМИ ШАНБЕ


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ОСКАР»
Дар ин филворд насаби актёрони маъруфи олам, ки бо ҷоизаи «Оскар» (барои беҳтарин иҷрои нақши мардона) мушарраф гаштаанд, ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.

Таҳиягар Ш. ШОКИР

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82

Масъули рубрика Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ "КӮҲ"
1. Диамир 2. Ҷомолунгма 3. Дапсанг 4. Канканҷангҳа 5. Вайли 6. Макалу 7. Чововуяг 8. Дҳаулагири
9. Манаслу 10. Аннапурна 11. Гошарбрум 12. Госаинтан 13. Дунапурна 14. Рокопушӣ 15. Конгур


БАРОИ МУВАФФАҚ ШУДАН ДАСТГИРӢ ВА Ё МЕРОС ЧИЗҲОИ ДУЮМДАРАҶААНД
Линда дар синни 11-солагӣ аз сутунмуҳра осеб дида, ба бистари беморӣ афтод. Табибон гуфтанд, ки дигар роҳ рафта наметавонад. Аммо ӯ бо бовар мегуфт: «Ман на танҳо роҳ меравам, балки қуллаҳоро фатҳ мекунам». Пас аз ду соли талошҳо Линда қадамҳои аввалини худро гузошт. Ӯ дар синни 20-солагӣ дар яке аз ширкатҳои савдо ба кор даромада, нозукиҳои онро хуб омӯхт ва пас аз чанд сол директори ширкати муваффақи «Warnaco» гардид, ки дар бозори истеъмолии Ню-Йорк ва дигар шаҳрҳои бузурги ИМА пешсаф аст.
Соли 1986 ӯ «Зани сол» ва шаш сол пас унвони «Беҳтарин зани тоҷири Амрико»-ро ба даст овард. Лиза барои дигар занон намунаи ибрат гардид. Ӯ собит сохт, ки барои муваффақ шудан, ба шахс дастгирӣ ва ё мерос чизҳои дуюмдараҷаанд.

Таҳияи Кароматулло АТО


АЗ ДРАМАТУРГИ ШИНОХТА ЛИВИЙ АНДРОНИК ТО ИХТИРОИ МАҶБУРӢ
Бисёриҳо бар ин ақидаанд, ки фонограмма ихтирои олимони муосир аст. Вале дар асл чунин нест. Нахустин маротиба фонограммаро римиёни қадим истифода бурдаанд. Дар он замон римиҳо пас аз юнониён дувумин халқе ба ҳисоб мерафтанд, ки театри ҳирфавии худро таъсис дода буданд.
Драматурги шинохтаи он замон Ливий Андроник на танҳо ба офаридани асарҳои саҳнавӣ машғул буд, балки бо камоли майл дар онҳо нақш ҳам мебозид. Боре, бо сабаби шамол хӯрдан, овозаш мегирад. Аммо, ба ғайр аз ӯ, дигар касе матни нақшашро аз ёд намедонист. Барои аз ҳолати ногувор баромадан, ӯ аз ҳунарпешаи дигаре хоҳиш менамояд, ки ба ҷояш ҳарф бизанад. Ба драматург ҳамин қадараш мемонад, ки даҳон во карда, вонамуд созад, ки сухан гуфта истодааст.
Баъдан, ин усулро хеле зиёд истифода мебурданд. Аз ҷумла, ба ҷойи ҳунарпешаҳое, ки овози паст ё хира доштанд, ҳунармандони дигар гап мезаданд. Ин боис шуд, ки минбаъд фонограмма роиҷ шавад.

Таҳияи Кароматулло АТО


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
ЭСХИЛ
Марги аҷиби драматург
Эсхил барои доираи васеи таърихнигорон ошност. Махсусан, бо асарҳои фоҷиавияш миёни драматургони Юнони Қадим нуфузи камназир дорад. Дастикам хонандагони хушзавқ драмаи «Форсҳо»-и ӯро хондаанд ва низ огоҳӣ доранд, ки ин файласуфи номвар истироҳат дар табиатро ниҳоят дӯст медошт. Вале, яқинан, кам касоне хабар доранд, ки Эсхил аз чанголи уқоб мурдааст, на бо марги муқаррарӣ.
Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки вақте Эсхил дар марғзоре машғули истироҳат буд, сояи уқобе болои сараш намоён шуд. Аз қазо уқоб сангпушти калони баҳриеро дар панҷаҳои фӯлодинаш дошта, мехост сари санге ҳаво диҳад, то гӯшт аз устухон ҷудо шаваду фурӯ бурданаш осон гардад. Вақти расида гуфтагӣ барин, уқоб сари бемӯи Эсхили шӯрбахтро санг гумон карда, сангпуштро рост ба болои он раҳо мекунад. Аз зарбаи туъмаи гаронвазни уқоб Эсхил ҷароҳат бардошта, дар ҷояш ҳалок мешавад.
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА

