Баргашт Чоп кардан

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ БО СИМОИ НАВ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Ба истиқболи Ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дошта, симои шаҳр рӯз ба рӯз зеботар мешавад.

Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ин гӯшаи кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад ва мунтазам иқдомҳои нав ба нав ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ татбиқ мегарданд. Имрӯз шаҳри Истиқлол ба яке аз марказҳои умедбахши саноативу иҷтимоии кишвар табдил ёфта, рушди босуръати соҳаҳои муҳими инфрасохторӣ зери таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Тавре муовини раиси шаҳр Ниёззода Муҳаммад Ниёз иттилоъ дод, бо мақсади рушди устувори соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар ҳудуди шаҳр 61 барнома дар самтҳои иқтисод, иҷтимоиёт, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳо амалӣ шуда истодааст. Онҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд. Ин барномаҳо заминаи мусоиди рушдро фароҳам оварда, ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд.
Мавсуф зикр кард, ки нақшаи умумии чорабиниҳо ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз 150 банд иборат буда, то имрӯз 52 банди он пурра амалӣ гардидааст. Аз ҷумла, корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳҳо ва ободсозии дигар инфрасохтори маҳаллӣ аз самтҳои муҳими фаъолият дар шаҳр маҳсуб меёбанд.
Чанде пеш бо дастгирии сокинони ватандӯст аз оилаҳои саховатманди Ориповҳо, Пӯлотовҳо ва дигар ашхоси хайрхоҳ кӯчаи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳр асфалтпӯш карда шуд. Сокинон чунин ташаббусҳои муштаракро намунаи ҳамбастагии ҷомеа дониста, иброз медоранд, ки ин иқдомҳои созанда дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.
Дар идомаи суҳбат муовини раиси шаҳр Ниёззода Муҳаммад Ниёз гуфт: “Ҳаҷми буҷети маҳаллӣ ҳамасола афзоиш ёфта, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шароити иҷтимоӣ ва сатҳи хизматрасониҳо ба аҳолӣ пайваста беҳтар мегарданд. Таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф ва фарҳанг, инчунин бунёди муассисаҳои томактабӣ аз ҷумлаи афзалиятҳои асосии мақомоти маҳаллӣ ба ҳисоб мераванд”.
Айни замон дар шаҳр Лоиҳаи инвеститсионии хориҷии «Баланд бардоштани системаи обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» амал мекунад ва тибқи он бо мақсади беҳтар гардондани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшоӣ корҳои назаррас анҷом дода шуда, хонаҳои баландошёна низ бо оби тоза таъмин шуданд.
Феълан, бо мақсади беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ бо дастгирии Лоиҳаи “Маркази байналхалқии илмӣ-техникӣ” корҳо ҷиҳати ворид кардани оби худҷорӣ ба шаҳр аз 17 километр идома дошта, васлу насби лӯлаҳо дар арафаи анҷомёбист.
– Мушкилоти асосии ҷойдошта ин таъмирталаб будани хатҳои ташноб ва дар шаҳр набудани партовгоҳи махсусгардондашудаи ташноб мебошад ва айни замон бобати ҳалли ин масъала лоиҳаҳо ба ташкилоти хориҷӣ пешниҳод карда шудааст, – гуфт Ниёззода Муҳаммад Ниёз.
Бо дарназардошти хусусияти хоси минтақавии шаҳр, масъалаҳои марбут ба фазои радиатсионӣ ва партовҳои радиоактивӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи мақомот қарор доранд. Дар ин самт як қатор чораҳои рӯйпӯшкунӣ ва безараргардонӣ амалӣ шуда, корҳои минбаъда тибқи нақша идома хоҳанд ёфт.
Ин дастовардҳо гувоҳи равшани татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва пуштибонии мардуми шарифи кишвар аз ин сиёсати созанда мебошад.

Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”