Баргашт Чоп кардан

ЭНЕРГЕТИКА. ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ СОҲАРО БА НИЗОМ МЕДАРОРАНД


Дар доираи амалӣ шудани сиёсати энергетикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ислоҳоти соҳаи энергетикаи кишвар соли 2019 як қадами нав гузошта шуда, дар сохтори ин низоми барои кишвар муҳим тағйироти куллӣ ба амал омад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2019, № 330, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», ки чун мудирияти асосии низоми энергетикӣ аз давраи Иттиҳоди Шуравӣ то ин дам амал менамуд, ба се сохтори мустақил тақсим шуд.
Дар асоси ин қарор, барои идораи низоми энергетикии кишвар дар баробари Ширкати «Барқи Тоҷик» боз ду корхонаи мустақили дигар – Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ» ташкил ёфт. Баъдтар, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» низ ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» табдил дода шуд. Гарчанде аз берун барои муштариёни неруи барқ ин тадбир он қадар муҳим нанамояд ҳам, ин такмили сохтор таҳаввулоти ҷиддие дар соҳаи энергетикаи кишвар ба шумор меравад ва ман гумон мекунам, ки барои амалӣ шудани сиёсати энергетикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадаме ба пеш буд. Аслан, Пешвои миллат, ки энергетикаро соҳаи муҳимтарини пешбурди иқтисодии кишвар номидаанд, ба таҳкими инфрасохтори интиқоли барқ таваҷҷуҳи беандоза доранд. Маҳз бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Ҷануб – Шимол», ки аз даврони Иттиҳоди Шуравӣ нақшаи он рӯйи қоғаз омада, сохтмонаш доимо мавриди баҳсу муҳокима буд, оқибат бунёд ёфт ва 29-уми ноябри соли 2009 бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуд. Бояд зикр намуд, ки ин хатти баландшиддати интиқоли неруи барқ барои кишвари мо аҳамияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва стратегӣ дорад. То бунёди он низоми энергетикии шимоли кишвар аз марказ ҷудо буд. Дар ин ҳолат, ки аксари иқтидорҳои энергетикии мо, вобаста ба имконот ва ҳаҷми захираҳои обӣ – энергетикии дар дарёи Вахш мавҷудбуда, дар ҷануби кишвар бунёд ёфтаанд, барои шимоли кишвар мо маҷбур будем, ки барқи даркориро аз кишварҳои ҳамсоя ворид намоем. Ягона иқтидори энергетикии вилояти Суғд – НБО “Қайроққум”, ҳар сол ба қадри аз 15 фоиз камтари талаботи вилояти Суғд неруи барқ истеҳсол мекунад. Баъди ба кор даровардани хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Ҷануб – Шимол» ин вобастагӣ пурра барҳам хӯрд ва Тоҷикистон соҳиби низоми ягонаи энергетикӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар маросими ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Ҷануб – Шимол» зикр карда буданд: “... Бо фароҳам овардани фазои ягонаи энергетикӣ, ки дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон рӯйдоди воқеан муҳими таърихӣ мебошад, мо дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон боз як қадами ҷиддӣ гузоштем”.
Вобаста ба ин, масъулияте, ки ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ба дӯш дорад, хеле муҳиму зарурист. Истеҳсоли барқ агар як тарафи кор бошад, онро қабул ва то истифодабаранда интиқол додан низ кори муҳим ва амали хеле заҳматовару мушкил аст. Дар кори интиқолдиҳандагони барқ хурдтарин беаҳамиятӣ метавонад боиси садамаҳои калони технологӣ гардад.
ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" соли гузашта аз манбаъҳои истеҳсол, яъне неругоҳҳои ҶСК “Барқи Тоҷик” ва неругоҳҳои барқии обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, НБО “Роғун”, ки алҳол ду агрегати он фаъолият дорад, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон, зиёда аз 23 миллиард кВт-соат энергияи барқ қабул намуда, онро ба истифодабарандагон интиқол додааст. Ин рақам хурд ва ин кор одӣ нест. Ба ин кор зиёда аз 1 ҳазору 600 нафар корманди мо, аз барқкори одӣ сар карда, то кормандони инженер-техникӣ машғуланд, ки кори онҳо вақту меъёр надорад. Ба маънои томи калима – онҳо пайваста дар зери шиддатанд. Кормандони мо якдигарро иваз карда, шабу рӯз кори мутассили интиқоли барқро таъмин месозанд ва мекӯшанд, ки дар ягон қитъаи кориашон лаҳзае интиқоли барқ қатъ нагардад.
ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ҳар сол фаъолияти худро бо фоида ҷамъбаст менамояд. Масалан, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ маблағи даромади Ҷамъият аз ҳисоби хизматрасонии шабакаҳои интиқоли барқ 696,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи молиявӣ 79,8 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 134,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Барори кори мо, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки ба кам шудани талафоти неруи барқ афзалият медиҳем. Барои мисол, дар нуҳ моҳи соли равон талафоти техникии неруи барқ дар зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ ҳамагӣ 3,143 дарсадро ташкил дод. Хотиррасон менамоям, ки то таҷдиди сохтори низоми энергетикии кишвар ин нишондод 5,6 дарсадро ташкил мекард.
Соли 2025 дар мо соли афзалиятнок дар масъалаи кам намудани талафоти энергияи барқ қабул гардид ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шуд. Дар асоси он, аз ҷониби зерсохторҳо тадбирҳои техникӣ, аз ҷумла мусоидгардонии ҷойҳои ҷудокунии хатҳои барқ, хомӯш намудани трансформаторҳои қудратии шиддати аввалиашон 110 ва 220 кВ, ки дар реҷаи камборӣ фаъолият мекарданд, дар хатҳои интиқоли барқи 110-220 кВ ба ноқилҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз намудани ноқилҳои сербор, муоинаи техникии ҳамаи нуқтаҳои баҳисобгирии энергияи барқ, баҳри сари вақт ошкор кардани нуқсонҳо дар системаи баҳисобгирии энергияи барқ ва бартараф сохтани онҳо ҳар моҳ дар як вақти муайяншуда гирифтани нишондодҳои ҳисобгиракҳои барқӣ дар 177 зеристгоҳи барқии 110-220-500 кВ ва тартиб додани тавозуни зеристгоҳҳои барқии баландшиддат гузаронда мешаванд.
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар сартосари ҷумҳурӣ сохтмон ва навсозии бисёр иншоот ба нақша гирифта шудааст ва бо бунёд гардидани онҳо, табиист, ки масъалаи афзун гаштани талабот бо барқ низ ба миён меояд.
Баҳри баланд бардоштани эътимоднокии кори шабакаҳои барқии системаи энергетикӣ, мунтазам бо барқ таъмин намудани истифодабарандагони соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, баланд бардоштани сифати неруи барқ дар шабакаҳои барқӣ дар давраи солҳои наздик амалисозии бунёди хатҳои нави интиқоли барқ ва таҷдиди иншооти мавҷудаи интиқоли барқро ба миён меорад. ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалӣ намудани лоиҳаҳои барои рушди минбаъдаи кишвар муҳим, дар солҳои наздик бо сохтмон ва таҷдиди як қатор иншооти нави соҳавӣ саҳми муносиби худро барои расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар мерасонад.


Мирзо МАҲМУДЗОДА,
директори генералии
ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ"