22-юми октябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми МН МО ҶТ, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Тибқи иттилои хабарнигори парлумонии «Ҷумҳурият» Ш. Абдураҳим, дар он Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар барқарорсозии ҳудудҳои Тоҷикистон, ки дар натиҷаи истихроҷи уран ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ зарар дидаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об
«Аз соли 2018 Раванди оби Душанбе ба платформаи эътирофшудаи ҷаҳонӣ барои муколама ва ҳамкории амалӣ табдил ёфтааст».
Ин нуктаро вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об, ки 22-юми октябр дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гашт, иброз намуд.
Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029 қабул ва амалӣ мегарданд.
Мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ
20-уми октябр дар шаҳри Самарқанд нахустин мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар нахустин мулоқоти вазирони мудофиа масъалаҳои таъмини амният дар минтақа, тавсеаи ҳамкории низомӣ ва низомӣ-техникӣ байни кишварҳо, инчунин, бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозии муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва густариши робитаҳои мутақобили судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Татбиқи лоиҳаи «БРАМОМ – 4» дар кишвар
«Лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ «БРАМОМ – 4» бо сифати баланд ва дар вақти муайянгардида татбиқ мегардад».
Ин нукта дар мулоқоти вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таъкид гардид, – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Гуфта шуд, ки ояндаи наздик сохтмони панҷараҳои муҳофизатӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард дар шароити мураккаби кӯҳӣ ва таҳвилу насби тарозуҳо барои бар кашидани вазни воситаҳои нақлиёт амалӣ мешаванд. Инчунин, дар доираи лоиҳа кумаки техникӣ барои таъсиси расадхонаи (обсерваторияи) бехатарии ҳаракат дар роҳ дар назар аст.
Гранти Фонди глобалии ҷалби ҷомеа ва устуворӣ барои Тоҷикистон
Шурои Фонди глобалии ҷалби ҷомеа ва устуворӣ (GCERF) Стратегияи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷудо намудани грантҳо ба маблағи то 2 миллион доллари ИМА тасдиқ намуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария иттилоъ додааст, ки дар ин замина таваҷҷуҳи махсус ба занон, кӯдакон ва пешгирии ифротгароии хушунатомез, махсусан байни ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, дода мешавад. Ҳамчунин, ниёзҳои кормандони иҷтимоӣ ва мақомоти маҳаллӣ, ки дар пешгирии ифротгароӣ саҳм доранд, ба назар гирифта шудааст.
Баррасии имкониятҳои содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Россия
Имконияти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ангур ба Федератсияи Россия, 20-уми октябр зимни мулоқоти директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода бо муовини вазири кишоварзии Россия Максим Маркович баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар мулоқот масъалаҳои амалӣ гардидани механизми «долони сабз» барои бемамоният содир намудани меваю сабзавот ва таъсиси марказҳои логистикӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.