![]()
Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, ки дар масоҳати 3,3 гектар бунёд гардидааст, оғоз ёфт.
Майдони Парчам ва Нишони давлатиро, ки рамзи ифтихору соҳибихтиёрист, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуданд. Қомат афрохтани муқаддасоти миллӣ дар ноҳия рамзи ифтихор ва ягонагии сокинон ба ҳисоб рафта, ҳадаф аз он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, идомаи анъаноти нек ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Дар майдон, ки дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуд, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам аст. Баландии пояи Парчами давлатӣ, дар маҷмуъ бо таҳкурсиаш, 52 метр буда, матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.
Атрофи иншоот дар масоҳати 32 ҳазор метри мураббаъ сабзкорию гулкорӣ ва чароғон шуда, дар он наздики 600 бех дарахтони сояафкану ороишӣ парвариш мешавад. Нишони давлатӣ бошад, 22 метр баландӣ дошта, таҳкурсии он бо санги мармар оро ёфтааст. Роҳравҳои майдон дар масоҳати наздики 5 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон курсиҳо гузошта шудаанд. Майдон, ки дар шаҳраки Ҳулбук воқеъ аст, ба макони дилкашу тамошобоб барои сайругашти сокинон табдил ёфтааст ва барои баргузории чорабиниҳои гуногуни ватандӯстона бо ҷалби ҷавонону наврасон пешбинӣ мегардад.
Ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ
22-юми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот барои тамрин ва бозии дастаҳои футболи ноҳия, баргузории мусобиқаҳо, тарғиби варзиш ва ҷалби ҷавонону наврасон ба футбол бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфт. Сохтмони он ҳанӯз соли 2017 оғоз гардида, бо харҷи наздики 69 миллион сомонӣ ба итмом расид. Дарозию паҳноии майдони футбол 105 ба 68 метр буда, дорои чамани табиист. Ин имкон медиҳад, ки бозигарон дар майдони ба талаботи мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бозӣ ва тамрин намоянд. Атрофи чаман, ки бо роҳрави резинӣ барои дав иҳота гардидааст, барои машқ ва қабули мусобиқаҳои риштаи варзиши сабук пешбинӣ мегардад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити варзишгоҳ бо ҳайати дастаи футболи “Ҳулбук”, ки ноҳияи Восеъро дар Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ намояндагӣ мекунад, суҳбат карда, онҳоро ба дӯст доштани варзиш, рушд додани малакаи касбӣ ва муаррифии арзандаи Ватану миллат ҳидоят намуданд. Варзишгоҳ дорои 4 минбар барои мухлисон ва 21 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.
Бинои варзишгоҳ аз се ошёна, аз ҷумла ҳуҷраҳои корӣ, ивази либос, ҳаммому ҳуҷраҳои ёрирасон, иборат мебошад. Инчунин, дар он толорҳои варзиши муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири варзишӣ, ҷой барои меҳмонони фахрӣ, маҷлисгоҳ ва пешайвон сохта шудаанд, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад. Барои таъмини рӯшноӣ дар майдони футбол 4 манораи калони муосири равшанидиҳанда насб гардидааст. Ин имкон медиҳад, шабона ҳам мусобиқаҳо гузаронда шаванд. Дар ҳудуди иншоот ду майдонча барои футболи хурд, волейбол ва баскетбол, таваққуфгоҳ барои мошинҳо, зеристоҳи барқӣ, чоҳи амудӣ барои бо об таъмин кардани варзишгоҳ ва иншооти ёрирасон бунёд шудааст.
Ба истифода додани чунин иншооти муосир дар ноҳия барои рушди варзиш ва ташкили чорабиниҳои мухталифи солимгардонӣ имкониятҳои заруриро фароҳам меорад. Ба истифода додани варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ нишона аз таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар доираи Барномаи давлатии рушди футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар вилояти Хатлон сохтмони 130 иншооти дигар идома дорад, ки барои амалисозии ҳадафҳои ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба тарғиби футбол замина мегузорад.
