Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ПРЕЗИДЕНТИ ГУРӮҲИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД


Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд (БИР) доктор Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассер мулоқот намуд.
Ҳоким Холиқзода дар оғози вохӯрӣ ба доктор Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассер барои ҳамкории судманд ва дастгирии пайвастаи Бонки исломии рушд дар татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар изҳори сипос намуда, тазаккур дод, ки Бонки исломии рушд тули солҳои ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рушди иқтисодии кишвар саҳми назаррас гузошта, тавассути дастгирии молиявӣ ва техникии худ ба татбиқи ҳадафҳои миллӣ мусоидат намудааст.
Ҷонибҳо масоили густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, рушди сайёҳӣ, бонкдорӣ, инчунин, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар ва идомаи ислоҳотро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, дар қисмати бонкдорӣ гуфта шуд, ки рушди бонкдории исломӣ яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти низоми молиявии кишвар дониста шуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари фароҳам овардани заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ба таҳкими иқтидори кадрӣ ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ диққати махсус дода мешавад.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо, инчунин, ба масъалаҳои марбут ба рушди “энергияи сабз” ва “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар бахшҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои муҳим барои рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон баён карданд.
Боиси зикр аст, ки дар мулоқот вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Ҷумъазода ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ Пайрав Амирзода иштирок доштанд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

“DUSHANBE INVEST - 2025”. БАРДОШТ АЗ ҶАЛАСАИ ПАНЕЛИИ СОҲАВӢ
Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest - 2025” таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо иштироки сармоягузорон, соҳибкорони дохилию хориҷӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ва бахши хусусӣ ҷаласаи панелии соҳавӣ дар мавзуи «Технологияҳои молиявӣ ва навовариҳо - муҳаррики сармоягузорӣ ба оянда» баргузор гардид.
Сироҷиддин Икромӣ зимни ифтитоҳи ҷаласа зикр кард, ки рушди технологияҳои муосири молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати молиявӣ буда, асоси рақамикунонии иқтисод ва тавсеаи сармоягузорӣ ба бахши инноватсионӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ сиёсати фарогири рушди низоми пардохт ва рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ ва молиявиро идома медиҳад.
Дар идомаи ҳамоиш намояндаи Алянси дастрасии молиявӣ Алӣ Ғиёсуддин, директори ширкати VISA дар Осиёи Марказӣ Мадиёр Шарубеков, раиси ҶСК “Алиф Бонк” Гуланор Атобек, раиси ҶСП “Фридом Банк Тоҷикистон” Даурен Насинбаев, намояндаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Наргис Подчоева, намояндаи REMIT PRIME / IFAD Нургул Торобаева, узви Шурои мудирони ҶСК “Бонки Эсхата” Юлия Валентини, намояндаи ширкати “Реал трейдинг” Муслим Дадабоев ва директори генералии ҶС «Единый фондовый брокер» Абдуворис Қаландаров суханронӣ намуданд.
Иштирокдорон масъалаҳои калидии рушди технологияҳои молиявӣ, аз ҷумла рақамикунонии низоми пардохт, истифодаи open banking, таъмини амнияти киберӣ, густариши саводнокии молиявии аҳолӣ ва имкониятҳои ҷалби сармоя ба иқтисоди рақамиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни суханрониҳо, инчунин, таҷрибаи байналмилалӣ дар самти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, ташкили муҳити рақобатпазирии ширкатҳои технологӣ ва тавсеаи хизматрасониҳои электронӣ барои соҳибкорон ва аҳолӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Инчунин, зарурати тақвияти ҳамкории давлат, бахши хусусиву ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати рушди устувори бозори молиявӣ ва ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»