Баргашт Чоп кардан

САНОАТ. РУШДИ СОҲАЕ, КИ ИҚТИСОД МЕСОЗАД


Тоҷикистон дар замони шуравӣ аз лиҳози саноат дар байни 15 ҷумҳурии Иттифоқ ҷойи 10-умро ишғол мекард. Соли 1991 шумораи корхонаҳои саноатӣ 2308-торо ташкил медод, ки 358-тоаш корхонаи нисбатан калони саноатӣ ба ҳисоб мерафт. Бо назардошти теъдоди аҳолӣ, ин рақам барои он замон шароити хуб арзёбӣ мегардид.
Мутаассифона, раванди хусусигардонии соҳаи саноат аз оғози солҳои 90-уми асри ХХ ва сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳолати соҳаро батамом хароб намуд. Аз сабаби камтаҷрибагии моликони корхонаҳои хусусигардондашуда ва таъсири манфии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аксари заводу фабрикаҳо аз кор бозмонда, пасон, таллаю тороҷ гардиданд.
Воридшавии молҳои корхонаҳои саноатии давлатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон, аслан, аз соли 1996 ба вуҷуд омад. Дар натиҷа баъзе аз корхонаҳое, ки каму беш фаъолият доштанд, ба мушкил мувоҷеҳ шуданд.
Бо вуҷуди мушкилоти пешомада, бо мақсади наҷоти давлату миллат ва раҳоии халқ аз тангдастию бадбахтӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали давлатсозиашон ба ин бахши муҳими давлатдорӣ диққати ҷиддӣ медоданд. Зери сиёсати созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра соҳаи саноат рушд карда, дар шароити кунунӣ, бозори молҳои саноатии Тоҷикистон, хушбахтона, дар баробари харидорони дохилӣ аз харидори хориҷӣ ҳам кам нест.
Рушду тараққиёти Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи саноат, аслан, аз солҳои 2000-2001 оғоз ёфт. Ногуфта намонад, ки дар баробари дастовардҳои зиёд, инчунин, дар ин давра аксари корхонаҳои аз замони шуравӣ боқимонда, бинобар сабаби куҳнаю фарсуда шудани дастгоҳҳо, аз нав ба таври комил бо таҷҳизоти муосир таъмин шуданд. Дар ин самт дастгирии бахши хусусӣ низ чашмрас мебошад. Зери сиёсати давлатӣ аз ҳар ҷиҳат фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан дар бахши саноат, дастгирӣ ёфта, барои комёбиҳои бештар заминаҳои моддӣ ва маънавӣ дар мамлакат муҳаё гардидаанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ дар баробари баррасии дигар соҳаҳо масъалаи рушди саноатро ҳамеша таъкид менамоянд.
Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ (28-уми декабри соли 2024) бори дигар соҳаи саноат натиҷагирӣ ва мавриди таҳлил қарор гирифт. Зимни баррасии мавзуъ Роҳбари давлат зикр намуданд: «Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд».
Албатта, ин як дастоварди бузурги саноатчиёни тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Барои боз ҳам дақиқтар дарк кардани пешрафти соҳа ин ҷо зарур медонам, ки вазъи соҳаи саноатро дар асоси маълумоти оморӣ манзури хонандаи азиз гардонам. Агар дар Тоҷикистон то соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ амал менамуд, пас, ин рақам дар 25 соли аввали соҳибистиқлолӣ (1991-2016) ба 2068 корхона ва 86,4 ҳазор ҷойи корӣ расидааст. Тавре аз Паём бароямон маълум гардид, ба ғайр аз ин, дар панҷ соли татбиқи ҳадафи чорум (2018-2023) иловатан 2040 корхонаи саноатӣ бо муҳайё намудани 74 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шудааст.
Аз рӯйи таҳлили коршиносон, маълум мешавад, ки дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ бунёд гардида, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст.
Яке аз мушкилот дар ин самт зиёд намудани ҷойҳои кори холӣ ба шумор меравад. Ин тадбир дар роҳи коҳиши раванди муҳоҷирати меҳнатӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Вобаста ба ин, ҳанӯз дар Паёми соли 2023 Сарвари давлат гуфта буданд: «Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ташкили ҷойҳои кории нав бо музди меҳнати муносиб дар дохили кишвар ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад».
Мутаассифона, имрӯзҳо бештари нотавонбинони давлату миллати тоҷик ҳамин раванди бесобиқаи муҳоҷирати меҳнатиро ба назар гирифта, ба ин васила, мекӯшанд тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар доираҳои ғайрирасмӣ афкори носолими хешро дар мафкураи ҷомеа шакл бидиҳанд. Аммо бехабар аз он, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо махсуси як давлат набуда, як масъалаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ба ғайр аз ин, чунин ба ном “таҳлилгарон” ҳангоми баррасии масъала ҳеҷ гоҳ ҳодисаҳои солҳои 90-ум ва дар пайи он хисороти беш аз 10 миллиард доллари Тоҷикистонро пеши назар намеоранд. Барои ҳар фарди солимақли мамлакат тағйироти шароити зиндагии мардуми Тоҷикистон ва пешрафти рӯзгори ҷомеа чун рӯз равшан аст. Аз ин рӯ, мо набояд дар чунин шароит ба ҳарзаҳои доираҳои манфиатҷӯ дода шуда, барои амалӣ гаштани манфиатҳои аҳриманонаи онҳо имкон бидиҳем.


Давлатшоҳ МАҲМУДОВ,
омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