Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка”, воқеъ дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон, ҳамасола дар таъмиру навсозии роҳҳои автомобилгарди шаҳраку маҳалҳои он, кӯчаву паскӯчаҳо корҳои шоёни таҳсин анҷом медиҳад. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ низ бо дастгирии корхона 6 километр роҳи шаҳрак аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Корхона барои таъмири роҳҳои шаҳрак беш аз 500 ҳазор сомонӣ ҷудо намуда, техника ва таҷҳизоташро низ барои мумфарш кардани роҳҳо сафарбар кард. Алҳол таъмири ҷории гардиши роҳи Хуҷанд – Истиқлол то даромади шаҳрак гузаронда шуда, мумфаршкунии роҳҳои дохили шаҳрак идома дорад. Инчунин, бо ташаббусу дастури роҳбари корхона 6 км лӯлаи обгузари фарсудашудаи деҳаи Қушмулло ва 5,4 км хатти оби Қашқасой, ки барои таъмини оби ошомидании аҳолии шаҳраки Консой нигаронда шудааст, навсозӣ гардид. Ҳамчунин, хатҳои оби дохили шаҳрак, ки солҳои зиёд рӯйи таъмирро надида буданд, иваз ва таъминоти об бамаротиб беҳтар шуд. Хатҳои обро ба дохили биноҳои маъмурии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, кӯдакистони “Уқобак”, беморхона ва дармонгоҳи шаҳрак расонданд. Дар маҷмуъ, “Апрелевка” барои харидории лӯлаҳои обгузари қутрашон аз 20 то 300 мм ва таъминоти оби ошомидании шаҳраки Консой беш аз 2 миллион сомонӣ харҷ намуд.
Ҳамзамон, корхона дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба мақомоти маҳаллӣ, қисмҳои низомӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва муассисаҳои маорифу тандурустӣ ба маблағи 900 ҳазор сомонӣ ёрӣ расондааст.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”