Баргашт Чоп кардан

КАРОМАТУЛЛО ҚУРБОНОВ


Кароматулло, ҳарчанд дар байни мо нест, яке аз овозхонҳои серҳаводортарин ва чеҳраи саршиноси санъати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳамагӣ 31 сол умр дид. Дар ин умри кӯтоҳи худ дар эстрадаи тоҷик мактаби худро созмон дод, ки имрӯз бисёре аз сарояндагони ҷавон ба он пайравӣ мекунанд. Овозхони мумтоз ба мусиқии муосири тоҷик таровати нав бахшид ва дар ташаккул ва шинохти мусиқии миллӣ нақши мондагоре аз худ боқӣ гузошт.
Кароматулло Қурбонов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 29-уми ноябри соли 1961 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Баъдан, онҳо ба ноҳияи Рӯдакӣ мекӯчад. Кароматулло ҳангоми дар синфи чорум хонданаш, аллакай, ғижаку дутор менавохт. Чун падараш дӯстдори санъат буд, фарзандонашро ба ин роҳ ҳидоят мекард. Кароматуллои наврас дар тамоми чорабиниҳои мактаб ва озмунҳои фарҳангии ноҳиявию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзид. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил мешавад.
Чанд муддат дар гурӯҳи созию овозии “Суғдиён” фаъолият намуда, сипас ба ансамбли овозадори «Гулшан» даъват мешавад. Солҳои 1980-1992 осмони санъати тоҷикро ин ахтари тобон ҷило медод. Таронаҳояш дилнишин, садояш марғуладору истеъдодаш фавқулода буд. Исми Кароматулло Қурбонов вирди забонҳову хурду бузург таронаҳои ӯро замзама мекарданд. Пиру барно эҳтиромаш мекарданду дӯсташ медоштанд. Баъзе сарояндагон ба сабку услуби ӯ пайравӣ мекарданд.
«Мо бо ҳам аз овони кӯдакӣ калон шудаем. Бо ҳам дар мактаби №3-и деҳаи Чорсӯи ноҳияи Рӯдакӣ, дар як синф, таҳсил мекардем. Кароматулло меҳрубону зирак буду дар дарсҳо фаъол. Дӯстам инсони хоксору ҳалим ва серкор буд. Ҳамеша барои муваффақ шудан талош мекард. Устоди санъати Ҳиндустон Муҳаммад Рафӣ ва овозхони шаҳири афғон Аҳмад Зоҳирро хеле дӯст медошт. Ба ҳамин хотир, номи фарзандашро Муҳаммадрафӣ гузошт», – ба ёд меорад Исматулло Холов, сарояндаи шинохта ва яке аз дӯстони наздики мавсуф.
Кароматулло Қурбонов тули умри кӯтоҳаш ҳафт албоми сурудҳои худро сабт намуд, ки аз 76 тарона иборат аст. Сурудҳои «Ватан», «Бишнав, ки аз бунёди ман», «Боз омадӣ, хуш омадӣ», «Лаъли лабони ман биё», «Мо омадаем, ки базм обод шавад», «Рақс бикун, ҷоно», «Ҷони ман, қурбони ман», «Эй турки камонабрӯ», «Ошиқони Варзоб», «Хайрбод», «Санги мазорам» аз ҷумлаи беҳтаринҳо мебошанд, ки ҳар яке бо оҳанги хосу самимияту муҳаббат сароида шудаанд.
Кароматулло Қурбонов эҷодкорест ҳақиқӣ, пайваста дар ҷустуҷӯ буд. Бештар ба сабки ҳиндиву афғонӣ муҳаббат дошт. Аз ин рӯ, сабки ҳиндиву афғониро бо мусиқии мо омезиш медод. Кӯшиш мекард, ки дар пайравии овозхони маъруфи ҳинд Муҳаммад Рафӣ ва ситораи Шарқ Аҳмад Зоҳир эҷод кунад, роҳу услуби онҳоро истифода намояду мактабу равияи худро бунёд созад. Ӯ воқеан ҳам дар ҷодаи санъат комёбу муваффақ шуд.
Ҳунарпеша ва ровии маъруф Ортиқи Қодир мегӯяд: «Бо Кароматулло ҳам дӯсти наздик ва ҳам ҳамсоя будем. Дар чорабиниҳои фарҳангӣ якҷо иштирок мекардем… Шодравон дар жанри эстрада таҳаввулоти аҷиб овард. Ӯ аз равзанаи ифтихори миллӣ ба ҷаҳони санъати муосир нигоҳ мекард ва нисбат ба худ серталаб буд, мехост ҳунараш боз ҳам сайқал ёбад. Афсус, ҳунарманди мумтози моро ҷаҳолат аз байн бурд ва доғи ин дар дили азизону мухлисон боқӣ мондааст».
Кароматулло Қурбонов 17-уми октябри соли 1992 дар роҳи бозгашт аз базм дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби ашхоси ҷоҳил ба таври ваҳшиёна кушта шуд.
Ҳамсараш се кӯдаки хурдсолро дар он шабу рӯзи ноором, бар замми мушкилоти зиёд ба камол расонд. Имрӯз фарзандонаш – Муҳаммадрафии Кароматулло ва Нозияи Кароматулло – аз зумраи сарояндаҳои шинохтаи эстрадаи тоҷик ба шумор мераванд. Бо саъю кӯшиши онҳо ҳамасола ба ифтихори зодрӯзи қиблагоҳи азизашон Кароматулло Қурбонов барномаи консертии бошукӯҳ баргузор мегардад.
Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба хотираи ёди ҷовидона номи Кароматулло Қурбоновро дорад.
Ёди ӯ бо садову суруд ва оҳангҳои дилнишинаш дар дили мухлисон абадан ҷой гирифтааст.

Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»