Баргашт Чоп кардан

ХАТЛОН. ПАХТАКОРОНИ ВИЛОЯТ БЕШ АЗ 232 755 ТОННА ПАХТА ХИРМАН ДОРАНД

Тибқи маълумоти сарраёсати Агентии омор пахтакорони вилояти Хатлон, аз аввали мавсим то 22-юми октябр нақшаи ҷамъоварии пахтаро 91,53 дарсад иҷро намуданд.

– Ҳар рӯзи гарму офтобӣ пахтакорони асилу қавииродаи моро ба рӯзи мурод, яъне, иҷрои сарбаландонаи нақшаи солонаи пахтасупорӣ наздик мекунад. Пахтакорони вилояти Хатлон, тибқи нақша, бояд беш аз 254 ҳазору 300 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд, ки то 22-юми октябр 232 755,6 тоннаи он чида шудааст, – иброз дошт ба хабарнигори рӯзнома, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рустамшо Ҷаҳонгир.
Ба маълумоти 22-юми октябр назар карда, ба пахтакорони ёздаҳ шаҳру ноҳияи вилоят: Дӯстӣ бо иҷрои (116,56 дарсад), Данғара (115), Ёвон (112,96), Левакант (111,03), Бохтар (108,71), Вахш (105,97), Хуросон (105,05), Ҷайҳун (104,05), Ҷалолиддини Балхӣ (100,50), Кӯшониён (100,46) ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (100,38 дарсад), ки дурнамои пахтаро иҷро намудаанд, аҳсант хондан мумкин аст, зеро самараи меҳнати онҳо дар пахтаи истеҳсолкардаи ҷумҳурӣ назаррас мебошад.
Дар майдони пахтазор ҳосил ҳанӯз ҳам фаровон аст. Меҳнаткашони вилояти Хатлон ҳар соатро пурсамар истифода бурда, азми қавӣ доранд, ки дар оростани хирмани 254 300 тонна пахтаи вилоят ва 390 000 тонна “тиллои сафед”-и ҷумҳурӣ саҳми муносиб гузоранд.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”