Баргашт Чоп кардан

ФУТБОЛ


Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA ду зина боло шуд
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ду зина боло шуд ва бо 1220,21 хол дар байни 211 тими миллӣ дар ҷойи 102-юм қарор гирифт.
Дар ин феҳрист Испания, чемпиони феълии Аврупо, дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина, чемпиони феълии ҷаҳон, як зина боло рафта, ҷойи дуюмро соҳиб шудааст. Фаронса, барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон, як зина паст шуд ва дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтааст. Ба даҳгонаи беҳтаринҳо тимҳои миллии Англия, Португалия, Нидерландия, Бразилия, Белгия, Италия ва Олмон дохиланд.
Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, дар ҷойи 17-ум қарор дорад. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 19-ум), Эрон дар зинаи дуюм (дар ҷаҳон 21-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 22-юм) мебошанд.
Рейтинги навбатии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) 21-уми ноябр нашр хоҳад шуд.


Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) дар АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), дар доираи омодагӣ ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025, таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб силсила бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.
Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаҳои Замбия (22-юми октябр), Каледонияи Нав (24-уми октябр) ва Мексика (30-юми октябр) бозӣ мекунад. Ҳамаи ҳарифони дастаи мо дар Ҷоми ҷаҳон-2025 ширкат менамоянд.
Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дар Қатар мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «I» бо тимҳои Чехия (5-уми ноябр), ИМА (8-уми ноябр) ва Буркина-Фасо (11-уми ноябр) рақобат мекунад.


Бозиҳои “Регар-ТадАЗ” дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми даъвати КФО-2025/26 дар куҷо мегузаранд?
Бозиҳои гурӯҳи «С»-и Лигаи даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2025/26, ки дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Тоҷикистон низ шомили он аст, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон сурат мегиранд.
Ҳарифони дастаи мо дар гурӯҳ «Мурас Юнайтед» (Қирғизистон), «Сафо» (Лубнон) ва «Ал-Арабӣ» (Кувайт) мебошанд.
«Регар-ТадАЗ» 25-уми октябр бо “Мурас Юнайтед”, 28-уми октябр бо «Ал-Арабӣ» ва 31-уми октябр бо «Сафо» вомехӯрад.
Марҳалаи гурӯҳии Ҷоми даъвати КФО-2025/26 дар ду минтақа – Шарқ ва Ғарб бо иштироки 23 даста дар шаш гурӯҳ доир мешавад. Дар минтақаи Шарқ аз чор гурӯҳ чор даста ва дар минтақаи Ғарб аз ду гурӯҳ чор даста ба чорякфинал роҳхат мегиранд ва муборизаро барои ба даст овардани ҷом идома медиҳанд.

ҶУДО
Душанбе мизбони Ҷоми кушоди Осиё мешавад
Дар шаҳри Душанбе бори аввал Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон доир мегардад. Мусобиқа таҳти сарпарастии Иттиҳоди ҷудои Осиё сурат мегирад.
Тавре Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дод, зӯрозмоиҳо миёни наврасон 20-21-уми ноябр ва миёни ҷавонон 22-23-юми ноябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ сурат мегиранд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”