![]()
20-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуда, ба фаъолияти се корхонаи калони саноатии ҶСП «Сантайлс» (Suntiles) бо зиёда аз 650 ҷойи кор оғоз бахшиданд ва ба бунёди се корхонаи дигари истеҳсолӣ санги асос гузоштанд.
Бо бунёди се корхонаи дигар, шумораи коргарони шаҳраки саноатӣ ба наздики 1200 кас хоҳад расид, ки аз онҳо беш аз 300 кас занону духтарон хоҳанд буд. Таъкид бояд намуд, ки маоши коргарон аз 4500 то 12000 сомониро ташкил хоҳад дод.
Санги асоси ин се корхона ва шаҳраки саноатӣ низ, ки дар муҳлати на чандон зиёд ба фаъолият омода шудаанд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта шуда буд.
Се корхона бо харҷи қариб 800 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бо ворид намудани таҷҳизоту технологияи нави соҳа ва аз ҷиҳати экологӣ безарару бехатар бунёд ёфтааст. Маблағи умумӣ барои ин се корхонаи фаъолгардида ва се корхонаи дигар, ки дар муҳлати кӯтоҳ сохта хоҳанд шуд, наздики 2 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод. Аз се корхонаи фаъолшуда якумаш бо ду хатти технологию истеҳсолӣ барои тавлиди сафолаку кошинҳо ва серанит омода шудааст, ки маҳсулоташ ивазкунандаи воридот ва ҳам барои содирот нигарондашуда мебошад.
Иқтидори солонаи истеҳсоли сафолаку кошин ва серанит дар корхона 6 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки 3 миллиону 500 ҳазор метри мураббааш серанит мебошад.
Тавре зикр гардид, ҳоло ҳамасола беш аз 10 миллион метри мураббаъ сафолаку кошин ва серанит ба Тоҷикистон аз беруни кишвар ворид мешавад ва акнун зиёда аз 65 дарсади талаботи кишвар ба ин маҳсулот дар ҳамин корхона истеҳсол мешавад.
Дар корхонаи сафолаку кошин ва серанит, ки маҳсулоташ бо тарҳу намои гуногун ва нақшу нигори миллию ҷаҳонӣ ороиш дода мешавад, аз 11 намуд ашёи хом истифода мегардад, ки ҳама аз дохили кишвар бо харҷи нисбатан кам дастрас мешавад ва ин омил боиси коҳиш ёфтани арзиши аслии маҳсулот ва арзон шудани нархи он дар бозор мегардад.
Корхонаи мазкур бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизот ва техникаи муосири истеҳсолии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй маҷаҳҳаз гардида, дар тамоми хатти истеҳсолот технологияи муосири рақамӣ истифода мешавад.
Арзиши сохтмону омодасозии танҳо ҳамин корхона 500 миллион сомониро ташкил медиҳад. Корхона ташхисгоҳи худро дорад, ки дар он, аз ҷумла 40 зану духтар, бо истифода аз таҷҳизоти пешрафта сифати ҳам ашёи хом ва ҳам маҳсулоти тайёр ва мутобиқати онро ба талаботи стандартӣ санҷиш мекунанд. Дар ин ташхисгоҳ, ҳамчунин, имкон аст, ки тамоми маъданҳои кӯҳии дигар низ санҷида шаванд.
Корхонаи дуюм, ки ба кор дароварда шуд, ба истеҳсоли хишти сабук (газоблок) нигаронда шуда, бо харҷи 150 миллион сомонӣ эъмор гардид. Хишти сабуки корхона пурра ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, аз хишти маъмулӣ се маротиба сабуктар аст ва садову гармию сардиро намегузаронад. Ба сифати ашёи хом дар истеҳсоли хишти сабук, асосан, оҳак истифода мегардад. Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ ворид шуда, маҳсулоташ ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалист. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхона 250 ҳазор метри мукааб хишти сабук аст, ки беш аз 30 дарсади талаботи шаҳри Душанберо қонеъ месозад. Хишти сабуки ин корхона дар оташ намесӯзад, гармию сардиро намегузаронад ва арзиши аслиаш паст ва нархи фурӯшаш ҳам нисбатан арзону дастрас аст. Ин намуд хишти сабук низ ивазкунандаи воридот аст ва оянда ба содирот ҳам равона мешавад.
