Баргашт Чоп кардан

«ОМОСШИНОСӢ» («ОНКОЛОГИЯ»). САМАРАИ ҲАМКОРИИ ПАЖӮҲИШГАРОНИ ТОҶИКУ РУС


Чанде пеш тавассути чопхонаи «Эр-Граф» китоби “Омосшиносӣ» («Онкология») чоп шуд, ки аз 671 саҳифа иборат аст. Ин асар ба сифати китоби дарсӣ нашр гардида, муаллифонаш ду олими шинохтаи омосшиносии Тоҷикистон ва Россия Сангинов Ҷумъабой ва Максим Риков ҳастанд. Ин ду муаллиф, дар баробари иштирок дар табобати амалӣ, ҳамзамон, олимони номошно ҳам ҳастанд.
Дар оғози ин муаррифӣ доир ба номи китоб бояд тазаккур диҳем, ки пажӯҳишгарони муосири тоҷик талош доранд, ки номи илми саратоншиносиро бо вожаи “омосшиносӣ” иваз намоянд, зеро на ҳама омосҳои дар вуҷуди инсон пайдомешуда саратонанд. Худи вожаи “саратон” дар баробари ифода кардани фасли сард, яъне зимистон, ҳамзамон, номи ҷонварест, ки ба тоҷикӣ харчанг гӯянд. Омос ҳам шакли харчангро дошта, ба вуҷуди одам сахт мечаспад. Дар ҳоле ки омос чун вожаи тоҷикӣ-порсӣ маънии варам, дамидагии аъзои баданро мефаҳмонад, ки дурусттар аст. Дар осори Носири Хусрав омада:
Лекин аз роҳи ақл ҳушёрон,
Бишиносан(д) фарбеҳӣ з-омос.
Юсуф ибни Муҳаммад дар рисолаи худ «Тибби Юсуфӣ» ё «Ҷомеъу-л-фавоид», ки бо забони тоҷикӣ-форсӣ дар соли 1500 чоп шудааст, менависад: “Саратон омосе бувад гирдшакл, моил ба сабзӣ ва тирагӣ ва ҳаволии он рагҳои бархоста ва мумтало” .
Омосҳо нексиришт ва бадсиришт мешаванд, ки дар истилоҳи илми рус «доброкачественная опухоль» ва «злокачественная опухоль» мегӯянд. Китоби «Омосшиносӣ» барои рӯшантар шудани ин масъала ҳам ёрӣ мерасонад.
Китоби мазкур аз ду бахш иборат мебошад. Бахши якуми он ба масъалаҳои умумии омосшиносӣ, аз ҷумла таърихи батафсили ташаккули соҳаи омосшиносии муосир, саҳми пурарзиши олимони барҷастаи соҳа аз Гиппократ ва Абуалӣ ибни Сино сар карда, то мутахассисони маъруфи замони муосир, шарҳи паҳлуҳои муҳими омосшиносӣ, вижагиҳои эпидемиологии бемориҳои саратон дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, нозукиҳои стратегияи мубориза бо омосҳои бадсиришт, принсипҳои ташхису муолиҷаи омосҳои бадсиришт бахшида шудааст.
Дар бахши дуюми китоб, ки омосшиносии ҷузъӣ ном дорад, шарҳу баёни омосҳои асосии бадсиришт, ки дар бештари кишварҳои дунё басомади хеле баланд доранд, бо пайдарпайии тафсири гирифторшавӣ ба онҳо, омилҳои мусоидаткунандаи пайдоиш ва инкишоф, таснифот, усулҳои муосири ташхис ва муолиҷаи ин бемориҳо, инчунин, роҳҳои пешгирӣ ва назорати баъди муолиҷаро дар бар мегирад.
Андрей Дмитриевич Каприн, президенти Ассотсиатсияи омосшиносони Россия, академики ҳақиқии Академияи илмҳои Россия ба аҳамияти китоб чунин баҳо додааст: “Китоби дарсӣ аз ҷониби омосшиносоне тасниф гардидааст, ки дар муассисаҳои олӣ ва созмонҳои тиббии Россия ва Тоҷикистон ба фаъолияти педагогӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ машғуланд ва тамоми фаслҳои омосҳои бадсириштро фаро мегирад, ки дар барномаи таълимии донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ асосӣ ба шумор мераванд. Тамоми лаҳазоти эпидемиологӣ, манзараи клиникӣ, ташхис ва ташхиси тафриқавӣ, муолиҷа, инчунин, скрининги номияҳои нисбатан паҳншуда ва хеле аҳёнии бадсиришт дар шакли фишурда шарҳ дода шудаанд. Бо эътимод гуфта метавонам, ки нашри чунин китоб дар раванди тарбияти табибони дараҷаи ихтисосашон баланди омосшиносӣ мақоми шоиста пайдо намуда, барои ҷалби мутахассисони нав мусоидат мекунад”.
Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, профессор Нуриддин Муҳиддин низ чопи китобро бо забони давлатӣ ситоиш намуда, менависад: “Усули навиштани асар, забони равон, сохтори таркибӣ ва мазмуни он ба талаботи китобҳои дарсии таҳсилоти олии тиббӣ пурра ҷавобгӯ буда, чопи он ба забони давлатӣ, бо назардошти такя ба дастовардҳои солҳои охири илм ва амалияи омосшиносӣ саривақтӣ мебошад”.


Муаллифи тоҷикистонии китоб Ҷумъабой Сангинов, доктори илмҳои тиб, профессор буда, роҳбари илмии "Маҳфили олимони ҷавон-омосшиносон", муаллифи 360 таълифоти илмӣ, китобҳои дарсӣ ва монографияҳост. Ҳоло дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Тоҷикистон фаъолият дорад.

 
Муаллифи россиягии асар Максим Риков, доктори илмҳои тиб, профессор, мудири кафедраи педиатрияи Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия, ноиби директор оид ба коргузорӣ ва густариши робитаҳо дар соҳаи таҳсилоти Академияи таҳсилоти байналмилалии Москва буда, муаллифи 290 таълифоти илмӣ, китобҳои дарсӣ ва монографияҳо мебошад.

Диловар ҒАНИЕВ,
саратоншинос, номзади илмҳои тиб,
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”