Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” баррасӣ гардид.
Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳа иброз дошт, ки мақсад аз даровардани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, дар мадди аввал, мутобиқ намудани Қонуни мазкур ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”, инчунин, мухолифат накардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии баробарвазн мебошад.
Зикр гардид, ки баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор, бартараф намудани норасоии кадри омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дар вақти фаъолияташ ҷалб накардани омӯзгор ба хизмати ҳарбӣ дар сархати 12 моддаи 5 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” чунин меъёр пешбинӣ карда шуд: “Дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ хизмати ҳатмии ҳарбиро ба таъхир гузорад”.
– Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёри қонуни амалкунанда ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ҷиҳати ба таъхир гузоштани хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ таҳия гардидааст,– гуфт Мадина Бобоиён, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният.
Пас аз овоздиҳӣ Қонун қабул шуд.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”