Баргашт Чоп кардан

ЗЕҲНИ СУНЪӢ. АЗ ОМИЛҲОИ МУАССИРИ РУШДИ УСТУВОР


Дар ҳошияи қабули ибтикори навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шурои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ВМКБ ва МИМҲД-и ноҳияи Шуғнон дар маркази ноҳияи Шуғнон ҳамоиш доир гардид.
Ҳамоиш бо намоиши дастовардҳои вилоят дар самти зеҳни сунъӣ, аз ҷумла корҳои илмӣ-амалии олимони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, Институти илмҳои гуманитарии АМИТ, донишҷӯёну унвонҷӯён оғоз ёфт, ки аз он раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва дигар шахсони расмӣ боздид ба амал оварданд.
Зимни ифтитоҳи қисмати расмии чорабинӣ раиси вилоят Мирзонабот Алишер зикр кард, ки ташаббусҳои таърихии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манфиати кулли инсоният нигаронда шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба меёбанд, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷиҳати таблиғу ташвиқи моҳияти ташаббусҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, ибтикори навбатии таърихияшон – «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки 25-уми июли соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсус қабул гардид ва амалисозии онҳо тадбирҳои судманд роҳандозӣ шаванд.
Дар зимн, таъкид гашт, ки дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар се соли охир дар вилоят 25 муассисаи нави таълимӣ ва 36 муассисаи томактабӣ бунёд шуданд. Ин раванд идома ёфта, то таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боз 11 мактаб ва 45 муассисаи томактабӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Мирзонабот Алишер оид ба нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар раванди аз худ намудани донишҳои муосири техникӣ, таҳкими таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқӣ, кадрӣ, сохторӣ ва молиявӣ бобати рушду равнақи технологияи рақамӣ, аз ҷумла, зеҳни сунъӣ, ибрози назар намуда, таъкид кард, ки иқдоми таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоҳангсозии тамоми ҷанбаҳои раванди татбиқи стратегияву лоиҳа ва барномаҳои марбут ба зеҳни сунъиро дар Осиёи Марказӣ таъмин хоҳад намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид: қатъномаи мазкур бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон дар асри рақамӣ мавқеи устуворро соҳиб гашта, кӯшиш бар он дорад, то дар ин масир яке аз давлатҳои пешқадам бошад.

Раҳмон ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”