Корхонаи сеюм, ки дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бунёд гашт, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт. Корхона бо харҷи 100 миллион сомонӣ сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он 80 ҳазор тонна оҳак дар як сол мебошад. Истеҳсоли оҳак аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, он дар корхонаҳои саноатии кишвар, аз ҷумла дар бахши металлургия ва истеҳсоли хишти сабуки сохтмонӣ, ба таври васеъ истифода мешавад.
Маҳсулоти ҳар се корхонаи фаъолшуда ивазкунандаи воридот, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ ва ҳам нисбат ба нархҳои имрӯзаи бозор арзон аст. Аз ин хотир, соҳибкорону истифодабарандагони маҳсулот метавонанд ба ин ширкатҳои ватанӣ муроҷиат намоянд.
Пас аз ба кор даровардани се корхона ва шиносоӣ бо маҳсулоти онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмони се корхонаи дигари саноатии ҶДММ «Кристалл Грин Гласс» санги асос гузоштанд, ки онҳо бо техникаю таҷҳизот ва технологияҳои муосир ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содиротӣ машғул хоҳанд шуд. Сохтмони ин се корхона дар муҳлати яку ним сол ба анҷом бояд расад.
Ҳар се корхона, ки яке барои истеҳсолу ғанигардонии кварс, дувумӣ шишаҳои панелӣ ва сеюмаш тавлиди зарфҳои шишагӣ пешбинӣ шудаанд, як силсилаи ба ҳам алоқамандро ташкил медиҳанд, зеро аз маҳсулоти ҳамдигар дар раванди истеҳсолӣ истифода мекунанд. Корхонаҳо калон хоҳанд буд, зеро онҳо бо харҷи наздики 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ эъмор мешаванд.
Бояд таъкид кард, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ барои бунёди корхонаи кварс 150 миллион сомонӣ, корхонаи панелҳои шишагӣ 650 миллион сомонӣ ва корхонаи зарфҳои шишагӣ 380 миллион сомонӣ равона хоҳад шуд.
Ҷойи зикри хос аст, ки корхонаи истеҳсол ва ғанигардонии кварс бори нахуст дар Тоҷикистон бунёд меёбад. Ин корхона боиси воридшавии кишвар ба марҳалаи сифатан нави технологӣ мешавад, зеро кварси ғанигардондашуда дар истеҳсоли намудҳои гуногуни шиша, сафол, олоти барқӣ ва электронию оптикӣ, линзаҳои баландсифат, генераторҳои ултрасадо, таҷҳизоти соҳаи алоқа ва бахши заргарӣ истифода мегардад. Рӯйпӯшҳои кварсӣ, ҳамчунин, барои муҳофизати ранги мошинҳо аз таъсири нури Офтоб ва сардию намӣ муфид аст. Иқтидори корхона барои 130 ҳазор тонна кварсро пешбинӣ менамояд.
Корхонаи дувум барои истеҳсоли панелҳои шишагӣ пешбинӣ шудааст, ки бо маблағи 650 миллион сомонӣ бунёд гашта, иқтидори солонаи он 10 миллион метри мураббаъ шиша бо қутру андозаҳои гуногун мебошад.
Панелҳои шишагии ин корхона аз кварси ғанигардондашудаи корхонаи ҳамсояаш истеҳсол гардида, маҳсулоти аз ҷиҳати технологӣ баландсифат ва доираи истифодааш васеъ мебошад. Шишаҳои ин корхона на танҳо дар сохтмони биною иншоот, балки техникаю таҷҳизоти гуногуни барқӣ, электронию оптикӣ ва умуман, истеҳсолоти технологияи олӣ истифода мешавад.
