9 майи соли 1945 майдони марказии шаҳри Хоруғ бо парчам ва шиору овезаҳо оро дода шуда буд. Гирдогирди майдон дарахтони себу зардолу бо гулҳои баҳориашон ба он зебоии дучанд мебахшиданд. Пиру ҷавон, зану мард дар тан либосҳои идона бо чеҳраҳои хандон дар ин ҷо ҷамъ омаданд. Ана сарҳадчиён – муҳофизони марзи Ватани азизамон ҳам бо сафҳои ороста вориди майдон шуданд.
Дар минбар намояндагони кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва чеҳраҳои маъруфи ҷамъиятиву сиёсӣ ҷо гирифтанд. Аз чеҳраҳояшон маълум буд, ки ҳама хеле шоду мамнунанд. Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи иҷроияи Шурои депутатҳои меҳнаткашони ВМКБ Ҷифон Мулкамонов назди минбар омада, бо суханони муқаддимавӣ ҳамоиш ба муносибати ғалаба бар Германияи фашистиро кушода эълон менамояд ва суханро ба котиби кумитаи ҳизбии вилоят, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Шариф Раҳматов медиҳад. Ӯ оид ба қаҳрамониҳову корнамоиҳои Армияи Сурх ва заҳмати меҳнаткашони ақибгоҳ дар таъмини ғалаба сухан ронда, тамоми халқу Ватани паҳноварамонро бо зафар бар Германияи фашистӣ табрику муборакбод менамояд. Номбурда, аз ҷумла зикр кард, ки дар таъмини Ғалабаи бузург саҳми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, минҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ, калон аст. Халқи тоҷик аз рӯзҳои аввали оғози ҷанги хонумонсӯз бо дигар халқу миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ паҳлу ба паҳлу истода, на танҳо мамлакатамонро аз фашистони немис озод намуданд, балки халқҳои тамоми кишварҳои Аврупоро низ, аз зери истилои гитлерчиён наҷот бахшиданд. Инак, давлати мо ба давраи тараққиёти осоишта, ба панҷсолаи нав дохил шуд. Дар ин давра дар назди мо вазифаҳои масъулиятноки бузург, мисли дар муддати кӯтоҳтарин барқарор кардани хоҷагии халқ, ба дараҷаи тараққиёти пешазҷангӣ расидан ва аз он гузаштан, иқтидори иқтисодӣ ва ҳарбии мамлакатро боз ҳам мустаҳкам кардан, дараҷаи некуаҳволии моддии аҳолиро баланд бардоштан ва ғайра меистанд. Мо аминем, ки мардуми заҳматпеша аз иҷрои ин вазифаҳои бузург низ, бо сари баланд мебарояд.
Мардуми ҷамъомада суханронии котиби кумитаи ҳизбиро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол намуданд. Он рӯз шодмонии сокинони вилоят чун дигар манотиқи мамлакати паҳноварамон ҳадду канор надошт. Барномаи консертӣ ва бозиҳои варзишӣ то дергоҳ давом карданд. Ин чорабинии хотирмонро ҳозирон ҳеҷ аз хотир намебароваранд, – қисса мекард собиқадори меҳнат, иштирокчии фронти меҳнатӣ дар Қазоқистон Алифбек Алиёров, ки чанд сол пеш аз олам даргузашт.
Инак, 78 сол мешавад, ки 9 май ҳамчун Иди Ғалабаи бузург – ғалабаи халқи Иттиҳоди Шуравӣ бар Германияи фашистӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Миллати тоҷик саҳми арзандаи иштирокчиёни ҷанг ва меҳнаткашони ақибгоҳро дар таъмини Ғалаба ёд дорад ва қадршиносӣ мекунад.
Аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, асосан, аз нимаи соли 1943 сафарбаркунии ҷавонони синни даъват ба фронт оғоз ёфт. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ин минтақа зиёда аз 2,5 ҳазор фарзанди баору номус иштирок намуд. Мутаассифона, дар давраи ҷанг аз номи бештар аз 1000 нафар ҷавони бадахшонӣ “хатти сиёҳ” омад. Қариб нисфи ба фронтрафтагон бо сари баланд, бо ордену медалҳо назди оилаҳои худ баргашта, дар давраи ҳаёти осоишта ҳам, корнамоиҳои зиёди меҳнатӣ нишон доданд. Озиршо Хусравов, Акрамҷон Раҳимҷонов, Симик Абдулкаримов, Бекназар ва Абдулназар Ванҷаковҳо, Гулзорхон Раҳмонқулов, Анвар ва Дилдор Шозодаероновҳо, Фидоалӣ Қонунов, Исмоил Олимов, Сафар Хоҷаев, Саидмир Абдураҳмонов, Шакаршо Ғарибшоев, Саидбек Раҳмонов, Қуботбек Айдарбеков, Содатқадам Хушқадамов, Чаман Мӯсоев, Мизроб Доробов, Маҳмадгул Парпиев, Мамадвалӣ Асаншоев, Олим Вазиршоев, Ҷумъа Дастамбуев, Худобахш Орумбеков, Соибназар Ғафуров аз ҷумлаи онҳое буданд, ки аз фронт баргаштанд.
Мутаассифона, имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз байни иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ягон нафар дар қайди ҳаёт нест. Вале мардум онҳоро ба некӣ ёд мекунанд. Ба номи аксарияти онҳо кӯчаву маҳалла, муассисаҳои маориф, фарҳанг ва варзиш гузошта шудаанд. Кору пайкори онҳо барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини ватандӯстӣ боқӣ мемонад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”