Баргашт Чоп кардан

ИФТИХОРИ ДИЁР. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ҲАРБӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД


Бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва омодагии руҳиву ҷисмонӣ, ҷавонони ноҳияи Айнӣ пешсафӣ нишон дода, нақшаи даъвати ҳарбиро пеш аз муҳлат иҷро карданд.

126 нафар фарзанди шуҷои диёр ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, омодагии хешро ҷиҳати ҳифзи марзу буми Ватан иброз доштанд.
Бино ба иттилои муовини раиси ноҳия Фарҳод Мукаррамзода, саҳми деҳоти ноҳия дар ин дастовард назаррас мебошад. Дар ҳафт деҳот ва шаҳраки Зарафшон корҳои ташкиливу омодагӣ самаранок ба роҳ монда шуда, ҷавонон дар доираи давраи омӯзишии пеш аз даъватӣ фаъолона иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот қабули бошукӯҳи ҷавонони аз хизмати ҳарбӣ баргашта ба таври муташаккилона ҷараён дорад. Ин иқдом, бешубҳа, дар ташаккули руҳияи ватандӯстии насли ҷавон ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандии онҳо нақши муҳим мебозад.
Фарҳод Мукаррамзода таъкид намуд: «Бахши идеологии ноҳия низ дар самти корҳои фаҳмондадиҳӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. Тибқи вохӯриҳои "Деҳа ба деҳа", масъалаи тақвияти ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ ба таври саривақтӣ ва муассир амалӣ мегардад».
Ин пешравиҳо бозгӯи сатҳи баланди худшиносӣ, муҳаббат ба Ватан ва содиқии ҷавонон ба арзишҳои миллӣ буда, бори дигар собит месозанд, ки муҳофизати Модар - Ватан рисолати муқаддас ва ифтихори ҳар як ҷавонмард аст.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”


ХУҶАНД. ИНФРАСОХТОРИ КОММУНАЛӢ НАВСОЗӢ МЕГАРДАД
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои навсозӣ ва сохтмони инфрасохтори муҳими коммуналӣ ҷараён доранд.
Тавре хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, лоиҳаи сохтмони шабака ва пойгоҳи партовоббардории соҳили рости шаҳр яке аз тарҳҳои муҳими ин самт ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ширкати «Муҳандисони ояндасоз» таҳия шуда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ мегардад. Мутобиқи нақша, дар доираи ин лоиҳа тамоми хатти ташноби соҳили рости шаҳр дар масофаи 11 километр пурра навсозӣ хоҳад шуд. Барои ин лӯлаҳои дорои қутри аз 800 то 1200 миллиметр насб мегарданд. Иваз намудани лӯлаҳои куҳна бо лӯлаҳои ҳаҷман калон ва устувор имконият фароҳам меорад, ки шабакаи ташноб ба талаботи афзояндаи аҳолӣ ҷавобгӯ бошад. То имрӯз корҳои навсозии хатти ташноб дар маҳаллаҳои 4-ум ва 5-ум, инчунин, дар хиёбони Раҳмон Набиев оғоз шудаанд.
Дар баробари татбиқи лоиҳаи навсозии шабакаи партовоб, дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаҳои дигари муҳими марбут ба таъминоти оби ошомиданӣ низ амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи “Хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд” дар назар аст, ки тибқи он оби ошомиданӣ тавассути лӯлаҳо ба дарозии беш аз 17 ҳазору 560 метр ба маҳаллаҳои навбунёди 1 ва 3-юми шаҳри Хуҷанд интиқол дода мешавад.
Бо зиёд гардидани шумораи аҳолӣ, сохтмони биноҳои баландошёна, бунёди маҳаллаҳои нав ва муассисаву корхонаҳо, талабот ба оби ошомиданӣ ва хизматрасонии коммуналӣ пайваста меафзояд. Аз ин рӯ, бо пуштибонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, лоиҳаҳои муҳим дар самти обрасонӣ ва обтозакунӣ марҳала ба марҳала амалӣ мегарданд.

Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”