ҒАЗЗА
Кӯдакон на танҳо ташнаи нонанд

ЮНИСЕФ паём додааст, ки тули 700 рӯзи ҷанг дар Ғазза 64 ҳазор кӯдак ба ҳалокат расид ё маъюби якумрӣ шуд. Аз ин шумора, ҳазор тифл ширхора аст. Ҳамзамон, маълум нест, ки чанд кӯдаки дигар аз беморӣ фавтид ё тани беҷонашон то ҳол зери харобаҳои ҷанг аст.
Танҳо 38 дарсади кӯдакони синни мактабӣ омӯзиши ночиз ва ёрии равонӣ гирифтанд, зеро аз садои таркиш ва танку тӯп ба тарс афтода буданд.
Шаст дарсади кӯдакони синни мактабӣ тақрибан ду сол боз ба ягон шакли таҳсил дастрасӣ надоранд.
Посухи як навраси 11-солаи ҷароҳатбардошта дар ин бора ҷолиб аст: “Барои ман китоб диҳед, нонро падарам меёбад”.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР

ЛЮ СЯОЙИН
Бонуи раҳмдиле, ки 30 кӯдакро аз марг наҷот додааст

Чанде пеш тавассути сомонаҳои интернетӣ оламиён аз инсонгарии Лю Сяойини 88-солаи чинӣ, ки ба тоза кардани партов машғул аст, огаҳӣ пайдо карданд. Тули ин солҳо Лю 30 кӯдакеро, ки дар канори роҳ ё қуттиҳои партов меёфт, наҷот дода, ба воя расондааст.
Ӯ ин амалро на барои шуҳрат, бо амри дил ба ҷо меовард, ҳарчанд бо шавҳараш зиндагии миёнаҳолона доштанд.
Таъкид мегардад, ки онҳо баъзе кӯдаконро худашон ба воя расонданду барои дигаронашон бошад, оилаи солим пайдо карданд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА

ПИРОНСОЛ КӮҲИ ФУДЗИЯМАРО ФАТҲ КАРД

Кӯҳнавард Кокичи Акузаваи ҷопонӣ дар 102-солагӣ қуллаи Фудзиямаро фатҳ намуда (баландияш 3776 метр), ҳамчун куҳансолтарин нафаре, ки ин амалро анҷом додааст, ба «Китоби рекордҳои Гиннесс» ворид гардид.
Тавре Агентии иттилотии “Associated Press” хабар медиҳад, Кокичи Акузава гуфтааст, ки бе дастгирии пайвандону дӯстонаш ҳаргиз ба чунин комёбӣ мушарраф намешуд.

Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


РЕКОРДГУЗОРИ НАВРАСИ ҲИНДУ

Аарян Шуклаи 14-сола аз иёлати Маҳараштраи Ҳиндустон бо қобилияти фавқулодаи ҳисобкунӣ борҳо рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст. Ҳамин аст, ки номи ӯ шаш маротиба ба «Китоби рекордҳои Гиннесс» барои иҷрои ҳисобҳои мураккаб дар муддати кӯтоҳ ворид шудааст.
Моҳи феврали соли равон бошад, дар Дубай ӯ аз озмоишҳое гузашт, ки барои устодони варзидаи математикаи зеҳнӣ душвор буданд. Аз ҷумла: ҷамъ кардани 100 рақами чоррақама дар 30,9 сония ва 200 рақами чоррақама дар 1 дақиқаю 9,68 сония. Ҳамчунин, 50 рақами панҷрақамаро дар ҳамагӣ 18,71 сония ҳисоб кард.
Дар амали зарб бошад, Аарян 10 мисоли панҷрақамаро дар 51,69 сония ва 10 мисоли ҳаштрақамаро дар 2 дақиқаю 35,41 сония ҳал намуд.

Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБ


ФУРУДИ СКЕЙТБОРБОЗ АЗ ОШЁНАИ 22

Скейтборбози машҳури бразилӣ Сандро Диас дар синни 50-солагӣ ду рекорд гузошт, ки ба “Китоби рекордҳои Гиннесс” ворид гашт. Ӯ тавонист бо скейт аз болои бинои 22-ошёна дар шаҳри Порту-Аллегри поён шавад ва суръаташро то 103 км/соат расонад.
Тавре варзишгар гуфтааст, ӯ 13 сол орзуи ин корро дошт. “Ҳеҷ гоҳ аз орзу кардан даст накашед!”, – таъкид мекунад Сандро.

Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ

Далелҳои ҷолиб дар бораи футбол
Нишонзанҳои беҳтарин дар таърихи чемпионати ҷаҳон
1. Мирослав Клозеи олмонӣ дар 24 бозии чор чемпионати ҷаҳон (солҳои 2002, 2006, 2010, 2014) 16 гол зад, ки то ҳол касе ҳатто такрор накардааст.
2. Роналдо Луис Назарио де Лима, машҳур бо номи Роналдои бразилӣ, дар 19 бозии чор чемпионати ҷаҳон (1994, 1998, 2002, 2006) 15 тӯб ба дарвозаи рақибон ворид кард.
3. Герд Мюллер, футболбоз аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар 13 бозии ду чемпионати ҷаҳон (1970, 1974) 14 гол задааст.

(Идома дорад)
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО

БАЛАНДТАРИН КӮҲҲОИ ТОҶИКИСТОН
9. Қуллаи Энгелс

Қуллаи Энгелс дар қаторкӯҳи Шоҳдара (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) ҷойгир буда, баландиаш 6510 метрро ташкил медиҳад.
Қулла ба шарафи мутафаккири бузурги олмонӣ Фридрих Энгелс гузошта шудааст.
Қуллаи Энгелс бо намуди аҳроммонанду манзараҳои зебои табиати атрофаш ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи кӯҳнавардон қарор дорад. Он дар наздикии кӯҳи Карл Маркс ҷойгир аст ва ин ду қулла дар якҷоягӣ макони ҷолиби экспедитсионӣ барои сайёҳон ва кӯҳнавардон ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Муҳаммад АМИН

НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ҲАМА ЧИЗ АЗ ҲЕҶ ЧИЗ
Ба писарам гуфтам:
– Ту духтареро ба занӣ мегирӣ, ки ман интихоб мекунам.
Гуфт: «Не».
Гуфтам, вай духтари Билл Гейтс аст.
Гуфт: «Хуб».
Аз Билл Гейтс хоҳиш кардам, ки духтарашро ба писари ман диҳад.
Гуфт: «Не».
Гуфтам, писарам яке аз директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ аст,
Гуфт: «Хуб».
Ба директори генералии Бонки ҷаҳонӣ занг зада, хоҳиш кардам, ки писари маро директори иҷроия монад.
Гуфт: «Не».
– Гуфтам, писари ман домоди Билл Гейтс аст.
Гуфт: «Хуб».
Ба писарам гуфтам, дидӣ бизнес чӣ хел сохта мешавад?
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА


МАНИТАНИ
Ҷавоне, ки чаппа роҳ мегардад
Мани Манитании 46-солаи ҳиндӣ 25 сол аст, ки на маъмулӣ, балки чаппа роҳ мегардад. Мани аспиранти сотсиология ва донандаи забони англисӣ мебошад. Мақсад аз чаппа роҳ гаштанаш, ҷалби таваҷҷуҳи одамон мебошад.
«Танам, аллакай, одат кардааст. Дуруст роҳ гаштан, ба ман душворӣ мекунад. Ман, ҳатто онро фаромӯш кардаам, – мегӯяд ӯ».

Таҳияи М. ОДИНАЕВА


АВВАЛИН ФУТБОЛБОЗИ МИЛЛИАРДЕР ДАР ТАЪРИХ

Тавре сомонаи Bloomberg хабар додааст, ҳамлагари тими миллии Португалия ва бозигари дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду нахустин футболбози миллиардер дар таърих гардид.
Дороии бозигари 40-сола тақрибан 1,4 миллиард доллари ИМА арзёбӣ мешавад.
Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА

ДАРОЗУМРТАРИН МОР АЗ ХУД НАСЛ БОҚӢ ГУЗОШТ

Донишмандон воқеаи ғайриодиеро, ки дар боғи ҳайвоноти Сент-Луиси Миссурии ИМА рух додааст, тавсиф карданд. Дар ин ҷо як шоҳпитон нигоҳ дошта мешавад ва куҳантарин мор ба шумор меравад, ки дар боғи ҳайвонот зиндагӣ мекунад. Аҷиб ин ки, шоҳпитон дар 61-солагӣ аз худ насл гузошт.
Бояд ёдовар шуд, ки макони зисту паҳншавии шоҳпитон Африқои Марказӣ ва Ҷанубӣ буда, он дар олам мори хурдтарин ва бехавфтарин ба ҳисоб меравад.

