Баргашт Чоп кардан

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон


20-уми октябр таҳти раёсати Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум, баргузор гашт.
Хабарнигори парлумонии «Ҷумҳурият» Ш. Абдураҳим иттилоъ дод, ки зимни ҷаласа лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
20-уми октябр Раиси Суди Олӣ Рустам Мирзозода бо раиси Комиссияи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ хонум Ҳала бинти Мазид ат-Тувайҷирӣ ва сафири ин кишвар Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон вохӯрд.
Дар Суди Олӣ ба хабарнигори «Ҷумҳурият» тавзеҳ доданд, ки зимни мулоқот масъалаҳои рушду густариши ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, манфиатҳои оила, занону кӯдакон, пиронсолон ва маъюбон, инчунин, масъалаҳои ба роҳ мондани табодули таҷриба ва омӯзиши амалияи судӣ баррасӣ гардиданд.


Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»
Дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки марҳалаи чоруми Озмун муҳимтарин зинаи он маҳсуб мешавад, зеро барои ғолиб омадан, ба иштирокдорон бояд дониш, маҳорат ва қобилияти зеҳнии худро ба таври шоиста нишон диҳанд.
Дастур дода шуд, ки бо мақсади ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба Озмуни муҳими илмӣ даври чоруми он тавассути шабакаҳои телевизионӣ, расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО ба таври густурда таблиғ гардад.


Вохӯрии сафир бо вазири нафти Давлати Кувайт
19-уми октябр сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурии мо дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо вазири нафти Кувайт Ториқ Сулаймон Аҳмад ар-Румӣ мулоқот намуд.
Дар маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодии дуҷониба, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи нафт ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ карданд.


Зиёд шудани ҳаҷми боркашонӣ
«Соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ вобаста ба шароити мушаххаси иқлимӣ ва мавқеи ҷуғрофии кишвари мо нақши муҳим мебозад. Беш аз 94,5 дарсади борҳо ва 99,8 фоизи мусофирон тавассути ин намуди нақлиёт интиқол дода мешаванд», – омадааст дар ҳисоботи нуҳмоҳаи Вазорати нақлиёт.
Дар ин давра бо нақлиёти автомобилӣ беш аз 109,4 миллион тонна бор интиқол ёфта, ба 832 миллион мусофир хизмат расонда шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 ҳаҷми боркашонӣ 115,4 ва мусофиркашонӣ 109,5 дарсадро ташкил додааст.


Иштироки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Конфронси кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ
Рӯзҳои 15-16-уми октябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Конфронси шашуми вазирони меҳнати кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид, ки дар он вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар Конфронс масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии муштарак миёни кишварҳои узв ва тақвият бахшидан ба ҳамгироӣ ва таҳкими сиёсати меҳнатӣ байни ниҳодҳо ва сохторҳои узви Созмони мазкур, сабабҳои бекорӣ дар байни аҳолӣ ва рушди малакаҳои касбӣ мувофиқи талаботи бозори меҳнат баррасӣ гардиданд.