5 майи соли 2023 вохӯрии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо соҳибкорон ва намояндагони Палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия таҳти роҳбарии президенти палатаи мазкур хонум Кристина Ти баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои муҳими низоми бонкӣ ва сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Фирдавс Толибзода ташрифи меҳмононро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо қаноатмандӣ иброз намуд, ки дар чунин як шароити душвор барои кишварҳои минтақа, соҳибкорони Малайзия ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир месозанд.
Ӯ аҳли нишастро бо вазъи феълии макроиқтисодии ҷумҳурӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуда, зикр кард, ки иқтисодиёти Тоҷикистон рушд дорад, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар семоҳаи аввал мусбат ҷамъбаст гардиданд.
Хонум Кристина Ти ва соҳибкорони Малайзия ба масъалаҳои амалӣ намудани имкониятҳои сармоягузорӣ ба лоиҳаҳо ва самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ, кушодани намояндагии ташкилотҳои молиявӣ, рушди соҳаи суғурта ва ғайра таваҷҷуҳ намуда, андешаҳои худро баён карданд. Аз ҷумла, роҳбари ҳайати меҳмонон иброз дошт, ки омодааст дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд саҳми худро гузорад.
Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ширкати сармояи хориҷиро дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва дар робита ба ин, доираҳои тиҷоратии Малайзияро ҷиҳати баррасии имкониятҳои иштирок дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон даъват кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”