Ифтитоҳи Маркази ташхиси тибби Ҳулбук
22-юми октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази ташхиси тибби Ҳулбукро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав бо тарҳи муосир бунёд ёфта, аз ҳашт ошёна иборат аст. Маркази ташхис дар ошёнаи якум ва таҳхона ҷойгир буда, бо таҷҳизоти навтарин таъмин ва дар он шароити мувофиқ барои ташхис ва табобати беморон фароҳам оварда шудааст. Ошёнаи якум дорои 9 ҳуҷра буда, дар даромадгоҳ дорухона, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷраҳо барои мутахассисони амрози даруна, асабшинос, табиби гӯшу гулӯ ва бинӣ, табиби амрози занона ва қалбшинос ҷой гирифтаанд. Иловатан, ҳуҷраҳои озмоишӣ ва фаросавтии занон фаъолият мекунанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар таҳхонаи Марказ барои ташхиси беморон дастгоҳҳои муосири тиббӣ насб шудааст. Дастгоҳҳои ташхиси магнитию резонансӣ, томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, рентгени скопӣ, рентгени дандон ва фаросавтӣ аз ҷумлаи таҷҳизотест, ки дар ҳамин қисмати Марказ ҷойгиранд. Ҳамчунин, дар таҳхона ҳуҷраҳои табобати физиотерапевтӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз аст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншооти муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро ба истиқболи сазовори Ҷашни бузургу пуршукӯҳи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.
Маркази ташхис дар заминаи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҷабалӣ Мирзоалиев бо харҷи 20 миллион сомонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияи Восеъ бунёд ёфт.
Дар Маркази нави ташхис 40 мутахассиси дорои таҷрибаи баланди касбӣ фаъолият мекунад, ки аксари онҳо аз ҳисоби занону духтарони маҳаллӣ мебошанд.
Табибони Марказ барои дастгирии ҳамешагӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин марказҳои муосир имкон медиҳанд, то сатҳи касбӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтар гардад. Сокинони ноҳия изҳори хушнудӣ карданд, ки ифтитоҳи чунин марказ ба беҳбуди зиндагии мардум мусоидат карда, дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ хеле осон хоҳад шуд. Гирду атрофи муассисаи нави тиббӣ бо гулҳои рангоранг оро дода шуда, роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯшанд. Ҳамзамон, дар ҳамин мавзеъ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди маҷмааи нави тандурустӣ-табобатӣ шинос шуданд ва барои бунёди он санги асос гузоштанд. Бино шашошёна буда, тибқи нақша, дорои 60 кати хоб ва 45 ҷойи нави кор мебошад.
Маҷмаа аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дил, урологӣ, бемориҳои занона, маркази ташхис ва ёрии таъҷилӣ иборат хоҳад буд. Татбиқи ин лоиҳа ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, зиёд шудани ҷойҳои нави кор ва фароҳам омадани шароити арзандаи нигоҳдории саломатии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Сарвари давлат ба масъулон дастур доданд, ки ба масъалаи омодагии кадрҳои баландихтисос, сатҳи хизматрасонӣ ва истифодаи дурусти таҷҳизоти муосир диққати махсус диҳанд.
Ифтитоҳи Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд.
Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Восеъ тибқи талаботи Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати мамлакат ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бакортаъминшавӣ» таъсис дода шуд.
Бинои асосии Марказ чорошёна буда, бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои сохтмонии муосир бунёд ёфтааст ва дорои утоқҳои васеъ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо компютерҳо, таҷҳизоти таълимӣ ва устохонаҳо мебошад. Дар Марказ имконият фароҳам оварда шудааст, ки ҷавонон, занону духтарон ва шахсони бекор дар самтҳои гуногун соҳиби ихтисоси муайян гарданд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Марказ аз рӯи 5 ихтисос: барқкор, васлгари таҷҳизоти барқи офтобӣ, челонгари техникаи санитарӣ, андовагар ва кафшергари газию барқӣ мутахассисон омода мешаванд. Иқтидори имконпазири Марказ барои дар ду баст ба таълим фаро гирифтани 150 ҳунаромӯз мебошад. Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар масоҳати 25 садяк бунёд гардид. Корҳои сохтмонӣ аз 22-юми ноябри соли 2022 оғоз ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ба анҷом расидаанд.
