Баргашт Чоп кардан

«DIGITAL TAJIKISTAN» – ҚАДАМИ НАВ ДАР ТАҲКИМИ РАҚАМИКУНОНИИ КИШВАР


Дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan-2025» баргузор гашт. Он бо дастгирии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти алоқа ва Бонки миллӣ ташкил карда шуд. Дар ин чорабинии васеъмиқёси серӯза беш аз ҳазор нафар намояндаи сохторҳои давлатӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ширкатҳои хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ гирди ҳам омаданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ниҳодҳои алоқаи кишвар, операторони мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ лоиҳа, идея ва таҷрибаҳои худро дар самти рушди шабакаҳои 4G ва 5G, тавсеаи дастрасӣ ба интернети баландсуръат, рушди пардохтҳои мобилӣ, платформаҳои рақамии давлатӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ манзур намуданд.
Дар Форум ба рушди иқтисоди рақамӣ, такмили низоми ҳукумати электронӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ, рушди хизматрасониҳо ва бонкдории рақамӣ, ташаккул ва таҳкими иқтидории кадрии иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Иштирокдорони Форум имкониятҳои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, чораҳои ҷалби сармоягузорӣ ва фароҳам овардани муҳити инноватсионӣ барои ширкатҳои IT-ро баррасӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла татбиқи ҳукумати электронӣ, таъсиси низоми пардохти миллӣ ва рушди технологияҳои молиявӣ, қадамҳои устувор мегузорад. Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan-2025», ки маротибаи дуюм дар Тоҷикистон доир мешавад, идомаи мантиқии рақамикунонии кишвар буда, майдони муҳими баррасии масъалаҳои марбут ба савдои электронӣ, такмили инфрасохтори рақамӣ, рушди бонкдории рақамӣ, таъмини амнияти киберӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар минтақа мебошад.
«Digital Tajikistan» на танҳо нишони ҳамқадамии Тоҷикистон бо тамоюлҳои ҷаҳонии рақамисозӣ, балки нишондиҳандаи сиёсати устувори давлатӣ дар самти ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамист. Эълони солҳои 2025-2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ифодаи равшани иродаи сиёсӣ барои ворид кардани кишвар ба марҳалаи нави пешрафти технологӣ мебошад. Ташаббуси дигари муҳими Сарвари давлат дар ин самт – пешниҳоди қатъномаи махсуси байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» мебошад, ки аз ҷониби СММ 25-уми июли соли 2025 қабул гардид ва татбиқи он метавонад ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият бахшад.
Форум шароити мусоидро барои ҳамкории мутақобилан судманд байни сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ фароҳам овард.
Ҳамчунин, Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan-2025» нишондиҳандаи равшани он аст, ки Тоҷикистон ба сӯйи ҷомеаи рақамӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Бо татбиқи пайгиронаи ташаббусҳои давлатӣ ва ҳамкории зичи бахши хусусӣ, Тоҷикистон метавонад дар солҳои наздик ба яке аз марказҳои муҳими рақамӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад ва таҷрибаи миллии худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кунад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»