Баргашт Чоп кардан

ОБУ ИҚЛИМ. ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ БАШАРИЯТ


Дар ҷаҳони муосир истифодаи оқилонаи об яке аз омилҳои муҳими амният ва рушди устувори давлатҳо ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки кишвари мо дар партави сиёсати башардӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои муҳими глобалиеро доир ба масъалаҳои обу иқлим роҳандозӣ ва татбиқ менамояд, ки ба нафъи аҳли башар нигаронда шудаанд.
Тоҷикистон бо истифода аз минбари Созмони Милали Муттаҳид то имрӯз чандин ташаббусҳои муҳими байналмилалӣ пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор доранд. Ташаббусҳо ба густурдагии ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳалли дастҷамъии мушкилоти умумӣ ва беҳтар кардани дастрасӣ ба оби тоза дар миқёси олам равона гардидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ аз минбарҳои баланд, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, борҳо таъкид кардаанд: “Мо обро бояд ҳамчун манбаи сулҳу ҳамкорӣ, на василаи рақобат ва низоъ истифода барем. Тоҷикистон омода аст, ки минбаъд низ саҳми фаъолу созандаи худро дар рушди рӯзномаи глобалии об гузорад”.
Тавре мушоҳида мешавад, дар меҳвари паёмҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, асосан, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшоӣ, обшавии босуръати пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии аҳли башар қарор гирифтааст.
Имрӯз ин суханони Пешвои миллат: «Дар шароити тақвият ёфтани раванди гармшавии ҷаҳонии иқлим масъалаи аз меъёр зиёд об шудани пиряху қабатҳои барфи минтақаҳои ташаккули захираҳои об боиси нигаронии шадид мебошад” вирди забони онҳоест, ки кишвар ва мардумонашон аз оби тоза танқисӣ мекашанд.
Ҳамин натиҷаву кӯшишҳои Роҳбари давлат буд, ки 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Теъдоди зиёди ҳаммуаллифии қатъномаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.
Боиси ифтихор аст, ки 21-уми март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардид ва басо рамзӣ ва падидаи нек аст, зеро дар ин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, тамоми тоҷикзабонони ҷаҳон ва мардумони ҳавзаи Наврӯз Ҷашни байналмилалии Наврӯзи бостониро бо шукӯҳу ҷалол таҷлил менамоянд. Яъне, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид муайян шудани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо беҳикмат набуда, нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ба фарҳанги тоҷикон, махсусан ташаббусҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин иқдоми Созмони Милали Муттаҳид бори дигар нуфузи ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад.


Фирӯза ҒАФУРОВА, ноҳияи Рӯдакӣ