Марказ бо буғхона, обу корез ва манораи об бо зарфи ғунҷоишаш 25 тонна таъмин аст. Ҳамчунин, он ба хатти доимии барқ пайваст буда, илова бар ин, тавассути панелҳои офтобӣ низ муассиса бо барқи доимӣ таъмин мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дастуру тавсияҳои судманд доданд. Бо ба фаъолият оғоз кардани Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ, даҳҳо сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Омӯзгорон ва мутахассисони соҳибтаҷриба дарсҳои назариявию амалӣ мегузаронанд, ки ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ дар ноҳия мусоидат хоҳад кард.
Ҳадафи таъсиси чунин марказҳо, ки бо ташаббус ва дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешаванд, аз он иборат аст, ки шаҳрвандон, махсусан ҷавонону занон, касбу ҳунар омӯзанд, фаъолона дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа иштирок намоянд ва ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии худ саҳм гузоранд. Ҳамчунин, дар ҳудуди Марказ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои чорошёнаи шуъбаи маорифи ноҳия шинос шуданд. Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, сохтмони иншоот дар масоҳати муайян бо истифода аз масолеҳи босифати маҳаллӣ ва бо риояи меъёрҳои муосири меъморӣ амалӣ мегардад.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки бинои нав барои фаъолияти муназзам ва самараноки кормандони шуъбаи маориф пешбинӣ шудааст. Дар он ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, маркази иттилоотӣ ва иншооти ёрирасон ҷой дода мешаванд. Пас аз ба истифода додани иншоот шароити кори кормандон беҳтар гардида, имкониятҳои нав барои татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф фароҳам меояд. Ифтитоҳи чунин иншооти замонавӣ гувоҳи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, таъмини ҷойҳои нави кор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, омӯзиш ва хизматрасонии босифат ба аҳолӣ мебошад. Ҳамчунин, дар ин ҷо боз лоиҳаи биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиршавии марказҳои хизматрасонӣ ва савдо ва муассисаи таҳсилоти томактабӣ муаррифӣ гардид. Биноҳои истиқоматӣ нуҳошёна буда, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешаванд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабӣ сеошёна буда, бо тарҳи муосир ва мувофиқи завқи кӯдакон эъмор гашта, барои фаро гирифтани 200 тарбиягиранда пешбинӣ шудааст.
Боиси зикр аст, ки аз соли 2024 то имрӯз 6 маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд гардиданд, ки иқтидори ба касбомӯзӣ фаро гирифтани то ҳашт ҳазор нафарро доранд. То ба имрӯз 3200 касбомӯз соҳиби сертификат шуда, зиёда аз се ҳазори дигар барои ба шуғл фаро гирифтан номнавис шудаанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва кормандони соҳаи маориф дастур доданд, ки бунёди чунин муассисаҳои таҳсилоти томактабиро дар дигар деҳаҳои дурдаст низ идома дода, барои тарбияи насли ояндасоз дар шароити муносиб ва руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ «Хишти Ҳулбук»
22-юми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, ба фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ, забономӯзӣ, толори варзиш, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, томактабӣ ва корхонаи саноатӣ ба таври фосилавӣ оғоз бахшида, барои бунёди дигар иншоот санги асос гузоштанд.
Бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 дар деҳаи Файзобод, ки фаъолияти он аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фосилавӣ оғоз гардид, аз 17 синфхонаи муҷаҳҳаз ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад. Раванди таҳсил аз ҷониби 53 омӯзгори соҳибтахассус дар шароити сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Иншооти дигари соҳаи маориф Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 мебошад, ки дар деҳаи Селбур бунёд ёфт. Тарҳи иншоот муосир буда, 17 синфхонаи барҳаво 640 хонандаро дар ду баст ба таҳсил фаро мегирад. Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Афсона», ки ба фаъолияти он оғоз бахшида шуд, дар деҳаи Восеъобод ҷойгир аст. Кӯдакистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сабур Зуҳуров таҷдиду навсозӣ гашт. Шароити таълиму тарбия дар боғча мутобиқ ба талаботи муосир роҳандозӣ шуда, барои қабули 300 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ мешавад.
Сарвари давлат ба шароити фароҳамшуда дар муассиса баҳои баланд дода, ба масъулон барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдакон ва дар замири онҳо бедор сохтани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба расму ойинҳои мардумӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Бунёди 3 иншооти соҳаи маориф ба таъсиси ҷойҳои нави кор ва барои дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани 1580 хонанда дар ду баст мусоидат менамояд.
Дар деҳаи Кадучии деҳоти Бобошоҳиёни ноҳия маркази хизматрасонӣ, забономӯзӣ ва толори варзиш тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саид Мирзомуродов бунёд шуда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар марказ барои 70 кас ҷойи кор муҳайё шуд, ки онҳо метавонанд бо истифода аз шароит ва имконоти мавҷуда фаъолияти худро рушд диҳанд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ «Хишти Ҳулбук» оғоз бахшиданд. Корхона дар деҳаи Навбаҳори деҳоти Тугарак ҷойгир мебошад. Масоҳати корхона 10 гектар буда, дар он 50 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд. Бунёди иншооти мазкур дар ноҳияи Восеъ ба рушди таҳсилот, саноат, варзиш, хизматрасонӣ ва дар маҷмуъ, ба беҳбуди рӯзгори сокинони ноҳия заминаи воқеӣ фароҳам меоварад. Сипас, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нақшаи шабакаҳои корезии шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ шинос шуданд. Лоиҳа бо мақсади тозакунии обҳои истифодашуда дар се марҳала амалӣ гардида, ба 26 ҳазор аҳолӣ хизмат мерасонад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки барои татбиқи лоиҳа, аллакай, корҳои сохтмонӣ оғоз шудаанд. Масоҳати иншоот зиёда аз 12 гектар буда, дар он чанд марҳалаи тозакунии об пешбинӣ шудааст: аз обсофкунии ибтидоӣ то безараргардонии ниҳоӣ. Ҳаҷми миёнаи коркарди об дар як шабонарӯз 7 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда имкон медиҳад, ки тамоми обҳои партови маҳаллӣ тоза гарданд. Дар доираи лоиҳа, бинои маъмурӣ, лабораторияи назорат, майдонҳои техникии таҷҳизот, инчунин, минтақаҳои сабз барои беҳсозии муҳит сохта мешаванд.
Ба иттилои мутахассисон, татбиқи ин лоиҳа на танҳо масъалаи оби партовро ҳал мекунад, балки дар ҳифзи обҳои рӯизаминӣ ва таҳшин нақши муҳим хоҳад дошт.
Иншооти нави поксозии оби партов як қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи барномаҳои давлатии ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори минтақа ба ҳисоб рафта, ба беҳтар гардидани сатҳи санитарӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат хоҳад кард.
Ба истифода додани маркази хизматрасонии «Дурдона»
22-юми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Селбури деҳоти Миралиобод корхонаи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии «Дурдона»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти навбунёд дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Давлатшоҳ Қаҳҳоров ба маблағи 3 миллиону 350 ҳазор сомонӣ бунёд гардид.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2023 оғоз ёфта, дар муҳлати пешбинигардида бо сифати баланд ба анҷом расиданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 30 коргари маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид.