Корхонаи истеҳсоли шишаҳои панелӣ нахустин корхонаи навъи худ дар Тоҷикистон буда, маҳсулоти он дорои андоза, ҳаҷм, ғафсӣ ва рангҳои гуногун аст. Корхона имконият дорад, шишаҳои панелии тафсондашуда, ба оташ ва гармию хунукӣ тобоварро бо рангҳои сиёҳ, йоддор ва ғайра тибқи фармоиш ба мизоҷони худ истеҳсол ва пешкаш намояд. Насби чунин шиша дар тирезаҳои корхонаю хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷумла боиси ҳифзи ашёву ҷиҳози манзилӣ аз таъсири манфии нури Офтоб мегардад. Шишаи ин корхона, ҳамчунин, аз ҷиҳати экологию техногенӣ бехатару безарар аст, зеро ҳангоми афтидан ва ё бархӯрд ба чизе намешиканад ва ба пораҳои буранда пош намехӯрад. Корхонаи сеюм ба истеҳсоли зарфҳои гуногуни шишагӣ барои маҳсулоти нӯшоию хӯрокворӣ ва дигар эҳтиёҷоти рӯзгор пешбинӣ гаштааст. Зарфҳои шишагии корхона замонавӣ буда, аз маҳсулоти қаблие, ки дар замони гузашта истифода мешуд, ба куллӣ фарқ мекунад. Гузашта аз ин, ин зарфҳо аз ҷиҳати экологӣ ва зистмуҳитӣ безарар буда, дар шароити ҷаҳони имрӯза, ки аз истифодаи зарфҳои пластикӣ даст кашида мешавад, ба талабот мувофиқ аст.
Муҳимтар аз ҳама, дар корхонаи шиша, ҳамчунин, коргоҳи коркарди дубораи партовҳои шишагӣ бунёд меёбад, ки бо аҳамияти зистмуҳитии худ як намунаи “истеҳсолоти сабз” хоҳад буд. Корхона бо иқтидори истеҳсолии 45 миллион литр зарфҳои шишагии андозаву ғунҷоишашон гуногун дар як сол бунёд меёбад. Ин ҳаҷми истеҳсол имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти Тоҷикистон ба зарфҳои шишагӣ сад дар сад қонеъ шавад, зеро, тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло ҳамасола дар ҳаҷми ҳудуди 40 миллион литр ин маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар болои боми се корхонаи бунёдшаванда панелҳои офтобӣ насб хоҳанд шуд, ки 90 ҳазор кВт барқ истеҳсол хоҳанд кард. Ин шаҳраки нави саноатӣ, ҳамчунин, дорои манбаи дигари худии неруи барқ бо иқтидори 30 ҳазор кВт хоҳад буд, зеро гармие, ки дар оташдонҳо барои истеҳсоли маҳсулот ҳосил мешавад, ба тавлиди неруи барқ низ равона мегардад. Барои ин кор дар ин ҷо турбинаҳои буғӣ насб мешаванд, ки аз гармии оташдонҳои дарозиашон 200 метраи корхонаҳо истифода карда, неруи барқ тавлид мекунанд. Неруи барқи ба ин ду тариқа дар ин шаҳраки саноатӣ истеҳсолшаванда, ки баробар ба 12 мВт хоҳад буд, 80 дарсади талаботи худро қонеъ менамояд, ки боиси кам шудани арзиши аслии маҳсулот мешавад. Корхонаҳои ин шаҳраки саноатӣ барои пухтану гудохтани маҳсулоти худ аз гармии гази аз ангишт истеҳсолшаванда истифода мекунанд. Ин кор низ бо технологияи баланди муосир ба роҳ монда шуда, аз ҷиҳати экологӣ безарару бехатар аст.
Иттилоъ дода шуд, ки ин шаҳраки нави саноатӣ дар майдони беш аз 37 га замине бунёд меёбад, ки қаблан ба партовгоҳи азими саноатию сохтмонӣ табдил ёфта буд. 25 га ҳамин замин зери сохтмон хоҳад рафт.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватанӣ барои ин иқдоми шоистаи бунёдгарона изҳори сипос намуда, бо хушнудӣ таъкид доштанд, ки дар ин ҷо шаҳраки зебову дилкаш ва аз ҷиҳати техникию технологӣ намунавӣ қомат меафрозад, ки бозгӯй аз рушду нумӯи нави саноатӣ ва иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони азиз аст.