Натиҷаи заҳмату кӯшишҳои дастҷамъона буд, ки соли 2022 Данғара бо нишондиҳандаҳои худ байни дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон беҳтарин ноҳия эътироф шуда, соли 2023 дар озмуни вилоятӣ оид ба муайян намудани хона, оила, кадбону, деҳа, маҳалла, деҳот ва ноҳияи беҳтарин “Беҳтарин ноҳия”эълон гардид.
Имсол низ дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ назаррасанд. Фарзи мисол, агар ба соҳаи кишоварзӣ назар афканем, имсол заркорони ноҳия майдони пахтазорро назар ба соли гузашта қариб 200 гектар зиёд намуда, 11-уми октябри соли 2025 дар қатори аввалинҳо аз иҷрои нақша мужда расонданд. Пахтакорони меҳнатқарини ноҳияи Данғара дар байни ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аввалин шуда, аз иҷрои нақша бо сарбаландӣ баромада, аз майдони 5 215 гектар ба ҷойи 10 ҳазору 700 тонна, то 27-уми октябр 13135,2 тонна пахтаро ба нуқтаҳои қабул супурданд, ки 122,76 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Самари бадастомада назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7705,9 тонна зиёд мебошад.
Кароматулло АТО,
"Ҷумҳурият"