Баргашт Чоп кардан

ВАНҶ. РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯ


Ноҳияи Ванҷ аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ яке аз ноҳияҳои рушдёфтаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шумор меравад. Дар ин минтақа соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ сол ба сол густариш меёбад, ки ин манбаи даромади аҳолӣ ва ҳатто, асоси зиндагӣ мебошад, зеро маҳз пешрафти устувори ин соҳа метавонад ба болоравии сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисодии ноҳия мусоидат намояд.
Ин аст, ки тибқи дастур ва ҳидоятҳои Сарвари кишвар ҳамасола заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, масоҳати боғот низ меафзояд. Ин усули самарабахш ва муфид имкон медиҳад, ки аз ҳисоби содироти маҳсулот ва ба даст овардани ҳосили баланди зироату мева дастархони сокинони ноҳия ғанӣ гардад. Доштани иқлими мусоид, заминҳои ҳосилхез ва захираҳои обии фаровон дар рушди соҳаи кишоварзӣ заминаи воқеӣ мегузоранд.
Имрӯз масоҳати заминҳои ноҳия 2601 гектарро ташкил медиҳад ва бештар аз 1080 гектараш боғҳои мевадиҳандаанд. Дар ноҳия 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият мекунад, ки дар он 120 хоҷагӣ бо 3217 саҳмдор дар майдони 1458 гектар замини обӣ кишти зироатҳои ғалладонаӣ, картошкаву сабзавотро ба роҳ мондаанд. Ҷомеаи кишоварзӣ бошад, дар ноҳия қариб 85–90 фоизи аҳолиро дар бар мегирад.
Кишоварзӣ яке аз рукнҳои муҳими иқтисоди ноҳияи Ванҷ буда, даромади асосии аксари сокинон аз ин соҳа ба даст меояд. Кишти такрорӣ, ки дар соҳаи кишоварзӣ муҳим арзёбӣ мешавад, имсол дар майдони зиёда аз 60 гектар гузаронда шуд.
Бо мақсади рушди соҳаи боғпарварӣ соли ҷорӣ дар масоҳати 46 гектар боғҳои нав бунёд ва дар масоҳати 14 гектар боғҳои куҳна бо шинондани дарахтони мевадиҳанда барқарор гардиданд.
Кишоварзони ноҳияи Ванҷ бо заҳмати худ ва истифодаи самараноки заминҳои кишт дар фаровонии таъмини бозорҳои ноҳия ва ворид кардани маҳсулот ба бозорҳо ва марказҳои савдои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаҳои дигари кишвар саҳми назаррас доранд.
Мебояд зикр кард, ки дар ин давра бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кишоварзӣ кишти навъҳои нави гуногуни меваю сабзавот ва зироатҳои ғалладонаӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳамасола аз он хоҷагидорону кишоварзон ҳосили фаровон ба даст меоранд. Дар ин мавзеи пурганҷ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат боғҳои меваҳои содиротиро афзун намуда, аз ин ҳисоб аҳли деҳот маблағи фаровон ба даст меоранд.
Имрӯз, дар маҷмуъ, 85-90 дарсади аҳолии ноҳия ба кишоварзиву чорводорӣ ва боғдориву рустанипарварӣ машғул буда, даромади аҳолӣ, аслан аз ҳамин ҳисоб сарчашма мегирад.
Усули дигари муфиде, ки соли ҷорӣ мо ба он аҳамияти аввалиндараҷа додем, ин вусъат бахшидани кишти такрорӣ мебошад. Тавре маълум аст, Ванҷ дорои иқлими гуногун аст ва агар қисмати поёнаш гармтар бошад, қисмати болояш, деҳоти Ванҷи Боло хеле сард аст. Аз ин лиҳоз, дар ин қисмат кишти такрорӣ гузарондан аз имкон берун аст. Аз ҳудуди деҳоти Ҷовидони Поён кишти такрорӣ ба таври умумӣ сурат мегирад.
Дар қисмати деҳоти Водхуд бошад, кишти мошу нахӯд гузаронда мешавад, ки ин ҳам эҳтиёҷоти хоҷагиҳоро таъмин менамояд ва ҳам содирот мегардад. Ин усулҳои муфид дар ноҳия ба таври анъанавӣ ҳамасола мавриди истифода қарор мегиранд. Аз ин ҳисоб захираи хӯроки чорво зиёд гардида, ҳамзамон, чорводорӣ низ рушд меёбад.
Имрӯзҳо дар ноҳия маъракаи кишти тирамоҳӣ идома дошта, то имрӯз хоҷагидорон дар майдони 67 гектар кишти тирамоҳӣ гузарондаанд. Ҷамъоварии картошка бошад, аз майдони 473 гектари киштшуда, давом дорад ва содироти он низ хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ҳисоби боғот бошад, то имрӯз 2205 тонна ҳосил содирот гардидааст. Содироти мева ҳамасола то моҳҳои декабр ва баъзан то баҳорон идома меёбад.
Барои боз ҳам рушд бахшидани соҳаи кишоварзӣ имрӯз ноҳия бо аз худ намудани заминҳои ғайрикорам, ки дар соҳилҳои дарёи Ванҷоб ҷойгиранд, ниёз дорад. Дар мавзеи Реғҷу Ҷангали Зуго, Дашти Бовуд, Гишхун, сарфи назар аз заминҳои нобобу санглох буданашон, боғҳо бунёд мегарданд. Обёрии заминҳои бекорхобида бошад, идома дорад, бахусус дар хатти обгузари Бунай – Ҷангали Зуго – Одешт – Бовуд.
Барои кушодани киштзорон ва боғот захира ва имкониятҳо зиёданд. Аз ҷумла, дар соҳилҳои Ванҷоб садҳо гектар замин мавҷуд аст, ки ҳамасола бар асари омадани сел ин мавзеъҳо ба сангоб табдил ёфтаанд.
Аз деҳаи Пойи Мазор то маркази ноҳия аз ҳисоби сангобҳо метавон зиёда аз 800 гектар замини навро ба киштзор табдил дод.
Маҳз ҳамин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрияшон бо роҳбарон ва сокинони ноҳия зикр намуда, ба як маҷрои муайян даровардани дарёи Ванҷобро ба мутасаддиён дастур доданд.
Ба андешаи Пешвои миллат, агар Ванҷоб ба як маҷро дароварда шавад, дар соҳилҳои он як Ванҷи нав сохтан имкон дорад. Кишоварзони ноҳияи Ванҷ ҷавобан ба дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат тасмим гирифтаанд, ки бо заҳмати аҳлона дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиби худро мегузоранд ва Ҷашни пурифтихору фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатиро сазовор истиқбол хоҳанд гирифт.
Наҷмиддин ДАВЛАТЗОДА,
раиси ноҳияи Ванҷ