Баргашт Чоп кардан

БОЗИҲОИ МАҶМУӢ


12 медали Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёии наврасон
Дар доираи 3-юм Бозиҳои осиёии наврасон дар Баҳрайн (22-31-уми октябр) мусобиқаҳои кураш, санъати муҳорибаҳои омехта (ММА), таеквондо, варзиши сабук, муайтай, пенсак-силат, триатлон ва теқбол ба анҷом расиданд.
Варзишгарони мо дар се намуди варзиш сазовори 12 медал – 2 тилло, 1 нуқра, 9 биринҷӣ – гаштанд. Дар риштаи ММА наврасони мо 9 медал гирифтанд. Файзиддин Халилов (55 кг), Умарҷони Умед (70 кг) медали тилло, Умар Шарифов (50 кг), Муҳаммад Саидзода (60 кг), Абубакр Баҳромов (75 кг), Осимӣ Бегмуродзода (60 кг), Мусо Иброҳимзода (80 кг), Меҳрона Қаландарбекова (55 кг), Марҳабо Бобоева (60 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар намуди таеквондо Ҷонибек Нигматов (+73 кг) сазовори медали нуқра, Абдуҷаъфари Баҳодур (-55 кг) сазовори медали биринҷӣ гаштанд. Як медали биринҷии дигарро, тавре хабар дода будем, Абубакр Тураев (-65 кг) дар кураш мушарраф шуд.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар ҷадвали ҳисоби медалҳо бо 12 медал дар ҷойи 16-ум мавқеъ дорад. Чин бо 89 медал (42 тилло, 33 нуқра, 14 биринҷӣ) дар мақоми аввал, Ӯзбекистон бо 30 медал (14-5-11) дар ҷойи дуюм, Тайланд бо 31 медал (13-12-6) дар зинаи сеюм қарор гирифтаанд.
Варзишгарони мо дар чор рӯзи оянда дар намудҳои бокс, ҷудо, гӯштии тарзи озоду юнонӣ-римӣ, бадминтон, шиноварӣ, ҷиуҷитсу барои ба даст овардани медалҳо талош мекунанд. Маросими пӯшидашавии Бозиҳо 31-уми октябр ба нақша гирифта шудааст.


«Регар-ТадАЗ» бо «Мурас Юнайтед»-и Қирғизистон мусовӣ бозӣ кард
Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар даври аввали марҳалаи гурӯҳии Лигаи даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2025/26 бо тими «Мурас Юнайтед»-и Қирғизистон мусовӣ бозӣ кард.
Дидори дастаҳо 25-уми октябр дар варзишгоҳи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуда, бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расид.
«Регар-ТадАЗ» дар даври дуюм рӯзи 28-уми октябр бо дастаи «Ал-Арабӣ»-и Кувайт, ки дар даври якум бо «Сафо»-и Лубнон мусовӣ (2:2) намуд, вомехӯрад.


САМБО
Собиқадорони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон 10 медал гирифтанд
24-26-уми октябр дар шаҳри Бухоро Чемпионати ҷаҳонии самбо миёни собиқадорон доир гашт, ки паҳлавонони тоҷик 10 медал ба даст оварданд.
Дар мусобиқа паҳлавонони синнашон аз 35 боло ширкат намуданд. Дар ҳайати Тоҷикистон Хайрулло Назриев (+98 кг) дар категорияи М6, Нодир Чоршанбиев (-88 кг) дар категорияи М5 медали тилло, Хушнуд Сафоев (-98 кг) дар категорияи М2 медали нуқра, Расул Ҳодизода (-71 кг), дар категорияи М7, Тиркаш Авғонов, Фарҳод Ризозода (-98 кг) дар категорияи М6, Шариф Қурбонов (+98 кг) дар категорияи М5, Муҳаммад Маҳмарасулов (-64 кг) дар категорияи М3, Замонҷон Умаров (-71 кг) дар категорияи М2, Алишер Ғарибшоев (-79 кг) дар категорияи М1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.


3 медали тиллои муштзанҳои ҷавони мо дар Қазоқистон
20-25-уми октябр дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон Мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотири дарёфти ҷоизаҳои чемпиони олимпӣ Серик Сапиев доир шуд.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дар мусобиқа варзишгарони 8 кишвар – Чехия, Муғулистон, Гурҷистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон иштирок доштанд.
Дар ҳайати тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Анӯшервон Сидиқов (44 кг), Фирӯз Бойматов (46 кг) ва Амрулло Гулов (52 кг) ба гирифтани медали тилло мушарраф шуданд. Дилшод Сиҷаев (44 кг), Беҳрӯз Охунов (54 кг) ва Суҳроб Тухсанбоев (66 кг) сазовори медалҳои биринҷӣ гаштанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”