Баргашт Чоп кардан

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ТАНТАНАҲОИ ТОЛИБИЛМОНИ СУҒД

Имрӯз яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми ориёинажод – Меҳргон дар кишвари мо бо шукӯҳи хосса таҷлил мегардад. Ин Ҷашн, ки таърихи чандҳазорсола дорад, рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат, эҳтиром ба заҳмати кишоварзон ва пайванди инсон бо муҳити зист мебошад.
Хурсандиовар аст, ки бо мақсади эҳё ва рушду густариши суннатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳанги ориёӣ, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009, Ҷашни Меҳргон ҳамасола дар сартосари кишвар бо иштироки васеи мардум таҷлил мегардад.
Меҳргон иди тирамоҳ, иди ҳосилот ва фаровонист, ки гузаштагон онро дар рӯзи 16-уми меҳрмоҳ, ба вақти эътидоли тирамоҳӣ мутобиқ ба 22-юми октябр баргузор менамуданд. Дар ин рӯз мардум бо либоси идона ба сайругашт мебаромаданд, ба аёдати дӯстону наздикон мерафтанд ва дастархони идонаро бо меваҳои зардранг, хӯшаи гандум, лимӯ, себ, ангур, шакар, оина ва паллаи тарозу оро медоданд. Ин ҳама рамзҳои адолат, фаровонӣ ва ҳамдигарфаҳмиро таҷассум мекард.
Дар доираи таҷлили Ҷашни Меҳргон, бо ташаббуси раёсати маорифи вилояти Суғд ва муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру навоҳии вилоят чорабиниҳои идона баргузор гардида истодаанд, ки саҳми муассире дар боло бурдани маърифати фарҳангии хонандагон мегузорад. Чунончи дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-юми шаҳри Исфара бо иштироки омӯзгорону хонандагон бо барномаи фарҳангиву маърифатӣ Ҷашни Меҳргон таҷлил гардид. Омӯзгорон дар бораи таърихи Ҷашн ва нақши он дар тақвияти ҳувияти миллӣ баромад намуданд. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар МТМУ №20, бо ҷалби тарбиятгирандагони Маркази инкишофи кӯдак чорабинии идона баргузор шуда, шогирдон тавассути суруду рақс, саҳначаҳо ва намоиши корҳои эҷодӣ аз таърихи Ҷашни Меҳргон огаҳӣ пайдо карданд. Дар Панҷакенти бостонӣ хонандагон ба истиқболи ин Ҷашн озмунҳои гуногун, аз ҷумла намоиши маводи табиӣ, нозирони сабз, реферат ва расмкашӣ баргузор намуданд. Дар шаҳри Конибодом низ тантана дар МТМУ №3 бо чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Барномаи идона аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, дастархони Меҳргон ва барномаи фарҳангӣ иборат буд.
Имрӯз Ҷашни Меҳргон бо иқдоми давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як падидаи фарҳангии муҳими миллӣ табдил ёфтааст. Иқдоми муассисаҳои таълимӣ дар таҷлили бошукӯҳи ин Ҷашн дарак медиҳад, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст дар меҳвари сиёсати фарҳангии кишвар қарор дорад.

Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”