Тайи ҳазор сол фарзондони фарзонаи миллати тамаддунофари тоҷик аз хеш барои мо осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Ашъори Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил ва амсоли инҳо, бешак, чун ганҷи шойгон ба хазинаи тиллоии мероси маънавии башарият вориданду ба инсоният хизмат карда истодаанд. Миёни ин мероси гаронбаҳо бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод, ганҷинаи ҳикмату хирад «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мақому манзалати хос дорад.
Ба фармудаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила, таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонд ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт. Мавзуъҳои меҳварии ин шоҳасар: ситоиши донишу хирад, тарғиби ватанхоҳию ватандӯстӣ, тараннуми истиқлолу озодӣ, ташвиқи баробарии инсонҳо, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва адолату дод бар беадолативу бедодӣ баъд аз ҳазор сол дар рӯзгори имрӯзаи мо низ аз аҳамияти бузург бархӯрдоранд».
Оре, ин шоҳасар, дар ҳақиқат, яке аз шиносномаҳои миллат ба шумор меравад ва аз «Шоҳнома»-ҳои дигари қаблию ҳамзамону баъдияш аз ҷиҳати фарогирии мавзуъҳо, бадеият ва халқият хеле баланд меистад. Халқият гуфта, мо ба забону услуби асар, ки одӣ, фаҳмо, пуробуранг, таъсирбахшу диққатрабост, ишора менамоем.
Бешак, ҳар хонандаи тоҷик ба умқи афкору эҳсоси ҳакими ҳамосасаро ва қаҳрамононаш сарфаҳм меравад. Гӯё шоир ҳамзамони мосту бо забони имрӯзаи тоҷикӣ сухан мегӯяд. Бинед, ки чӣ тавр одӣ ва фаҳмост ин байт:
Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Маҳз ҳамин ба дили хонанда наздик будани сабку услуби шоҳасар онро мақбулу маҳбуби маънидӯстон гардондааст ва толибилми мактаб ҳам ба хубӣ медонад, ки устод чаро номи онро «Шоҳнома» гузоштааст. Дар асоси маълумоти муҳаққиқон, баъзеҳо бар ин назаранд, ки чун асар дар бораи саргузашти шоҳон ҳикоя мекунад, чунин ном гирифтааст. Дигарон мегӯянд: шоир асарашро бояд ба шоҳ тақдим менамуд, аз ин лиҳоз, онро чунин ном гузошт. Аммо асли мақсуд аз «Шоҳнома» ном ниҳодани шоир он аст, ки ин достон ба сифати беҳтарин нома, шоҳи номаҳо эътироф мегардад.
Дар ҳақиқат, чунин аст, зеро шоир барои таълифи ин дурри гаронбаҳо сию панҷ сол заҳмат кашидааст ва ба қавле, сию панҷ сол сухане бар сухане зам ва қатраҳои хуни ҷигарро кам кардааст. Дар ин асари пурғунҷоиш, фарогири кулли масъалаҳои ҳаёту мамот шоири ба маънои томаш бузург Абулқосим Фирдавсӣ қаҳрамонию бузургии миллати ориёиро нишон додааст.
Маҳз ҳамин ҷиҳатҳост, ки шоҳасари ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба бисёр забонҳои дунё тарҷима шуда, мухлисони бешумор дорад ва намояндагони халқу миллатҳои гуногун аз он ғизои маънавӣ гирифта, бо таъриху фарҳанги миллати мо ошно мешаванд.
Фарзандони донишдӯсту худшинос ва ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиашон баланди тоҷик аз аввали арзи вуҷуд намудани ин асари бузург қадру қимати онро дониста, «Шоҳнома»-хонӣ мекарданд. Исми симоҳои барҷастаи «Шоҳнома»-ро ба фарзандон мемонданду мемонанд ва хушбахтона, Рустамҳои замон Рустамвор зиндагӣ ва кор карда, номбардори қаҳрамонону падарон ва гузаштагонанд ва бо пандҳои ҳаким Фирдавсӣ ба роҳи рост равонанду бунёдкорӣ ва созандагӣ намуда, дар адолатпарварию инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ намунаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳандозӣ намудани иқдомҳои наҷибу ҷавонмардона – тақдими асарҳои мондагори Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» мехоҳанд, ки фарзандони мо бомаърифату худогоҳ, ватандӯсту комёбу сарфароз бошанд, то дар раванди ҷаҳонишавию томгароӣ, ки аз байн рафтани давлатҳо, миллатҳо, забону фарҳангҳоро дар пай дорад, Тоҷикистони азизамонро ба давлати пешрафтаю обод табдил диҳанд.
Субҳон ЁДГОРӢ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, омӯзгори МТМУ №18-и шаҳри Исфара