Баргашт Чоп кардан

“ҶУМҲУРИЯТ”. МУБАЛЛИҒИ ДАСТОВАРДҲОИ ҶАВОНОН


Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон, ки таҳти сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд мекунад, ҷавонон ҳамчун қувваи пешбаранда мавқеи хосса доранд. Дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Маврид ба таъкид аст, ки дар муаррифии ҷавонони фаъол ва дастовардҳои онҳо воситаҳои ахбори омма, хусусан Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” нақши муҳим мебозанд.
Тавре медонем, соли 2017 дар кишвар Соли ҷавонон эълон шуда буд. Дар доираи Соли ҷавонон ва бо мақсади муаррифии ҷавонони муваффақу болаёқат рӯзномаи “Ҷумҳурият” Озмуни “Пайрави Пешво”-ро роҳандозӣ намуд, ки аз 10-уми феврал то 10-уми май идома ёфт. Маросими ботантанаи ҷамъбасти Озмун 12-уми май, дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, бо ширкати васеи эҷодкорон дар толори Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” сурат гирифт. Ба Озмуни “Пайрави Пешво” зиёда аз 60 маводи журналистӣ пешниҳод шуда, 20 мақолаи беҳтарин нашр гардид. Бо ин рӯзнома дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои ҷавонон иктифо накард, балки бо нашри мақолаҳо ва гузоришҳо оид ба муваффақиятҳои ҷавонон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла донишандӯзӣ, илм, варзиш, фарҳанг ва соҳибкорӣ, саҳми арзанда мегузорад. Бо пешниҳоди маводи гуногун “Ҷумҳурият” ба хонанда намунаҳои ибратбахши дастовардҳои ҷавонони муваффақро муаррифӣ мекунад, ки ин ба ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ин қишри ҷомеа мусоидат менамояд. Инчунин, рӯзнома бо баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо дар иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба ҷавонон саҳм мегузорад. Бо ташкили мусоҳибаҳо бо ҷавонони фаъол ва муваффақ таҷриба ва дастовардҳои онҳоро ба ҷомеа мерасонад, ки ин илҳомбахши дигар ҷавонон мегардад.
Ҷавонон ояндаи миллат ва неруи созандаи ҷомеа мебошанд, аммо дар роҳи рушд ва камолоти худ онҳо бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешаванд. Бинобар ин рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба баррасии мушкилоти ҷавонон низ аҳамияти махсус дода, роҳҳои ҳалли онҳоро тавассути мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва таҳлилҳои журналистӣ пешниҳод менамояд. Масъалаҳои марбут ба таҳсил, кор, фаъолияти иҷтимоӣ ва худшиносии ҷавонон дар мақолаҳои таҳлилӣ баррасӣ шуда, пешниҳодҳо барои ҳалли онҳо ироа мегарданд.
Ватандӯстӣ ва масъулияти иҷтимоӣ ду арзиши муҳими ҷомеаи солим мебошад. Маҳз тавассути эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва масъулиятшиносӣ ҷавонон метавонанд дар рушду тараққиёти кишвар саҳм гузоранд. Рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳамчун минбари камолоти маърифат дар ташаккули ин арзишҳо дар ниҳоди ҷавонон нақши бузург мегузорад. Бо нашри маводҳо дар бораи масъулияти ватандӯстӣ рӯзнома онҳоро ба иштироки фаъолона дар рушди ҷомеа ташвиқ менамояд.
Дар маҷмуъ, рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳамчун минбар барои ҷавонони муваффақ ва майдоне барои ҳалли мушкилоти онҳо хизмат намуда, бо инъикоси дастовардҳо ҷавононро ба фаъолияти созанда ташвиқ месозад.

Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”