Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ. ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ


Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати “дарҳои кушода” бо наздик ба 130 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратию иқтисодӣ дошта, ба 59 давлати дунё маҳсулоти саноатию кишоварзӣ содирот менамояд. Дар заминаи роҳандозии тадбирҳои зарурӣ ва муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ ҳамасола талаботи хориҷиён ба маҳсулоти саноатию кишоварзии Тоҷикистон бештар мегардад.


Мавриди зикр аст, ки Русия яке аз шарикони муҳими тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар даҳсолаи охир муносибатҳои иқтисодии ду давлат марҳалаи нави рушдро таҷриба мекунад. Тибқи омор, Русия мақоми аввалро миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон нигоҳ дошта, афзоиши сармоягузорӣ, густариши истеҳсоли муштарак ва маҳаллигардонии маҳсулот заминаи рушди стратегӣ барои тиҷорати дуҷонибаро фароҳам меорад. Рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ, саноати дорусозӣ, инфрасохтори шаҳрӣ, татбиқи ташаббусҳои “Шаҳри ҳушманд” ва “Шаҳри бехатар” самтҳои афзалиятнок арзёбӣ шудаанд.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 лоиҳа бо иштироки Русия амалӣ мешавад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ аз 100 миллиард рубли русӣ бештар аст. Яъне, Русия дуюмин сармоягузори бузургтарин пас аз Чин мебошад.
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ҷиҳати афзоиши маҳсулоти саноативу кишоварзӣ низ вусъат меёбад. Сафари давлатии Президенти Русия ба Тоҷикистон дар ин самт дорои аҳамияти бузург мебошад, зеро он метавонад имкониятҳои навро барои густариши робитаҳои иқтисодӣ миёни ду давлат фароҳам оварад ва ҳамкориҳоро дар соҳаҳои истеҳсоливу сармоягузорӣ тақвият бахшад.
Тавре Ҷамшед Салихов, коршиноси масоили иқтисодӣ, дар суҳбат гуфт:
– Имрӯз 83 субъекти Федератсияи Русия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои густурдаи иқтисодиву иҷтимоӣ дорад ва дар кишвари мо беш аз 300 корхонаи муштарак бо сармоягузории Русия фаъол аст. Маврид ба зикр аст, ки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмӣ – техникӣ нақши калидӣ дорад. Дар ин самт Комиссия созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ то соли 2027-ро ба имзо расондааст, ки лоиҳаҳоро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, маориф ва фарҳанг дар бар мегирад. Дар маҷмуъ, ташрифи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми октябри соли 2025, ба имзои 16 санади нави ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ ва миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Русия боис гашт. Муҳимтарини онҳо изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия дар бораи таъмини муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия ба шумор меравад. Умед аст, ки натиҷаи мулоқоту музокироти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба рушди ҳамкории минбаъдаи онҳо такони нав бахшида, дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва барои уфуқҳои нави ҳамёрӣ заминаҳои воқеӣ хоҳад гузошт.


Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”