Таҳияи С. АШУРОВ

РАҚАМИ 8 ХУШБАХТӢ МЕОРАД?
Бино ба навиштаи сомонаҳои интернетӣ, мардуми Чин шумораи 4-ро хуш надорад, зеро гӯиши он ба вожаи «марг» ниҳоят монанд аст. Аз ин рӯ, таъкид мешавад, ки ҳангоми ба лифт даромадан, шумо метавонед рақамҳои бо адади 4 иртиботдошта, масалан, 14, 24 ва амсоли онҳоро пайдо нанамоед.
Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки шумораи 8 барои чиниҳо рамзи хушбахтиву дороӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, Бозиҳои олимпии тобистона дар Пекин 8-уми августи соли 2008 (8.8.08) соати 8.08 ифтитоҳ ёфт.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА

ҲЁРЛИНГ

Оё шумо унсурҳои футбол, бейсбол ва ҳоккейро дар як бозӣ тасаввур карда метавонед? Дар Ирландия, аллакай, чунин бозӣ бо номи ҳёрлинг мавҷуд аст. Либоси ин бозӣ аз формаи футбол, кулоҳи муҳофизатӣ ва чӯбдаст иборат буда, тӯби теннис истифода мешавад. Ҳадаф ба даст овардани холҳои ҳарчи бештар бо ворид кардани тӯб ба дарвозаи ҳариф мебошад.

Таҳияи У. САФАРАЛӢ

КОНГО – ЧУҚУРТАРИН ДАРЁИ ОЛАМ
Дарёи Конго (дарозияш 4700 километр), воқеъ дар Африқои Марказӣ, бо умдатарин хусусиятҳояш аз рӯдҳои дигари олам фарқ мекунад. Аввалан, он миёни калонтарин дарёҳо ягона рӯдест, ки хатти экваторро ду маротиба убур мекунад. Дувум, Конго бо жарфии 250 метр чуқуртарин дарёи ҷаҳон ба шумор рафта, ба «Китоби рекордҳои Гиннесс» ворид шудааст.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМЗОДА

ОДАТҲОИ АҶИБ
1. Ҳар сол 1-уми январ дар ҷануби Фаронса, махсусан музофоти Прованс, анъанаи дар баҳр оббозӣ кардан вуҷуд дорад. Бино ба гуфтаи фаронсавиён, ин аз як тараф рамзи поксозист, аз ҷониби дигар, барои фаъолияти инсон давоми сол неруи дучанд мебахшад.
2. Маъруфтарин анъанаи соли нави испанӣ нисфи шаб хӯрдани 12 дона ангур аст. Ҳар донаи ангур рамзи як моҳ аст ва онро бояд сари вақт бихӯрд, яъне то 12 маротиба задани зарбаи зангӯлаи соат. Тибқи боварҳои испаниҳо, агар ҳар нафаре, ки ин корро карда тавонад, тамоми сол корҳои ӯ барор хоҳанд гирифт.
3. Дар шаҳри Леон (Фаронса) анъанаи ғайриодие вуҷуд дорад: пас аз нисфи шаб сокинон бо арзи сипос ба соли гузашта ба дарё кулчақанд мепартоянд.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА

ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
1. Пиёз ва картошка набояд дар як ҷой нигоҳ дошта шаванд. Пиёз аз худ газе хориҷ мекунад, ки сабзиши картошкаро метезонад.
2. Бозии видеоии «Duke Nukem Forever» дар муддати 14 сол таҳия гардидааст, аз ин рӯ, ҳамчун бозие, ки солиёни зиёд дар коркард қарор дошт, ба «Китоби рекордҳои Гиннесс» ворид шуд.
3. Мария Склодовская-Кюри ягона нафаре мебошад, ки ду бор ба дарёфти Ҷоизаи Нобел мушарраф гаштааст.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА