![]()
24-уми октябр ҳам дохил ва ҳам атрофи деҳаи Пушинг идро мемонд. Ҳама аз субҳи содиқ интизори меҳмони олиқадр буданд. Сокинони деҳа кӯчаҳоро тоза мекарданду дарахтонро об дода, ба тартиб меоварданд. Садои мусиқӣ аз ҳар канор ба гӯш мерасид.
Ман низ ҳамроҳ бо дигарон мунтазири дидори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будам. Мошинҳои гуногунтамғаи зебо аз роҳи назди хонаи мо мегузаштанд. Ҳама дастони худро баланд карда, бо шавқ салом доданд. Сарвари давлат низ даст аз мошин берун карда, ба мардуми ҷамъомада салом медоданд. Ин лаҳза рамзи он буд, ки миллати мо дар роҳи пешрафту ободӣ қадам мегузорад ва ҳар як сокин бояд ҳис кунад, ки қудуми Пешвои миллат ба маҳалаш ба рушди Ватан боис мешавад.
Дар доираи сафари Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара, дар деҳаи Пушинг якчанд иншооти замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Яке аз онҳо корхонаи парандапарварии ҶДММ “Парандаи Пушинг” мебошад, ки бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, ҷойҳои нави кориро фароҳам кард. Ҳамчунин, Сарвари давлат дар деҳаи Пушинг мавзеи нави саноатиро бо 3 корхонаи истеҳсолӣ ифтитоҳ намуданд.
Сафари Пешвои миллат ба деҳаи Пушинг танҳо як чорабинии расмӣ набуд, он руҳи нав, умеди нав ва ифтихорро ба қалби сокинон ҷой кард. Кӯчаҳои тоза, деворҳои сафедкардашуда ва чеҳраҳои пур аз табассум нишони муҳаббати самимии мардум ба Ватан ва Пешвои худ буд. Он рӯз ман эҳсос кардам, ки маънои воқеии ватандӯстӣ танҳо дар сухан нест, дар амалу меҳнат, дар пок нигоҳ доштани хона, кӯча, деҳа ва дар иродаи кор кардан барои фардои беҳтар аст. Он ки дар деҳот корхонаҳои нав месозанд, ҷавонон соҳиби ҷойи кор мешаванд ва занону духтарон имкони даромади мустақил меёбанд, далели равшани он аст, ки Тоҷикистон бо устувор рушд мекунад.
Ҳис кардам, ки он орзуи кӯдакиям – дидану салом кардан бо Пешвои миллат – бо роҳи дигар амалӣ шуд. Ман Ҷаноби Олиро на танҳо бо чашм, балки бо дилам дидам – дар корҳои анҷомшуда, дар табассуми мардум ва дар бунёди фардои шукуфо.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”