Баргашт Чоп кардан

ПАЙВАНДГАРИ ДУ ДИЁР

Сайидои шоир мефармояд: “Чун мураббӣ шуд падар, фарзанд қобил мешавад!” Воқеан ҳам, мураббиву роҳнамо шудани падар калиди дарҳои фардои рӯшани фарзандон аст. Қиссаи зиндагии пуршебу фароз, аммо ибратбахши Карим Очилов ин ҳикматро муҳри тасдиқ мезанад. Ӯ низ дар баробари омӯзгори фарзандони миллати хеш будан, ҳамзамон, мураббиву роҳбари фарзандонаш буд.
Карим Очилов дар ҳафтсолагӣ аз модар ятим монд. Баъди хатми мактаби ҳафтсола омӯзишгоҳи муаллимии шаҳри Истаравшанро хатм ва бо роҳхат ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (он замон вилояти Ғарм) фиристода шуд. Мавсуф дар қаламрави ноҳияҳои Нуробод, Файзобод ва шаҳри Роғун, аз ҷумла, деҳаҳои Луғур, Сарой, Фатҳобод ва Обшорон фаъолияти омӯзгорӣ дошт. То ҳол номи некашро бо эҳтиром ба забон меоранд. Ҳанӯз ҳам шумораи зиёди шогирдону парвардагони ӯ зиндаву саломатанд.
Ҳамин тавр, фаъолияти омӯзгории Очилов Карими ғончигӣ на дар зодгоҳ, балки дар як кӯҳистони собиқ вилояти Ғарм оғоз ёфт. Муаллими ҷавон он вақт фикр ҳам намекард, ки тақдир ӯро якумрӣ аз зодгоҳу падару пайвандон ҷудо кардаву бо мардуми ин диёр якумр пайваст намудааст, - нақл мекунад яке аз ҳамкорони ӯ Шодмон Назаров.
Мавсуф аз соли 1955 то солҳои навадуми асри ХХ ба рисолати худ содиқ монда, омӯзгориро дар деҳаҳои Гултеппа, Фатҳобод, Саройи ноҳияи Файзобод давом дод. Дар давоми ин солҳо дар вазифаҳои директор ва ҷонишини директор фаъолият намуд.
Шояд яке аз сабабҳои дар ин кӯҳистон зистану дигар ба зодгоҳаш барнагаштанаш ҳамин муҳаббати мардум ба омӯзгорони ҳамонвақта ва шавқи баланди саводомӯзии бачагони кӯҳистон буд. Аз як тараф ёду хумори зодгоҳ дили Карим Очиловро рабояд, аз тарафи дигар меҳри тозапайдои наврасони Файзобод чун оҳанрабо равонашро дар ин диёр нигаҳ медошт.
Кори ҳалол, масъулиятшиносии баланд, дониши фаровон, риояи ҷиддии меъёрҳои таълиму тарбияи насли нав, серталабӣ ба худу шогирдон ӯро дар байни мардум ва шогирдон, идораҳои маориф хеле шинохта ва обрӯманд гардонд. Баъди бознишастагӣ ҳам Очилов Карим робитаи худро бо мактаб наканд ва омӯзгорону кормандони зиёди соҳаро ёвару маслиҳатгар буд.
Дар баробари ин, Очилов Карим, дар давоми зиндагии пурбаракат ва ибратбахши худ, фарзандони номбардор ва некхислат, мутахассисони баландпояи замонро тарбия карда ба воя расонд, ки ҳар кадоми онҳо шоистаи таҳсину ифтихори ҳамдеҳагон, дӯстону ҳамкоронанд.
Аз ҷумла, фарзанди калонӣ Саид Каримов, собиқадори соҳа, Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон буда, дар коргоҳҳои гуногуни молиявию сохтмонии шаҳри Роғун чун муҳандис ва ҳисобдор фаъолият намудааст. Писари дигарӣ Алиҷон Очилов дар сохтмони НБО "Роғун" ширкат варзида, ҳамчун мутахассиси варзида ва роҳбари кордон ном баровардааст. Дар соли 2017 медали «Хидмати шоиста» гирифт. Дар баробари ин, соҳибкори муваффақ буда, аз меваҳои маҳаллӣ шарбат истеҳсол мекунад.
Азизҷон Очилов, писари севум, муҳандиси номдор буда, дорандаи Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бозмондагони ӯро ҳамчун созандагони НБО “Роғун” мардум ба ҷону дил эҳтиром менамоянд.
Алиҷон Очилов орзуи падарро, ки сохтани як чойхонаи зебо дар Обшорон буд, бароварда кард. Ҳоло ин чойхонаи миллӣ зеби ин русто буда, барои баргузории чорабиниҳои мардум, вохӯриву ҷаласаҳои деҳоти “30-солагии Истиқлол” ройгон истифода мешавад.
Пешниҳод мекардем, ки чойхонаи мазкур ба номи Карим Очилов гузошта шавад. Дар остонаи чоп ва тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ин амал сабаби дилгармии омӯзгорони ҷавон ва арҷгузорӣ ба ранҷи омӯзгорони гузашта хоҳад шуд.


Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”