Иншооти навбунёд аз ду ошёна, бинои ёрирасон, намоишгоҳи махсуси либос, ҳуҷраи корӣ ва маркази хизматрасонии КВД «Амонатбонк» иборат буда, дар он истеҳсоли либосҳои махсус, мардонаву занона тибқи фармоиш ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, коргоҳ барои кӯдакон низ либосҳои зебову шинам истеҳсол менамояд, ки аз лиҳози сифат рақобатпазир буда, мувофиқи завқи харидорон аст. Дар коргоҳи навбунёди дӯзандагӣ 80 кас соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии «Дурдона» дар як шабонарӯз имкон дорад то 100-110 либоси гуногунро истеҳсол намояд. Дар корхона тавлиди навъҳои гуногуни маҳсулот роҳандозӣ шудааст, ки бо бренди миллӣ ва мувофиқ ба талаботи ҷаҳонӣ истеҳсол мегарданд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи навтаъсис ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ сифати баланди маҳсулотро таъмин хоҳад кард. Дар тамоми марҳалаҳои истеҳсолӣ назорати сифат роҳандозӣ шуда, ҳамчунин, ба шаклу намуд ва дизайни либос низ диққати хосса дода мешавад. Барои ородиҳии маҳсулоти ниҳоӣ дастгоҳи махсуси чопӣ дар коргоҳ насб гардидааст, ки мувофиқи завқи харидорон дар рӯи либосҳо навиштаҷоти гуногунро чоп мекунад.
Дар маҷмуъ, таҷҳизоти корхонаи навтаъсис аз ширкатҳои пешқадам харидорӣ гардида, дар бузургтарин ширкатҳои нассоҷии ҷаҳонӣ истифода мегарданд.
Бо истифода аз имконот дар коргоҳи навтаъсиси «Дурдона» тамоми марҳалаҳои истеҳсоли либос, шуруъ аз буридани матоъ то ба дӯхтани он, роҳандозӣ шудааст.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо маҳсулоти ниҳоии корхонаи дӯзандагии «Дурдона» шинос шуда, ба сифати маҳсулот ва шаклу дизайни он баҳои баланд доданд.
Ифтитоҳи чунин коргоҳҳои истеҳсолӣ барои амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии босуръати кишвар мусоидат намуда, дар баробари ин, имконият фароҳам меорад, ки соҳаи нассоҷӣ рушд кунад ва марҳала ба марҳала коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ дар дохил роҳандозӣ шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истеҳсолот ва дастгоҳу таҷҳизоти насбгардида дар корхона баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату арзандаи дастгирӣ номиданд.
Ба кормандони коргоҳи навтаъсис тавсия дода шуд, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа диҳанд, то либосҳои корхона ҳамчун маҳсулоти рақобатпазир харидор пайдо намояд.
Ба истифода додани маҷмааи варзишии ба номи Лолахон Қаҳҳоров
22-юми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари деҳоти Миралиобод бинои маҷмааи варзишии ба номи Лолахон Қаҳҳоровро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нави варзишӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Шоҳхисрав Қаҳҳоров ба маблағи 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфт.
Бинои наву замонавӣ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои толорҳои гуногуни варзиш мебошад.
Бунёди маҷмааи варзиш соли 2020 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ 16 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд. Дар маҷмаа завқмандон имкон доранд ба машқу тамрин ва обутоби бадан бо навтарин таҷҳизот машғул шаванд.
Бояд таъкид намуд, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди варзиш, ки муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад, аҳамияти махсус медиҳанд. Маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Ҷаноби Олӣ мебошад, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро баланд мебардоранд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маҷмааи муосири варзиш 16 мутахассиси соҳаи варзиш бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Маҷмааи нави варзиш бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, дар як вақт барои қабули зиёда аз 80 варзишгар шароити зарурӣ фароҳам аст.
Ҳамчунин, дар як қисми бинои навбунёд марказҳои хизматрасонӣ, маркази забономӯзӣ ва иншооти ёрирасон ҷойгиранд.
Гирду атрофи бино бо гулу буттаҳо ва дарахтони ҳамешасабз оро ёфта, роҳравҳои атрофи бино сафолакпӯш ва назди иншоот чароғон аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватандӯст Шоҳхисрав Қаҳҳоров барои бунёди чунин иншооти наву замонавӣ изҳори сипос намуданд. Дар баробари ин, масъулонро муваззаф карданд, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок ва оқилона истифода баранд.
Маврид ба зикр аст, ки Лолахон Қаҳҳоров яке аз шахсони ватандӯст ва ободкори кишвар ба шумор рафта, саҳми ӯ дар рушди соҳаи варзиши кишвар, тарбияи насли наврас ва пешрафти ноҳияи Восеъ хеле назаррас мебошад.
Номбурда 15-уми августи соли 1956 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, барандаи чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва дорандаи 5 медали тилло мебошад.
Ба истифода додани 12 километр роҳ
22-юми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари деҳоти Миралиобод, ҳамчунин, роҳи мумфаршу чароғонгардидаро, ки бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи зиёда аз ду миллион сомонӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Роҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳо барои ба талаботи замон мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ бунёд шуда, аз ду хатти ҳаракат бо паҳноии 7 метр иборат мебошад ва дар маҷмуъ, 12 километрро ташкил медиҳад.
Пас аз ба истифода додани роҳи мошингард, рафтуомади бемамонияти нақлиёт тамоми фаслҳои сол таъмин ва интиқоли молу маҳсулот осон мегардад.
Бунёди роҳ бо мақсади тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун туҳфаи арзишманд ба сокинони ноҳияи Восеъ арзёбӣ мегардад, ки бо иқдоми хайрхоҳонаи шахсони саховатпеша бо сифати баланд сохта шудааст.
Зимни шиносоӣ бо қитъаи роҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бунёди роҳ ба рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити арзандаи зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, гузаргоҳ барои пиёдагардон, ҷӯйборҳои ду канори роҳ, шинондани дарахтони ороишию сояафкан ва сабзкорӣ зебоии роҳро дучанд мекунад.
Канори роҳ чароғон шудааст, ки шабонгаҳ дар баробари таъмини рӯшноию зебоӣ, ҳамзамон, ба осудагию бехатарии сокинон мусоидат менамояд.
Баъди ифтитоҳи қитъаи роҳ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ дар корҳои ободониро амали шоиста хонда, таваҷҷуҳи масъулони дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро ба нигоҳубини дурусти роҳ барои солиёни зиёд ба мардум хизмат расондан ҷалб намуданд.
Боздид аз боғи хоҷагии деҳқонии Миралӣ Маҳмадалӣ
Дар идомаи сафари корӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Миралиобод аз боғи хоҷагии деҳқонии Миралӣ Маҳмадалӣ боздид намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин қитъаи замин боғдорон ба парвариши дарахтони нок, шафтолу, олу, хурмо, чормағз ва зардолу машғуланд.
Дар гармхонаи хоҷагӣ ниҳолҳои лимӯ парвариш мешавад, ки як роҳи дигари даромади хуби иқтисодии коргарон аст.
Бо мақсади истифодаи самараноки замин, дар байни қатори дарахтон сабзавот, аз қабили помидор, қаланфури булғорӣ, каду, боимҷон, полизӣ ва дар кишти дуюм сабзӣ, шалғам, карам, лаблабуи сурх, ҷуворимаккаи дон ва ғайра кишт шудааст.
Дар ноҳияи Восеъ, ки яке аз минтақаҳои калони аграрию саноатии вилояти Хатлон ба шумор меравад, аз майдони 23 334 гектар замини корам 1632 гектарро замини боғот ташкил медиҳад.
Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати 1-уми октябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия беш аз 36 ҳазор тонна меваю ангур истеҳсол шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо нашъунамои дарахтон, вазъи парвариши лимӯ дар гармхонаи хоҷагӣ ва истифодаи самараноки замин ба коргарон барои рушди соҳаи боғутокпарварӣ ва истифодаи самараноки ҳар як порча замин тавсияҳои муфид доданд.