28-уми октябр муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин бо муовини директори минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) Анита Ҳирсч мулоқот кард.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону WFP мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз маркази матбуоти Вазорат иттилоъ доданд.
Сафари ҳамоҳангсози махсуси Осиёи Марказӣ – Италия ба Душанбе
27-уми октябр вохӯрии намояндагони мақомоти марбути кишвар бо ҳайати Италия таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози махсуси Осиёи Марказӣ – Италия Федерико Файла баргузор гашт.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба идомаи муколама дар қолаби С5+Италия мубодилаи афкор намуда, таъсиси шабакаҳои мубодилаи афкор ва таҷриба миёни кишварҳои минтақа ва Италия дар бахшҳои муҳими иқтисодӣ ва муқовимат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим муҳим арзёбӣ гардиданд.
Ҷаласаи минтақавии кумитаҳои миллии ҳамоҳангсози содагардонии расмиёти савдо
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи минтақавии кумитаҳои миллии ҳамоҳангсози содагардонии расмиёти савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
«Ин ҷаласа дар доираи лоиҳаи «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» бо иштироки роҳбарият ва аъзои кумитаҳои миллии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, бахши хусусӣ ва шарикони рушд доир гардид», – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Таҳияи Стратегияи рушди дарозмуддат бо сатҳи пасти партовҳои камкарбон
28-уми октябр дар шаҳри Душанбе бо мақсади оғози таҳияи Стратегияи рушди дарозмуддати сатҳи пасти партовҳои газҳои гулхонаӣ чорабинӣ баргузор гашт.
Стратегияи мазкур як санади калидӣ хоҳад шуд, ки афзалиятҳо ва чораҳои дарозмуддатро ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувори аз карбон бетарафро муайян мекунад.
Ҳадафи ин раванди стратегӣ таҳияи дурнамои камкарбон барои Тоҷикистон бо назардошти тағйирёбии иқлим ва дар дигар манбаъҳои муҳими рушд мебошад.
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои илму маориф
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо вазири маориф ва таҳсилоти олии Қатар, хонум Лулва бинти Рошид ал-Хотир ва директори генералии Фонди рушди Қатар Фаҳад Ҳамад ас-Сулайтӣ вохӯрд.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, аз ҷумла бунёди марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва сармоягузориҳои соҳаи энергетикаро ҳамчун соҳаи рушди устувор ба таври муфассал баррасӣ намуданд.
ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. Конфронси байналмилалӣ дар соҳаи илм
28-уми октябр дар Академияи миллии илмҳо бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Конфронси байналмилалии илмии «Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи илм: вазъият ва дурнамо» баргузор шуд.
Таъкид шуд, ки робитаҳои илмии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия решаҳои амиқи таърихӣ доранду рушди илму маориф омили муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии байни ду давлат мебошад.
Баррасии ҷузъиёти Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон
28-уми октябр дар шаҳри Душанбе масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ва рушду тавсеаи ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаи фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, ин масъалаҳо зимни вохӯрии вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Го Жиҷун матраҳ гардиданд.
Тақдими китобҳои бадеӣ ба толибилмони ноҳияи Шаҳрисабз
«Аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба устодону шогирдони ҳашт муассисаи таҳсилоти тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё китобҳои бадеӣ тақдим гашт», – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар маросими супурдани адабиёти бадеӣ сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва адибону хабарнигорон аз рӯзномаи «Овози тоҷик», зиёиёни шаҳри Тошкент ва вилояти Қашқадарё иштирок намуданд.